Нигоҳи аввал, табассуми аввал, сухани аввал, мақсади аввал, нақшаи аввал, қадами аввал ва амали аввал бояд рост, самимӣ ва нек бошанд.

Бе хотирнишон кардан ҳам сонияҳо дақиқаҳоро, дақиқаҳо соатҳоро, соатҳо рӯзҳоро, рӯзҳо ҳафтаҳоро, ҳафтаҳо моҳҳоро ва моҳҳо солҳоро ба пеш ҳаракат медиҳанд. Дар ин миён монанди рақамҳои ин ҳама ченакҳои вақт дигар рақамҳо низ ба пеш ҳаракат мекунанд. Онҳо рӯз аз рӯз зиёд мегарданд. Аз ҷумла, шумораи бастани ақди никоҳ ва ҷудошавии оилаҳо.

Рӯзҳои охир, намедонам чӣ дарде маро ҳамроҳ шудааст, ки бо шунидани хабари хонадор шудани нафаре ба ҷойи хурсанд шудан диламро ноумедӣ ва сиёҳие фишор медиҳад. Шояд ин навмедӣ ва сиёҳӣ аз зиёд шунидани пошхӯрии оилаҳо, бахусус оилаҳои ҷавон бошад, вале бовар кунед, сабаби аслиашро намедонам.

Имрӯз ман ба “юбилей” ё аниқтараш, “юбилей”-ҳои як бобову бибиям, ки хонаашон аз марказ хеле дур аст, даъватиам. Ин маърака рафтанам танҳо ба хотирест, ки фикрҳои рӯзҳои охир мекардаамро аз худам дур кунам ва ба фардои насли нав зиёдтар бовар дошта бошам. Шояд пурсед, ки он “юбилей”-ҳо чӣ вижагие доранд, ки калимаҳои болоиро тасдиқ мекунанд? Ман бошам, танҳо гуфтанӣ ҳастам, ки бо боварии комил ба он ҷо меравам.

Амаки ошпаз дар ҳавлии калон ва барҳавои бобои Саъдулло ва бибии Хадича ошро дам партофт. Мардуми деҳа як-яку ду-ду аз паси ҳамдигар ба ҳавлӣ меомаданд. Ҳамаи меҳмонҳои омода табъи хуш доштанд. Зеро имрӯз ду “юбилей” буд. Якум, 70-умин солгарди тавлид ва дуввум, 50-умин солгарди издивоҷи пиру кампир.

Ман ба шумо пиру кампирро шинос мекунам: Бобои Саъдулло ва бибии Хадича ҳарду 70-солӣ доранд ва 50 сол боз дар як болишт сар мемонанд. Дар ним асри бо ҳам будан ҷангу якдигарнофаҳмӣ як тараф, балки ягон маротиба гапи якдигарро ду накардаанд. Ин ду нафар ба ин халқу давлат 13 фарзанд, 8 писару 5 духтари маълумоти олидор ва ботарбияву хушахлоқро доданд. Кампири Хадича дар вохӯриҳои қаблиамон гуфта буд, ки ибораҳои “ҷанги заношӯйӣ”, “ногапии арӯсу домод”, “мушкилии ҳалнашаванда”… барояш бегона ҳастанд. Бобои Саъдулло бошад, ҳамагӣ чанд моҳ қабл ба ман бо ханда гуфта буд, ки “мардӣ дар додгӯйиву хархаша бардоштан нест”. Ва бояд тазаккур диҳам, ки ҳар вақте сухан дар бораи оилаву оиладорӣ равад, ҳамагон бо ҳавас ба ин пиру кампир нигариста, онҳоро барои пиру барнои деҳа намунаи ибрат нишон медиҳанд.

Мардум ошро хӯрданд. Чояшонро нӯшиданд. Акнун навбати гуфтани сабаби хушбахтӣ ва якдигарфаҳмии 50-сола аст.

Бобои Саъдулло нафасашро рост карда, ба сухан гуфтан оғоз кард:

– Аҳли деҳа, хуш омадед ба кулбаи хоксоронаи мо! Мувофиқи ваъдаҳо бояд чанд ҷумлае дар бораи худаму кампирам ба шумо бигӯям, ки хушбахтона, ҳоло вақташ расидаасту мегӯям.

Ҳамагон гӯшбақимор шуданд.

– Азизонам, сабабҳои хушбахтӣ ва боқувват будани риштаи никоҳ ва муҳаббати ману кампирам Хадичабону зиёданд, вале ман ба шумо чандтои асосиашро мегӯям.

Якум, ҳамчуноне ки ҳоло волидони азизи мо оиладор кардани фарзандонашонро дарди сар ё мушкили рақами як мепиндоранду бо қарзу қаволаи хеле зиёд тӯй барпо мекунанд, дар замони мо ин гуна набуд. Яъне оиладор кардани фарзанд – ин бори азимеро аз сар соқит кардан гуфтанӣ гап набуд, балки солҳои пеш оиладоркунии фарзандро як амали муқаддас ва савоб дониста, онро ҳеҷ гоҳ бо норозигӣ ва қарзҳои зиёд барпо намекарданд.

Дуввум, ману Хадичабону барои зебоӣ, дороӣ ва гапи мардум ба ҳамдигар оиладор нашудем, балки ин хонадорӣ танҳо ва танҳо ба хости Худо ва таппишҳои зиёди диламон буд. Мо ҳамдигарамонро дӯст медоштем.

Саввум, мо ҳардуямон дар колхоз картошка мечидем ва чи гунае, ки будем, ҳамон гуна якдигарамонро қабул кардему нағз дидем.

Чаҳорум, мо чи гунае, ки пеш аз оиладоршавиамон будем, пас аз он ҳам ҳамон тавр мондем.

Панҷум, ман монанди домодҳои имрӯза танҳо як моҳи аввали баъди тӯй хусуру хушдоманамро тағоҷону холаҷон нагуфтам, балки то охирин нафасҳояшон як намуд рафтору гуфтор доштам. Дар ин баробар, кампирам ҳам аз ман камӣ надошт.

Шашум, ману Хадичабону қадамҳои аввалинамонро бо дурӯғ ва фиреб нагузоштем. Зиндагиамонро бо дурӯғ бунёд накардем.

Ҳафтум, ҳеҷ гоҳ фикр накардаам, ки ман мард ҳастам ва бояд ҳама кори хона бо иҷозати ман шавад ва вазифаи ҳамсари ман танҳо ҷомашӯиву хӯрокпазӣ аст, балки бе чопи китобҳои зиёду барномаву мақолаҳои башумор, ки ҳамагӣ дар бораи баробарҳуқуқии зану мард мегӯянд, баробар будем.

Ҳаштум, ману…- бобои Саъдулло банди дигарро гуфтанӣ буд, ки касе аз кунҷи рости хона гуфт:

– Бибии Хадича, Шумо ҳам ягон гап гӯед.

Кампири Хадича рӯймолашро ба пеш кашида, гуфт:

– Ман чӣ ҳам мегуфтам, ману падари кӯдакҳо якдигарамонро дӯст дошта оиладор шудем, якдигарамонро дӯст дошта зиндагӣ кардем ва боварӣ дорам, ки якдигарамонро дӯст дошта аз дунё меравем.

Садои азони муаззин баланд шуд. Пиру кампир аз ҷояшон хестанд. Овози кампири Хадича баромад:

– Меҳмонони азиз, бахшиши зиёд! Ҳар хоҳише, ки дошта бошед, дар ин ҷо келинҳо ҳастанд. Ман барои мӯйсафед оби таҳорат гирам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь