“…Ва хештанро макушед. Ба дурустӣ ки Худо ба шумо меҳрубон аст.

Қуръон, сураи Нисо, ояти 29

Аслан дар ин мавзӯъ чизе гуфтан мушкил аст, чун агар ҳадаф баргардонидани инсонҳоест, ки даст ба худкушӣ задаанд, корест номумкин, аммо метавон онҳое, ки ҳоло аз хок берунанд ва дар фикри қатли нафси хештан мебошанд нигоҳашонро тағйир дод. Амали худкушӣ дар ҳоли ҳозир дар кишвар ба маротиб афзудааст ва ҳеҷ кас наметавонад роҳи ҳалли онро гӯяд ва аз ин зуҳуроти номатлуби даҳшатнок пешгирӣ кунад. Агар ба омори семоҳаи худкушиҳои соли ҷорӣ назар кунед, ба ҷиддӣ будани мушкилот таваҷҷуҳ хоҳед кард. Вақтҳои охир онҳое, ки даст ба худкушӣ мезананд, фарзандонро низ бо худ ё ба дарё меандозанд, ё ба дор мекашанд, умуман, намехоҳанд танҳо ба он дунё раванд. Далели ин нигаронӣ аз ояндаи фарзандон аст, ё интиқоми содалавҳона? Боз ҳам касе намедонад, аммо ҳадс задан мумкин, ки касони даст ба худкушӣ зада хеле содалавҳ ва дар айни ҳол хеле хатарноканд.

Ислом ба ҳеҷ вақҳ худкуширо дар дилхоҳ ҳолат ҳаром хонда аз гуноҳони кабира медонад. Ҳатто касе ҳуқуқ надорад, ки маргро орзу ё талаб кунад ва агар ба он ҳад зураш омад, бояд бигӯяд, ки Худоё, агар умр бароям беҳтар аст, маро зинда нигоҳ бидор ва агар марг бароям нек аст, пас ҷонамро гир.

Омилҳои худкушӣ дар ҷомеа гуногунанд, аммо асосиҳояш ин таҷовуз ба номус барои духтарон, мавриди озору азият ва шиканҷа қарор гирифтан, муноқишаҳои оилавӣ барои арӯсон, хиёнати хонаводагӣ, қарзи гарон, фақру нодорӣ, бемориву барҷомондагӣ ва майзадагиву истифодаи маводи мухаддир будаанд.

Албатта, худкушӣ ин роҳи ҳалли мушкилоти зикршуда нест, ки шахси худкуш гумон дорад, қатли нафс роҳи ҳалли кор аст. Аммо мутаассифона худкушонро азоби шадид дар он дунё интизор мебошад. Паёмбар (с) фармудаанд, ки ҳар нафаре худашро бо корди тез мекушад, дар оташи ҷаҳаннам бо он азоб дода мешавад. Ва ҳамчунин ҳар касе худро аз кӯҳе мепартояд, дар оташи ҷаҳаннам чунин азоб мекашад. Касе заҳр нӯшида худро мекушад, дар ҷаҳаннам бо қадаҳи заҳр ҷазои вазнинеро мебинад.

Мардумро аз ҳолати ноумедиҳо бояд баровард ва собир будан дар ҳар мушкилотро тарғиб намуд ва набояд аз онҳо ҳаросид, зеро паси ҳар душворӣ осоние ҳаст.

Нуралӣ Карим

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here