Чаро номи Тоҷикистон дар меҳвари сиёсатҳои ҷаҳон ва расонаҳои муътабари хабарӣ қарор гирифт?

Хаста нашудед? Пеш аз оғози нишасти матбуотӣ Пешвои миллат аз рӯзномаигорон ҳамин суолро кард. Зоҳиран худашон ҳам 3 рӯз ба қавле “ба пой рост буданд”. Мо рӯзноманигорон низ ҷавоб додем, ки хаста нестем, чун вазифаи ҷонии мо аст, ки  иҷлосияҳои муҳимро тарғиб намоем ва сари вақт ба мардум расонем. Омодагӣ ба ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ дар сатҳи хеле олӣ омода шуда буд. 500 рӯзноманигори ватаниву хориҷӣ иштирок доштанд. Таваҷҷуҳ ба ҳамкасбони хориҷии мо хеле зиёд буд ва бахусус аз туҳфаҳои махсуси Пешвои миллат хеле изҳори миннатдорӣ мекарданд. Як хубӣ дошт иҷлосия, ки тамоми рӯзноманигорони расонаҳои хусусиву давлатиро даъват карданд. Зеро, ҳамкасбони мо аз кишварҳои ҳамсоя ҳар замоне мегуфтанд мо ҳеҷ интизор надоштем, ки Тоҷикистон чунин теъдоди зиёд ВАО дорад.

Душанбе ин дафъа мавриди таваҷҷуҳи зиёди расонаҳои муътабари байналмилалӣ низ қарор дошт. Ҳатто чашми бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ба ин хотир ба шаҳри Душанбе дӯхта шуда буд, то бубинанд аъзои ин созмон дар масъалаи Афғонистон нисбат ба ҳукумати Толибон чӣ тасмиме мегиранд. Дар ин шабу рӯз сухани таъсирбахши як шахсияти муҳими сиёсӣ Эмомалӣ Раҳмон барои ҳама хеле зарур буд. Вале яку якбора дар рӯзи охир тасмими Владимир Путин ва Си Цзиньпин, яъне наомадани онҳо ба Душанбе низ баҳсҳои зиёдеро ба вуҷуд овард. Ба далели афзоиши рақобату андешаҳои мухолиф миёни қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, монанди ИМА ва Чин, ИМА ва Русия, Чин ва Ҳинд, Эрон ва ИМА, Покистон ва Ҳинд ҳамоно пурбаҳсанд. Аз ин нигоҳ раёсати роҳбарии Тоҷикистон дар ин созмон, анҷоми ройзанӣ ва ҳамоҳангиҳои дипломатии аз чашми умум пинҳон ва раванди омодагӣ ба нишасти сарон ва баргузории муваффақиятомези он бидуни муболиға кори бисёр сахте буд, ки хушбахтона Тоҷикистон бо сарбаландӣ аз уҳдаи иҷрои он баромад. То чанде пеш баъзе аз кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, ки узви СҲШ ҳастанд, тақрибан аз дубора ба қудрат расидани Толибон истиқбол карда буданд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ё ба сурати ошкор ва ё бо баёни дипломатӣ ба зарурати барқарории тамосҳо бо Толибон ишора менамуданд. Фақат Тоҷикистон буд, ки ҳарфу амали яксон дошт. Яъне модоме Толибон дар феҳристи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ қарор дорад, иртиботу тамос бо он ҷоиз ва қобили қабул нест. Барои дигарон на мавқеъгирии усулӣ, балки манфиатҳои эшон бештар муҳим буд. Ҳатто баъзе аз сиёсатмадорону таҳлилгарони баъзе аз кишварҳои ба истилоҳ дӯст ва шарики стратегии мо, аз чунин мавқеъгирии Душанбе хеле нороҳат буданд ва мехостанд онро сирфан ба ҳимоят аз тоҷикони Афғонистон марбут донанд. Бо пуррӯии ба худашон хос пешбинӣ мекарданд, ки “бозигарии мустақили Тоҷикистон дар масъалаи Афғонистон ба ҷое нахоҳад расид”. Аммо иҷлосияи сарони СҲШ ва нишасти муштараки СҲШ ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баръакси инро нишон дод.

Тақрибан ҳамаи сарони кишварҳо ба қобили қабул набудани ҳукумати якқавмӣ ва тааллуқ доштан ба як гуруҳи хоси сиёсӣ дар Афғонистон таъкид карданд ва хостори ташкили ҳукумати фарогири миллӣ ва мунтахаби мардуми ин кишвар шуданд.

Ин дастоварди каме нест, бахусус бо таваҷҷуҳ ба он, ки то чанде пеш баъзе аз ин кишварҳо аз зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон аслан гап намезаданд. Аз ин назар мавқеъгирии қотеонаи Пешвои миллат дар масъалаи Афғонистон ва сарнавишти ояндаи мардуми он яке аз тасмимҳои хеле муҳим, ки натиҷаи он таъмини сулҳу оромиш дар Афғонистон хоҳад буд, аз ҷониби давлатҳои абарқудрат ҳатто дастгирӣ ёфт. Дар тасдиқи назари худ мехоҳам аз суханони Имрон Хон, сарвазири Покистон ёд кунам, ки рӯзи гузашта дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки пас аз нишаст бо ҳамсояҳои Афғонистон дар Душанбе, бахусус пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ройзаниҳоеро бо Толибон дар мавриди як ҳукумати фарогир, ки дар он тоҷикҳо, ҳазораҳо ва ӯзбекҳо шомил бошанд, оғоз кардааст. Ҳамчунин имрӯз боз навишт, ки ба Толибон паёмҳои Президентамонро расонидааст. Аммо Покистон дар ҳама масъала содиқона рафтор мекунад ё не, инро андеша кардан лозим.

Вале умед аст, ҳамин ки нахуствазири он пас аз дидор бо Президенти мо аз зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон суҳбат мекунад, фикр мекунам худ натиҷаи каме нест.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here