Сокинони як деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ ҳам аз беобӣ азоб мекашанд, ҳам аз об.

Як гуруҳ сокинони Деҳаи болои ноҳияи Рӯдакӣ ба мо шикоят аз он карданд, ки онҳо дар масъалаи дастрасӣ ба оби ошомиданӣ мушкил доранд. Гуфта мешавад, ки дар ин деҳа беш аз 75 оила зидагӣ мекунанд ва бо омадани фасли зимистон мушкилоташон даҳчанд меафзояд.

Сокинони ин деҳаро ҳамчунин вазъи ғайрисанитарӣ-гигиении деҳаашон ба ташвиш овардааст. Ба гуфтаи онҳо, деҳа бо шабакаи обътаминкунӣ фаро гирифта нашудааст ва онҳо обро аслан аз бӯстонсароҳои мансабдорону генералҳо ва онҳое мегиранд, ки барои худашон об баровардаанду дар ин деҳа зиндагӣ доранд. Аммо ин роҳи ҳал нест. Зеро:

— Онҳо на ҳамеша дар бӯстонсаро зиндагӣ мекунанд ва агар нигоҳбонҳои

хонаашон ба ҳоли мо раҳм карда, “шланг”-ро берун монанд, мо об мегирем.

— Пештар мо об доштем, вале ин ҷо нафароне, ки нигаҳдорандаи об (карер) сохтаанд, тавонистанд обро маҳкам кунанд ва бо ҳамин садои оби пурталотуми дарёи Кофарниҳон гум шуд. Ҳоло он пур аз тамоми

ифлосиҳост. Ин об воқеан барои нӯшидан пешбинӣ нашудааст, вале мо

маҷбурем аз он истифода барем. Дуруст, дар тобистон бо тарси зиёд ин

обро менӯшем ва метарсем, ки кӯдакон ба бемориҳои гузаранда

гирифтор нашаванд.

Мушкили ишорашуда ба сокинони деҳаҳои дигар ҳам марбут аст, аммо онҳо роҳи ҳалро дар харидорӣ намудани об пайдо кардаанд. Сокинони ин маҳалла мегӯянд, ки «зӯри мо барои обхарӣ намерасад, ҳар рӯз аз куҷо 150 сомонӣ пайдо мекунем? Масъулини ноҳия бошанд, вақте ин масъаларо пешорӯяшон мегузорем, мегӯянд, ки “проблема доред, равед дар ягон ҷойи обод зиндагӣ кунед”. Ҳол он ки, барои зист онҳо ё роҳбарони пешин иҷозат додаанд. Ба ғайр аз ин, дар ҷои ободтар зӯри

мо барои харидани хона намерасад”.

Яке аз сокинон зимни суҳбат бо мо гуфт: «Ҳамеша як баҳона пеш меоранд, ки ҷойи шумо хатарнок асту сел омаданаш мумкин. Мо як чоҳ доштем. Аз он ҷо об мекашонидем. Вазъият то андозае хуб буд. Ҳоло ба “шарофат”-и ҳамин ҷамъкунандаи об (карерҳо) чоҳи мо хушк шуд. Пули обро аз мо мегиранд, вале об нест. Маблағи пардохти барқро медиҳем, вале агар барқ надошта бошем, мегӯянд, ки “як бало карда худатон соз кунед”. Бемористон надорем, мактаб надорем. Кадом мушкилро

гӯям, намедонам. Ин мавзеи мо маҳз бо ҷурми фурӯши замин ва дигар

корҳои ғайриқонунӣ сари чанд тан аз мансабдоронро хӯрдааст. Онҳое, ки обро бастаанд, заводи хишту чандин корхонаҳои дигар сохтаанд. Чанд маротиба бо онҳо суҳбат кардем, мегӯянд, ки “мо одамҳои боло”, шумо, агар оби дарёро бепул истифода мекунед, мо ҳар моҳ ба давлат 20 ҳазор сомонӣ андоз месупорем. Барои мо фарқе надорад, экология вайрон мешавад, ё шумо беобед. Ҳама чиро дар шароити имрӯза пул ҳал мекунад”.

Сокинони ин минтақа ҳамчунин иддао пеш меоранд, ки дар фасли

зимистон як кӯдаки 5-сола дар даруни дарё заду ях кард, вале касе ба ӯ

кумак карда натавонист ва кӯдак ҷон ба ҷонофарин супорид: “Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаро даъват кардем, ҳатто аз дохил шудан ба об тарсиданд. Онҳо ягон лавозимоти техникӣ ҳам бо худ надоштанд. Бо як азоб пас аз 5 соат бо кумаки мардум кӯдаки ғӯрамаргро аз об баровардем. Аммо мебинем, ки гӯё онҳо доимо ифтихорномаву сипосномаҳо мегиранд. То куҷо арзадаанд?”.

Воқеан, бори аввал нест, ки мушкили об дар расонаҳо навишта мешавад, аммо роҳи ҳал пайдо намекунад. Обе, ки аз як ҷиҳат мушкилро ҳал мекунад ва аз сӯи дигар дар ин деҳа мушкил эҷод мекунад.

Фикр мекунед, ин муаммо роҳи ҳал надорад?

Агар ҳаст, чист?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here