Муаммо ва шикояти фалаксароёни Бадахшон чанд масъаларо маълум кард.

Мавзуъ аз он ҷо бархост, ки як гуруҳи фалаксароёни Бадахшон ба мо дар бораи роҳ наёфтанашон дар пардаи шабакаҳои телевизионӣ ва консертҳои ҳукуматӣ шикоят оварданд. Ба гуфтаи онҳо, солҳои пеш қариб дар ҳамаи чорабиниҳои сатҳи баланди ҳукуматӣ, ки Пешвои миллат иштирок мекарданд, онҳо даъват мешуданд, ҳоло бошад, чунин нест. Ин ҳам дар ҳоле, ки 16-уми ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд, ки ин аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон барои рушди ин жанр далолат медиҳад.

Ба гуфтаи овозхонҳо, Пешвои миллат аз ҷумла ба ҳунари фалаксароёни бадахшонӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва онҳоро қадрдонӣ мекунанд. Вале ҳунармандон ба ин саволашон посух дарёфтанианд, ки онҳоро кӣ ва барои кадом “гуноҳ”-ашон ба “рӯйхати сиёҳ” ворид кардааст?

– Мо фаъолият дорем, аммо барои маблағ шуда, дар тӯйҳо иштирок намекунем. Охир, фалак нозукиҳои худро дорад. Он аз бахши созию овозӣ иборат аст. Бахши созӣ мусиқии холис буда, овозӣ бо суруд, яъне рубоӣ иҷро карда мешавад. Таърихан, агар назар афканем, фалак ду макони асосӣ дорад: Кӯлобу Бадахшон. Маҳз барои ҳамин фалаки кӯлобиву бадахшонӣ мегӯянд. Мо барои ҳифз шудани он қариб ройгон ҷон меканем, аммо чаро ақаллан садои моро пахш намекунанд? Ҳатто дар шабакаҳои телевизионӣ, аз ҷумла шабакаи мусиқии “Шаҳнавоз” сабтҳои моро намегузоранд. Масалан, суруду клипҳои аксари сарояндаҳоро аз бойгонии солҳои 70 нишон медиҳанд, аммо чаро барои сурудҳои 10-сола пеши мо ҷой намеёбанд? Ҳоло, ки мо зиндаем, ёд намекунанд, аз дунё равем, бо ин санъати асили анъанавӣ чӣ хоҳад шуд?,- шикоят доранд ин овозхонҳо.

Баррасии шикояти ин ҳунармандонро ба гӯши масъулин расонидем. Бахтовари Сайфулло – директори шабакаи “Шаҳнавоз” дар суҳбат бо мо норозигии фалаксароёни бадахшониро “як гапи хушку холӣ” номид: «Марҳамат, ба шабакаи мо биёянд. Мо тамоми техникаву технологияи навро дорем, то ки дар худи студия онҳоро сабт намоем. Шахсан ба назди ман касе наомадааст ва ноумед ҳам нарафтааст. Сурудҳои бойгониро бисёрии вақт аз набудани сурудҳои зинда дар студия ва барои пур кардани эфир маҷбур мемонем. Аммо аз фалаксароёни бадахшонӣ то имрӯз касе барои сабт ба мо муроҷиат накардааст».

Ба ин посух овозхонҳо бо саволи дигар ҷавоб медиҳанд:

– Пас чаро бойгонии сабти 10-солаи моро намеёбанд? Мо низ дар баробари дигар сарояндаҳо беш аз 30 сол кор мекунем. Аммо баъзе сарояндаҳоро баъзан чандин маротиба дар як рӯз пахш мекунанду моро не.

Мардум низ, он тавре мушоҳида мекунем, ба ин жанри мусиқӣ дилбастагӣ доранд ва таърихи онро ҳам хуб медонанд. Зеро он ифодагари розу ниёз асту бештар маънои фалсафӣ дорад. Аз ҳамин ҷост, ки фалаксароёни маъруфи кишвар Давлатманд Холов, Дона Баҳромов, марҳум Одина Ҳошим, Моҷон Назардодова, Гулчеҳра Содиқова, Ҳошими Қосим, Акашариф Ҷӯраев, Соҳиба Давлатшоева ва дигарон маҳбубияти хос доранд ва онҳоро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон хуб мепазиранд.

Зимнан, яке аз мусиқишиносон дар бораи махсусиятҳои Фалак дар суҳбат бо мо гуфт:

– Ин навъи мусиқиро ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад “мудерн” кунад. Он қадимӣ аст ва бояд ҳамон тавр ҳифз шавад. Фалак як равия, як мактаби хос асту маҳорати хос ва ҳунарро талаб мекунад: онро фақат зинда бояд хонд! Аз ин хотир ҳар кас хонда наметавонад. Албатта хониши фалаки бадахшӣ аз хатлонӣ тафовут дорад, аммо ҳардуи ин навъро дар як гуруҳ метавон ҷамъ кард, аз ҷумла барои ҳамдилӣ. Барои ҳамин, хуб мебуд хунармандони бадахшонӣ гуруҳи фалаксароии худро дар пойтахт таъсис диҳанд. Мутаассифона теъдоди фалаксароёни бадахшонӣ хеле кам аст. Чанд ҷавонашро медонам, ки ҳатто дар тарабхонаи “Помир” ҳунарнамоӣ мекунанд. Агар онҳо ҷои муносиби кор медоштанд, магар ба ин кор – овозхонӣ дар тарабхона машғул мегардиданд? Боз мегӯям, фалакро на ҳар кас сароида метавонад!

Носир Сафаров – роҳбари бадеии ансамбли давлатии “Фалак”-и Кумитаи телевизион ва радио ба суоли мо як навъ бо тамасхур ҷавоб дод:

– Кӣ мегӯяд фалаки Бадахшон дар мо нест? Шуҳрат Сайнаков бо гуруҳи ҳамшаҳриҳояш ҳамкори мост-ку. Агар дигарҳо ҳам ҳунар дошта бошанд, марҳамат, майдон аз далер аст. Аз дасти ман чӣ меояд, хоҳар?

Маълум гардид, ки шикояти овозхонҳои бадахшонӣ то андозае ҷо дорад ва аз чанд масъала иборат аст. Аз ҷумла, кам будани овозхонҳо барои фалаксароии бадахшонӣ ва набудани як дастаи хос дар пойтахт. Пешвои миллат ин ҳунарҳоро маҳз барои нодир буданашон мехоҳанд ҳифз намоянд. Барои ҳамин дар Кӯлобу Хуҷанду Хоруғ дастаҳои фалаксароӣ таъсис доданд. Ҳамчуноне дастаҳои шашмақомхониро. Аммо дар сатҳи мақомот шояд ба умқи масъала сарфаҳм намераванд. Ҳарчанд ба умқи масъала сарфаҳм нарафтанашон ҳам гумон аст. Масалан, ҳамин вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода низ як зани куҳистонист ва ҷойгоҳи фалакхониро дар Бадахшон хуб медонад. Пас чӣ ё кӣ ба ӯ халал мерасонад, то масъаларо фарохтар андешад ва роҳи ҳал ёбад?

Ман намедонам. Шояд акнун андеша мекунад?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь