Ё мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?

Аз забони қаҳрамони асаре хонда будам, ки бо аломати хитоб гуфта буд: “Зиндагӣ карда натавонӣ, бимир!”. Ин ҷумларо ба даҳони образе мондану аз забони каси дигар (гӯё прототип) баён кардани муаллиф як сабаб дорад: намедонӣ, ки барои чӣ зиндагӣ дорӣ? Пас чаро зиндагӣ мекунӣ? Худатрову отрофиёнатро ғам мадеҳ, беҳтараш бимир! Муаллиф тунд, сахт ва ошкоро гуфтааст, вале бовар кунед, бисёр хуб гуфтааст.

Дар дунё се намуди одамон ҳастанд: онҳое, ки ҳеҷ баҳонае барои зистан надоранд ва ҳар коре, ки мекунанд, беихтиёру беирода аст. Онҳое, ки хостаҳояшон аз меъёр зиёд аст ва ҳама он чизеро, ки нафсу шаҳваташон мехоҳад, баҳонаи зистан мешуморанд. Онҳое, ки баҳонаи зистанашон ошкор аст ва медонанд, ки барои кӣ ва чӣ зиндагӣ мекунанд.

Ман пессимист нестам, аммо мутаассифона зиёдтар бо одамони ба гуруҳи аввал шомилбуда вохӯрдаам. Бисёртаранд. Ҳатто аз бисёр ҳам бисёртаранд нафароне, ки дар дунё буданашонро медонанд, вале чӣ кор кардану барои чӣ буданашонро ҳатто фикр ҳам накардаанду намекунанд. Хӯрдану хобидан ва ҳоҷатхона рафтанро медонанду халос. Магар аз ин қабил одамон дида “таппак” хуб ва фоидаовар нест? Албатта! Зеро “таппак” одамонро ба кор ояд.

Ба гуруҳи дуввум шомилбудагон нафароне ҳастанд, ки аз қудрат, тавоноӣ, нерӯ, ғайрат ва ақлу хиради худ зиёдтар талаб мекунанд. Барои чиҳо ва киҳое мезиянд, ки онон ва онҳо ҳазорҳо нафаронро унвони ормонӣ дода, ба мақсад нарасониданд. Орзу кардан хуб аст, аммо аз меъёр зиёд хостану андеша намудан метавонад одамро ба нокомиҳои зиёде дучор кунад. Ба мисоли як донишҷӯе, ки аз маблағи шартномаи донишгоҳ қарздор аст, аммо ҳамаррӯза дар фикри мошин харидан аст, чунки ҳамкурсаш аллакай мошин дорад. Ин орзуи дар айни ҳол барои он донишҷӯ амалинашаванда метавонад ба ҳар навъ ӯро дилсарду ноком кунад.

Ба гуруҳи саввум нафароне дохиланд, ки хеле пешрафтаанд ва доимо дар ҳаракатанд. Аз ҳама муҳим, саволи “Мо барои чӣ зиндагӣ мекунем?”-ро ҳар сари чанд вақт ба худ медиҳанд.

Дар воқеъ, бояд тазаккур дод, ки саволи боло такроршаванда аст ва такроршавиро меписандад. Вале ҷавобҳо агар фарқкунанда бошанд, хубтар аст, зеро фарқияти ҷавобҳо (мусбат) маънии рӯз аз рӯз камол ёфтану ба ин зиндагӣ аз равзанаи дигар назар карданро дорад.

Ман ҳоло нафаре ҳастам, ки ба гуруҳи дуввум дохил мешавам. Яъне дар баробари хоҳишоти зиёд доштанам, боз барои худам не, балки барои дигарон зиндагӣ дорам ва имрӯз тасмим гирифтам, ки оҳиста-оҳиста аз чунин буданам раҳоӣ ёфта, шомили гуруҳи саввум шавам.

Барои ба гуруҳи нафарони саввум дохил шудан чӣ бояд кард?

– вобаста ба шароит, фаҳмиш, қудрат ва тавоноӣ бояд орзу кард, мақсад гузошт, нақша кашид ва амал кард;

– киҳо ва чиҳоеро, ки бароямон бисёр муҳим ҳастанд, зуд-зуд ба хотир оварда, онҳоро аз дирӯз дида зиёдтар дӯст бояд дошт;

– варақаи хоҳишотро, ки барояшон зистан мехоҳем, омода карда, ҳар рӯз ба он чанд дақиқае дида бояд дӯхт;

– ҳар чизеро, ки ба даст овардан мехоҳем, бояд аввал ба он расидан ё нарасиданамонро аниқ кунем.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь