Аз “нархҳои амрикоӣ”-и билетҳои парвоз ба Русия кӣ фоида мебинад?

“Худо шармандашон кунад, касонеро, ки муҳоҷиронро азият медиҳанду аз ҳисоби онҳо кисаҳояшонро пур мекунанд. Иллоҳо, ба сад бало гирифтор шаванд”, — дуо мекунад Замира ном сокини шаҳри Душанбе, ки 16 рӯз боз дар пушти дари ширкатҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ истодааст.

Ӯ мегӯяд, боз шудани робитаҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Русия мушкили онҳоро афзуд, зеро пештар роҳ баста буду ба тақдир тан дода буд, аммо акнун роҳ боз асту даста “баста”.

Теъдоди муҳоҷироне, ки пас аз бекории яксола хоҳиши дубора ба Русия рафтанро доранд, ба маротиб бештар шудааст.

Мардум магар ба Лондону Амрико парвоз доранд?  Суистифода аз сабру пуртоқатии мардум ҳам ҳад доштагист. Нархи аслии билетро 4 то 4,5 ҳазор сомонӣ мегӯянд, вале дар асл нарх тамоман дигар аст. Билетро аз 8 ҳазор сомонӣ то 13 ҳазор мефурӯшанд. Баъзе нафароне низ ҳастанд, ки маълум нест, корманди фурудгоҳанд, ё миёнарав, аммо бо 15 ҳазор сомонӣ барои дилхоҳ рӯз билет меёбанд. Кор ба ҷое расидааст, ки баъзе бо чунин нарх ҳам пайдо  кардани билетро имконнопазир медонанд.

Сару садоҳое шунида мешавад, ки билетҳо бештар ба нафароне,  фурӯхта мешаванд, ки шаҳрвандии Русияро доранд. “Ё ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба онҳо аз Русия фиристонда шудааст, ки беморанд, ё  ягон сабаби дигар дарҷ гардидааст. Онро пешниҳод мекунед ва метавонед билет бихаред ва он ҳам бо нархи гарон”, – шикоят мекарданд муҳоҷирони саргардон, ки дар назди хазинаҳо дар замини сахту сард менишастанд.

Барои огоҳии бештар ба се  нуқтаи фурӯши билети ҳавопаймоӣ рафтем. Дар фурудгоҳи байналмилалӣ  ба мо гуфтанд, ки рӯзи якшанбе  аз Душанбе ба фурудгоҳи Жуковский (Масав) нархи як билет 13 ҳазору 100 сомонӣ муайян шудааст, ки он марбут ба ширкати “Уралский  авиалиния” аст.

Рӯзи 13-уми апрел билет ба самти Душанбе — Санкт-Петербург 12 ҳазору 100 сомониро ташкил медиҳад, аммо нуқтаҳои фурӯши билетҳои  ҳавопаймоӣ  ба зангҳои пайдарпайи мо аслан ҷавоб намедоданд. Боре гӯширо бардоштанду гуфтанд, ки дертар занг занем, бо ҳамин то шом ба зангамон ҷавоб надоданд. Ба эҳтимоли зиёд, ҷавобе ба ин савол надоштанд.

Сипас, ба нуқтаи фурӯши билети ширкати «Сайр туризм» сар задем. Аз онҳо нархи билетро ба самти Душанбе-Истамбул-Вашингтон пурсидем.  Посухи онҳо моро ба ҳайрат овард:

— 26 апрел ҷой дорем, нархи он 13 ҳазору 146 сомонист. Дар Истамбул 4 соат интизорӣ мекашед.

Бо вуҷуде, ки нархи билет тақрибан ба парвозҳои Русия баробар аст, аммо харидорон зиёд нестанд. Албатта, ин маълум аст, ки на ҳар кас метавонад ба Амрико сафар кунад, зеро раводид зарур аст, аммо ҳайрат дар ҷойи дигар аст, ки арзиши билет ба Амрико, ки дар он сӯйи укёнус аст, ба Русия, ки ба қавле дар таки биниамон қарор дорад, баробар аст.

Воқеан, хизматрасонӣ дар ширкати “Сайр туризм” ҷавобгӯ ба меъёр набуд. Ин ширкат бояд андеша кунад, ки на ҳама мизоҷон муҳоҷирони сарсахту пурсабранд. Дар ин ширкат интернет ба мушкил мувоҷеҳ буд, ё чизи дигар, ки билетфӯруш  ҳар замон бепарвоёна ба мизоҷон мегуфт, ки суръати интернет суст аст, шояд баъдтар имкон фароҳам ояд, то корашро идома диҳад.

Дар ширкати АКФ арзиши билети самти Душанбе – Дубай — Маскавро 7 ҳазору 100 сомонӣ гуфтанд, аммо билет фақат ба нафароне фурӯхта мешавад, ки шаҳрвандии Русияро доранд. Зимнан, дар фурудгоҳ 10 соат интизор мешавед. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон билет фурӯхта намешавад.

Хулоса, дар фурудгоҳу фурӯшгоҳи билетҳо як бому ду ҳавост. Ин ҷо мешавад беқадрии одамро фаҳмид, ин ҷо мешавад, нақши пулро дар зиндагӣ фаҳмид, зеро арзиши ҳар чизе маҳ аз ҳамин ҷо муайян мешавад.

Ҷамила Мирбозхонова

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here