Аълочии матбуоти Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, академики Академияи мардумии “Нури Хуҷанд”, шоир Усмон Олим ба синни 85 расид.

Ба ин муносибат бо эшон суҳбате ороста, оиди давраи донишҷӯӣ, фаъолияти меҳнатӣ, рӯзгор, осор ва сулҳи ваҳдат ҳарф задем. Ин шаммаест аз он сӯҳбати хотирмон.

85-умин баҳори умр хуҷаста бод, устод.

-Дуруду сипос барои таманниёти нек.

Шумо бо навиштани як хабар ҳуҷҷати мухбири ғайриштатии рӯзномаи  “Ҳақиқати Ленинобод”ро гирифтаед, ки аслан ба ҳақиқат рост намеояд

-Замони донишҷӯӣ ҳар шумораи “Ҳақиқати Ленинобод”-ро мекофтам ва мехондам. Чун дар факултети филология таҳсил мекардам, ба саҳифаи адабӣ таваҷҷуҳ доштам.

Боре ҳамроҳи ҳамкурсам Бобо Норов, ки аллакай чанд хабараш нашр шуда буд, аз ҷараёни сохтмони чойхона дар маҳаллаи Унҷии райони Хуҷанд матлаб омода кардем. Мудири шуъбаи мактубҳои “Ҳақиқати Ленинобод” Қурбон Баҳлулзода онро хонда, чанд тавсия доданд ва як варақӣ ҳуҷҷати “Мухбири ғайриштатӣ”-ро тақдим намуданд.

Ин ҳуҷҷат роҳи маро ба сӯи ояндаи нек боз намуд ва маро бо дунёи дигар ошно кард. Ба шарофати он бо бузургоне чун Раҳим Ҷалил, Ҳоҷи Содиқ, Тоҷӣ Усмон вохӯрдам. Бояд гӯям, ки дар мактаби “Ҳақиқати Ленинобод” адибони бузург ба воя расидаанд.

Қиссаи 5 сӯму 40 тин гонорар, ё худ ҳаққи қалам боис гардид, ки Шумо ин касб, яъне рӯзноманигориро беш аз ҳарвақта дӯст доштед. Ҳамин тавр не?

-Ин суол боис мегардад, ки дафтари хотираро як таку рӯ карда, ба қавле, бод диҳем…

Моҳи июли соли 1954. Ману бародарам Асрорхоҷа-донишҷӯй. Рӯзгори сахту сангин. Бо талқони тут шикамро “фиреб” медодем. Гоҳо ҷои истироҳат мардикорӣ мекардем.

Рӯзе Асрорхоҷа бемор шуд. Маҷбур шудем, ки барои як-ду рӯз илоҷи зиндагиро ёбем. Ногоҳ ба сарам фикре зад: Дар “Ҳақиқати Ленинобод” 6 сатр шеърам чоп шуда буд. Шояд чанд сӯм “гонорар” дошта бошад. Зеро он вақт масъалаи ҳаққи қалам ҷиддӣ буд.

Ҳар ду ба редаксия омадем. Қурбон Баҳлулзодаи рамузфаҳм асли мақсадро фаҳмида, назди хазинадор фиристоданд ва маълум шуд, ки шеъри як моҳ пеш нашршудаи “Ватан” 5 сӯму 40 тин “гонорар” доштааст. Ману бародарам аз хушҳолӣ сахт болидем. Ҳар ду ба ошхонаи боғи Камоли Хуҷандӣ рафта, бо 2 сӯму 10 тин шикам сер кардем.

Ҳамон вақт бародарам дасти дуо бардоштанд, ки илоҳо аз касбу корам барака ёбам. Маҳз дуои эшон буд, ки имрӯз ба синни 85 расида, то ҳол бо нӯги қалам нон мехӯрам.

Замони донишҷӯӣ 225 сӯм стипендия мегирифтед, ки арзиши 20 халта орд буд. Ҳоло донишҷӯ ҳамин миқдор идрор мегирад, ки барои як халта орд басанда нест…

-Самимӣ мехондем, идрорпулӣ мегирифтем. Аксамон ҳамеша дар “Лавҳаи фахрӣ” буд. Як воқеаи ҷолиб ба ёдам омад. Боре бо устод Мирзо Турсунзода суҳбати хос доштем. Он кас ба костюми нави ман таваҷҷуҳ карда, пурсиданд, ки нархаш чанд сӯм меистад? Гуфтам, ки 150 сӯм. Устод гуфтанд: Чанд сӯм стипендия мегиред? Гуфтам: 225 сӯм.

Устод мад кашида, идома доданд: Медонед Мулло Усмон, давлат хеле пеш рафтааст. Ин костюми Шуморо ҳатто Раиси Шӯрои Олӣ Мунаввар Шогадоев то ҳол надорад. Баъд қиссаи замони донишҷӯӣ ба 75 сӯм костюмхарии худро бошавқ нақл намуданд.

Донишҷӯии мо дигар буд. Новобаста аз шароит, муҳит мекофтем, меёфтем, мехондем. Худро таъмин менамудем, зиёдатиро пасандоз мекардем, бо худ дастовез мебурдем.

Беш аз 50 сол дар матбуот кор кардед. 30 дафтари назму наср ба табъ расонидед. Чӣ гуна ба узвияти иттифоқи нависандагон пазируфтанд?

-Соли 1993, 18-уми сентябр бо мактуби устод Раҳим Ҷалил, ки ҳанӯз соли 1990 ба номи Мӯъмин Қаноат навишта буданд, ба узвияти иттифоқи нависандагон пазируфта шудам. Он сол ҳамагӣ як китоб доштам, вале шоир Аскар Ҳаким дастгирӣ намуд.

Нахустин шуда устодон Лоиқ, Гулназар, Сорбон, Кароматулло Мирзоев, ки ба ҷашни 60-солагии устод Қутбӣ Киром ба ноҳияи Айнӣ омада буданд, табрикам намуданд.

Соли 2004 барандаи “Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ” шудам. Баъдан ба нишони олии иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ- “Сухан” сазовор гаштам.

Шояд дурахшонтарин саҳифа дар рӯзгори Шумо гирифтани мактуб аз номи Маҳмуди Аҳмадинажод бошад. Дуруст?

-Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона мегӯяд: “Саодати андак нест, ки назари ҳумоюнии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Маҳмуди Аҳмадинажод ба ашъори ин шоири тавҳидгарову меҳансарои мо афтодааст ва бо юмни ин номаи мутабаррик, ки аз номи эшон ирсол шудааст, зиндагиву ҳунари Усмон Олим фурӯғмояи дигар дорад”.

Пас аз сафари эҷодӣ бахшида ба 678 солагии Камоли Хуҷандӣ ба кишвари Эрон ва зиёрати оромгоҳи классикони форс-тоҷик Ҳофиз ва Саъдии Шерозӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Тахти Ҷамшед ду дафтари шеър-“Фарҳанги суннатӣ” ва “Аз дафтари шеърҳои Эрон” эҷод шуд, ки ба дасти дӯстдорони каломи бадеъ расид.

Ҳамин боис гашт, ки аз сӯи ҷаноби Маҳмуди Аҳмадинажод ба номи мо мактуб омад ва онро Фарзона баргардон намуданд. Нусхаи нома дар “Ашъори мунтахаб”-ам нашр шуд.

Дар ин сафар шеъре бо номи “Як нони Мастчоҳ эҷод кардед, ки устод Фарзона онро аз беҳтарин сурудаҳои Шумо хонданд. Порчае аз онро замзама мекардед.

-Ин шеър аз 8 банд иборат аст ва бадоҳатан 27-уми ноябри соли 1996, зимни сафар ба шаҳрҳои Теҳрон, Табрез, Шероз, Машҳад ва Тахти Ҷамшеди кишвари Эрон эҷод шуд. Ҳамсафарамон Раҳматҷон Бобокалонов луқма партофт, ки кадбонуҳои мастчоҳӣ нони хомсӯзи 9-килогӣ мепазанд. Ман ҳам гуфтам, ки шумо ҳоло вазнинтарашро надидаед. Шеър чунин оғоз мешавад:

Як нони Мастчоҳ,

Масчоҳи ман буд.

То марзи Эрон,

Ҳамроҳи ман буд.

Устодон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, Атахон Сайфуллоев Шуморо ба шоири халқӣ Юсуф Вафо монанд кардаанд. Бархе шогирд ва ё пайрав низ ном бурдаанд…

-Шояд ба хотири хақгӯву ҳақҷӯ буданам маро ба Юсуф Вафо монанд карда бошанд.

Юсуф Вафо гарчанде хатту савод надошт, вале бузургтарин шоири халқӣ буд. Истеъдоди баланди фитрӣ дошт. Чунон маъниофарӣ мекард, ки на ҳар кас метавонист. Ҳамеша розу ниёзи мардумро ифшо мекард, барои халқу миллат хизмат менамуд. Гоҳо барои тундгӯиҳояш ба таъқиб гирифтор мешуд, аммо аз роҳи худ барнамегашт.

Давоми чанд сол шеърҳои Юсуф Вафоро аз забони халқ ҷамъ карда, як дафтар кардам. Бо тавсияи Гулназар Келдӣ ва Лоиқ Шералӣ порча-порча дар “Садои Шарқ” чоп шуд. Ҳоло нияти китоб кардани онҳоро дорам, ки насиб рӯзе ба дасти хонанда мерасад. Боиси ифтихор аст, ки имрӯз яке аз кӯчаҳои пойтахт исми ин марди шарифро дорад.

Мегӯянд, ки нахустин устоду роҳнамои Шоири халқии Тоҷикистон, муаллифи Суруди миллӣ, устод Гулназар Келдӣ Шумо будед. Оё ин рост аст?

-Ходими адабии “Комсомоли Тоҷикистон” будам. Гулназар Келдӣ курси якум мехонд. Рӯзе дафтари шеърашро ба редаксия овард. Як шеъри ҳаҷвияш бароям писанд омад. Болои шеъраш як ҷумлаи тавсиявӣ навишта, ба худаш чунин маслиҳат додам: “Додари ҷон, худи ҳозир ин шеъратонро ба “Хорпуштак” баред, ба Наимҷон Назирӣ диҳед”.

Пас аз чанде шеъри мазкур дар маҷаллаи шӯҳратёри замон-“Хорпуштак” нашр шуд. Риштаи дӯстиву бародарии мо ҳамеша мустаҳкам буд ва то охир дар робита будем. Ҷояш ҷаннат шавад, инсони заминӣ буд. Ёди некаш дар дилаи дидаи ҳамеша боқист.

Академияи мардумии “Нури Хуҷанд” Шуморо бо диплом сарфароз гардонид. Мегуфтед, ки барои кадом хизматҳо ба ин мукофот соҳиб гаштед?

-Соли 2000-ум буд. Рӯзе маро ба бинои академия даъват карданд ва гуфтанд, ки бисёр ба маънавиёти куҳнаву нав эътибор медиҳам, чизҳои самимӣ ва таърихӣ менависам. Бар замми ин, муаллифи чандин маҷмӯаи ашъор ҳастам ва достонҳои зиёд офаридаам. Аз ин хотир, комилан ба гирифтани унвони “Академики мардумӣ” арзанда ҳастам.

Ба медали “Барои меҳнати шоён” (1970) ва “Ветерани меҳнат” (1976) сазовор шудам. Ходими шоистаи фарҳанг (1986) ва Аълочии матбуоти Тоҷикистон гаштам. Бо чандин диплому сипоснома ва ифтихорномаи сатҳи ҳукуматӣ мукофотонида шудам.

Ҳамаи ин ба хотири хизматҳоям ба ин халқу миллат буд. Тамоми умр Ватан гуфтам, Ваҳдат гуфтаам ва боварӣ дорам, ки охирин суханам ҳам сулҳ хоҳад буд.

Шодравон Абдуфаттоҳ Кулолиро ирфонисаро, шуморо ваҳдатсаро ном мебаранд…

-Ба он хотир шоири ваҳдатсаро мегӯянд, ки ҳамеша тараннуми сулҳу Ваҳдат мекунам. Истиқлол, ободӣ, озодӣ, ҳуввияти миллӣ ва ормонҳои миллиро васф менамоям.

Адибон, Фарзона ва Гулназар маро шоири ваҳдатсаро ном бурданд. Академикҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Атахон Сайфуллоев “шоири самимигӯй” унвон додаанд.

Ҳамчун як марди гармиву сардии рӯзгордида аз ҷавонон хоҳиш мекунам, ки ба қадри сулҳу Ваҳдат, якпорчагии миллат, ин хок, ин об, ин фазо бояд бирасем.

Сипос барои чунин як суҳбати самимӣ. Саломату сарбаланд бошед.

-“Самаки айёр” (манзур ҳафтаномаи “Самак”А.М.)-ро мехонам. Бисёр хуб менависед. Бароятон барори кор хоҳонам. Барои таваҷҷӯҳи хосса сипос.

Амони МУҲАММАД

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here