— Устод Лоиқ на танҳо дар шеъру шоирӣ мақоми хос ва манзалати воло ба даст оварда буд, балки бо таълифоти зиёди илмӣ, публитсистӣ-танқидӣ, ҳамзамон чун чораҷӯи дардҳои милливу иҷтимоӣ бо гузориши масоили муҳими ҷомеа ва сӯҳбатҳояш дар байни мардум, матбуот, радио ва телевизион нақши арзандаву шоиста гузошт. Мақоми Лоиқ Шералиро на танҳо ба сифати шоири барҷаста ва камназири миллӣ, балки афзун бар ин ҳамчун публитсисти фаъоли шӯълавар, мунаққиди моҳиятбину матинирода, муаррихи мумтоз, ҷомеашиноси амиқназар ва фардонигар мушаххас мебояд намуд.

Перомуни зиндагинома ва эҷоди адабии шоир ва суханвари бузурги тоҷикон устод Лоиқ Шералӣ, ки авҷи шӯҳратро дар аввали солҳои шастуми қарни қабл ёфтаву минбаъд номвари тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон гашта гуфтаҳову навиштаҳову овардаҳо хеле бешанд. Лоиқшиносон исми устодро ба одамушшуаро Рӯдакӣ пайванд дода, ки ба гуфтаи онон “он чи аз Рӯдакӣ то ба Лоиқ камиву шикасту рехти адабӣ буд, ӯ он ҳамаро баровард!” ва моқабли ин иқтибосҳо ва монанд андеша ва нигораҳову ёдномаҳо китобҳое чанд таълиф гаштаанд. Ва бо исми Лоиқ ҳам шоир ва ҳам журналист, публистист ва мунаққиди суханвар ба ёд меравад. Аммо қисмати мунаққидии ашъори устод Лоиқ ва публистистикаи эшон камтаваҷҷӯҳ ва таҳқиқшуда боқӣ мондаву нақду баррасии мақоми Лоиқ Шералӣ дар нақду публитсистикаи тоҷик ва ҷустуҷӯи вежагиҳои сифатӣ дар насри адабӣ паси хотир рафта. Дар моварои зодрӯз ва марги устод Лоиқ бо пажӯҳишгар ва устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров — Боҳирҷон Раҷабов, ки ин қисмати эҷодиёти устод Лоиқро ба таҳқиқ кашида, сӯҳбат оростем:

Дар ибтидо мегуфтед, омилҳои такондеҳ барои таҳқиқи ин қисмати фаъолияти устод барои Шумо кадом буд?

— Марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, давраи истиқлол ва худшиносии миллӣ, тағйири ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва адабии кишвар, таҳаввули адабиёт дар партави дигаргуниҳои замони нав ва афзоиши сифатии он моро водор мекунад, ки хидмати як нафар чеҳраи дурахшони адабиро дар маҷмӯи умумии сайри таҳаввули танқиду публитсистикаи иҷтимоии муосири тоҷик дар нимаи дувуми асри ХХ муайян намоем.

Аз ҳамин нуқтаи назар равшан кардани мақоми шоиста ва эътибори шахсияти номвари адабиёти тоҷик Лоиқ Шералӣ дар публитсистика ва нақди адабӣ тоҷик айни муддао буд. Ӯ аз нимаи дувуми солҳои 60-и асри ХХ то поёни фаъолияти эҷодӣ ба ҷуз осори манзум тақрибан 150 асари танқидиву публитсистӣ — мақола, тақриз, мусоҳиба, суханронӣ, пешгуфтор, нома, охирсухан ва ғ. таълиф намуд, ки мақому манзалати шоёни ӯро дар публитсистикаи адабӣ-танқидӣ ва нақди нависандагӣ боз мекунанд. Аз ин рӯ зарур шуморидем, ки мероси мансури ин суханвари номиро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор диҳем.

Дар ташаккули публитсистикаи иҷтимоӣ-адабии шӯравӣ ва пас аз он Лоиқ Шералӣ ва ҳамнаслони ӯ хидмати арзандаеро ба ҷо оварданд. Публитсистикаи мавсуф оид ба муаммоҳои моддиву маънавии замони шӯравӣ ва вазъи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-и асри ХХ барои дарку шинохти хусусиятҳои ҷолиби рӯҳиву равонии ду давраи сертакопӯ ва пурмоҷаро хеле муҳиманд. Хонандаи имрӯз аз мутолиаи он навиштаҳо метавонад сабақи фаровон дар роҳи сохтмони маънавии фардо бардорад. Аз ин рӯ, аҳамияти илмӣ ва арзишҳои эстетикии навиштаҳои мансури адабиву публитсистии устод Лоиқ ҳам дар замони Шӯравӣ ва ҳам дар давраи Истиқлол аҳамияти хоссаро насибанд.

Пас, омилҳои дур мондани қисмати нақди адабӣ — танқидӣ ва публисистикаи устод Лоиқ ба фикратон дар чӣ буд?

— Аз дараҷаи таҳқиқи зиндагӣ ва мақоми устод Лоиқ дар адабиёту фарҳанги тоҷикии нимаи дувуми асри ХХ бармеояд, ки асосан шеъри шоир ва ҷойгоҳи шоистаи ӯ дар назми муосири тоҷик ҳадафи пажӯҳиши густурда ва муфассал қарор гирифта, аммо мероси мансури суханвар аз диди адабиётшиносӣ, нақди адабӣ ва публитсистӣ ба таври васеъ ва ҷудогона таҳқиқ нашуда буд. Кӯшиши баррасии осори мансури суханвар танҳо дар баъзе маврид аз ҷониби муҳаққиқон сурат пазируфтааст. Масъала роҷеъ ба зарурати таҳқиқу баррасии густурда ва муфассали осори адабӣ-танқидии устод Лоиқ Шералӣ, ба назари мо, бори аввал аз ҷониби адабиётшинос Исматулло Ҳидоятзода пеш гузошта шудааст, ки «бояд ҳамаи онҳо дар шакли маҷмӯаи алоҳида ҷамъоварӣ ва баррасӣ карда шавад».

Ҳамчунин, адабиётшиносон ва мунаққидони барҷаста — Абдунабӣ Сатторзода, Юсуфи Акбарзод, Сафар Абдулло, Мисбоҳиддини Нарзиқул ва дигарон дар китобу рисола ва мақолаҳои илмиашон аз нақди нависандагӣ ва публитсистии устод Лоиқ Шералӣ оид ба фаъолияти публитсистии он кас ишораҳо кардаанд.

Шарҳу тафсири ҷанбаи публитсистии фаъолияти эҷодии устод Лоиқ бошад, дар китоби «Султони диёри сухан»-и профессор Усмонҷон Ғаффоров шакл гирифта, ҷусторҳои ӯ дар заминаи мавзӯъ дар нашрҳои баъдии китоб — «Шаҳбози осмони сухан»  ва «Лоиқ Шералӣ»  ба таври васеътар идома ёфтааст. Ба ин васила, ба хонандаи имрӯзи тоҷик оид ба таълифоти публитсистии ин шоири суханвар тасаввури нисбатан муфассал пайдо мешавад.

Лек, дар ҳеч кадом аз ин таҳқиқот арзиши таълифоти адабӣ-интиқодӣ ва публитсистии устод Лоиқ Шералӣ ва мақоми ӯ дар рушди публитсистикаи адабӣ-танқидӣ ва нақди нависандагии адабӣ дар қолаби рисолаи ҷудогонаи илмӣ шарҳу баррасӣ ва муайян нагардидааст.

Бо ин, ба назари мо, фурсате муносиб фаро расид, ки чунин навиштаҳои шоир ва публитсист пурра ҷамъоварӣ гардад ва дар ин замина тақсимбандӣ ба навъу жанр, мутолиаи мӯҳтаво, мавзӯю мундариҷаи онҳо ба таври доманадор анҷом ёбад ва мақоми муаллиф дар инкишофи афкори иҷтимоӣ ва адабӣ муайян карда шавад. Танҳо дар ин ҳолат нақши таълифоти мазкур дар таъйини вазъи замон ва тақозои сиёсиву иҷтимоии нимаи дувуми асри ХХ дақиқ мегардад. Бо чунин шеваи кор мумкин аст, ки мақоми устод Лоиқ Шералиро на танҳо ба сифати шоири барҷаста ва камназири миллӣ, балки афзун бар ин ҳамчун публитсисти фаъоли шӯълавар, мунаққиди моҳиятбину матинирода, муаррихи мумтоз, ҷомеашиноси амиқназар ва фардонигар мушаххас намоем.

Устод Лоиқ на танҳо дар шеъру шоирӣ мақоми хос ва манзалати воло ба даст оварда буд, балки бо таълифоти зиёди илмӣ, публитсистӣ-танқидӣ, ҳамзамон чун чораҷӯи дардҳои милливу иҷтимоӣ бо гузориши масоили муҳими ҷомеа ва сӯҳбатҳояш дар байни мардум, матбуот, радио ва телевизион нақши арзандаву шоиста гузошт.

Дар ҳақиқат, аз танқиди адабӣ ва публистистикаи устод Лоиқ ва дараҷаи волои он ва саҳми эшон дар публисистикаи тоҷик восеътар мегуфтед?

— Публитсистикаи адабӣ-танқидӣ ва нақди нависандагии тоҷикии нимаи дувуми асри ХХ бе номи Лоиқ Шералӣ ва хидматҳои ҳамнаслони эшон тасаввурнопазир аст. Осори он кас оид ба муаммоҳои маънавиву моддии рӯзгори Шӯравӣ ва даҳсолаи аввали давраи Истиқлолият ба хонандаи имрӯз сабақи фаровон дар роҳи сохтмони маънавии фардо фароҳам меоваранд ва, аз ин рӯ, ҳамеша арзишу аҳамияти худро гум намекунанд. Дониши васеъ аз таъриху фарҳанги миллӣ, диди амиқи иҷтимоӣ, доираи фарох, имкони густурдаи мутолиа аз осори бузургони гузашта ва адабиёти ҷаҳон, нерӯи устувори таҳлилӣ ба устод Лоиқ имкон фароҳам овардааст, ки дар пешрафти ҳаёти пурҷӯшу хурӯши ин давра ва ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои замона саҳми арзанда гузоранд.

Таҳқиқ ва нақду баррасии осори устод Лоиқ ба инкишофи афкори танқидиву публитсистии марҳалаи имрӯз ва ҷустуҷӯи вежагиҳои сифатии ду замони бузурги сиёсиву иҷтимоӣ хидмат мекунанд.

Арзиши таълифоти адабӣ-интиқодӣ ва публитсистии устод Лоиқ ва мақоми ӯ дар рушди публитсистикаи адабӣ-танқидӣ ва нақди нависандагӣ хеле баланд буда, омӯзиши он моро бо вазъи замон ва тақозои сиёсиву иҷтимоии нимаи дувуми асри ХХ ошно менамояд.

Публистистикаи устод Лоиқ бештар инъикоскунандаи кадом мавзӯъ буда?

— Дар публитсистикаи устод Лоиқ Шералӣ оҳангҳои иҷтимоӣ пурқувват буда, дар он сабабҳои фоҷиаҳои миллӣ, хислату характери ҳамзамонон, ифтихору ғурур, ишқу муҳаббат, шодиву нишот, пастиву разолат бо набзу тапиши дигар бозгӯ шудааст. Дар ин таълифот масъалаи рӯй овардан ба суннатҳои маънавӣ, забон ва рукнҳои дигари муқаддасоти миллӣ, таваҷҷӯҳ ба саҳфаҳои доғи таърихи миллат, фоҷиаҳои солҳои 30-юми асри ХХ, сарнавишти талхи халқу миллат, ҳамзамон масъалаи пурдарди Самарқанду Бухоро мақоми асосӣ доранд.

Дар давраи аввали эҷод имкони фаро рафтан ба умқи ин масъалаҳо танг буд ва садгузории идеологӣ пеши роҳи муборизаи васеи зиёиёнро мегирифт. Давраи нави муносибат ба таърих дар замони бозсозӣ ин имконро вусъати беандоза бахшид.

Дарзимн, таъсири осори публистистии устод чӣ андоза аст?

— Лоиқ Шералӣ ба сифати намоёнтарин чеҳраи адабиёт, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикии нимаи дувуми асри ХХ дар қувват ёфтани афкори иҷтимоӣ ва ҷомеашиносии мардуми тоҷик нақши созгоре доранд. Чунин фаъолияти густурдаи мактаби равшангарии эшон ва наслашон барои вусъат ёфтани назари аҳли ҷомеа таъсири махсус дорад. Баҳрамандӣ аз фаъолияти доманадори ин суханвар, публитсист ва ноқиди ҷасур барои насли имрӯз дар роҳи огоҳӣ аз муборизаҳои халқи тоҷик барои шинохти асолати миллӣ дар робита ба рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии нимаи дувуми асри ХХ ёрӣ мерасонад.

Устод Лоиқ дар аксари нигоришоташ мавзӯъро дар пайвастагӣ ва алоқамандӣ бо ҳаводиси таърих, замон, иҷтимоиёт тасвир намудааст. Публитсистикаи ӯ бештар ҷанбаҳои таърихиву фарҳангии ҳаёти мардуми тоҷикро дар давраҳои муайяни иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Фаъолмандии муаллиф зимни гузориши масъала ва таҳлили ҳамаҷонибаи рӯйдоду далелҳо хонандаро ба ҷараёни воқеаҳо кашида, чун фарди иҷтимоӣ ӯро ба андеша водор мекунад ва, бо ҳамин, барои фароҳам овардани афкори умум мусоидат менамояд. Ҳар навиштаи ӯ омехта бо муаммо ва мушкилот буда, то чӣ андоза муҳим будани онро нишон медиҳад.

Бояд гуфт, ки фикри фардои дурахшони забону фарҳанги миллати тоҷик муҳимтарин ҷанбаи публитсистии шӯълавари Лоиқ Шералӣ ба шумор меравад.

Дарҳақиқат, мавзӯъҳои мубрами ҷомеа дар кулли эҷодиёти устод Лоиқ тасвир мешавад. Аммо самтҳои асосии публистистикаи устод ба кадом сӯ равона гардида?

— Силсилаи мақолаҳои аввалини устод Лоиқ Шералӣ ба бозтоби анъанаҳои миллӣ бахшида шуда, дар роҳи эҳё, густариши расму ойин ва ҷашну маросимҳои миллии тоҷикон дар посух ба талаботи замон таъсири хос гузоштаанд. Рӯй овардан ба ин масъалаҳо дар он давраи муносибат ба суннатҳои куҳани халқ, интишор ва авҷи ғояҳои интернатсионализми байнимиллии шӯравӣ қолабшикание буд.

Бигзор, ки бо факт ва намунаҳо иброз намоем: устод Лоиқ ҳамчун рӯзноманигор ба шаҳру навоҳии мухталифи Тоҷикистон сафарҳои эҷодӣ намуда, аз боби муаммоҳои мубрами ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии он давр мақолаву гузоришот таҳия намудааст. Дар ин росто, сафари хизматии он кас ба вилояти Ленинобод (ҳоло Суғд) боиси ба миён омадани мақолаи ”Наврӯзи Ленинобод” (Комсомоли Тоҷикистон, 18 марти соли 1967) гардида, ки дар он оҳанги тавсифи Наврӯзи тоҷикон ва интиқоди роҳбарони давр аз боби муносибат ба ин ҷашни пурбори миллӣ ошкортар эҳсос мегардад.

Дар мақолаи зикргрдида бо тасвири манзараи дилнишини таҷлили иди Наврӯз таърихан қадимӣ будани он равшан таъкид шудааст. Муаллиф ба масъалаҳои сирф таърихӣ — ба қадимтарин ойинҳои аҷдодии тоҷикон, аз ҷумла дини зардуштӣ алоқа доштани Наврӯзро амиқан пайгирӣ кардааст. Дар баробари ин, муаллиф аз шӯҳрати ин ҷашн дар байни давлатҳои Шарқ — Эрону Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон ва баъзе мавзеъҳои дигари Қафқоз дарак медиҳад.

Сухан ин ҷост, ки эшон аз тасмимҳои мардуми вилояти Ленинобод ва роҳбарияти он дар мавриди таҷлили ҷашни Наврӯз андеша ба миён оварда, ба мақсади аслӣ наздик мешавад: “Ҳарчанд Наврӯз аз аввал ба ҳеҷ хурофот алоқае надошт, лекин ҳақ ҳам надорем, ки онро тамоман дигар карда, ба ном Наврӯз, дар амал дигар чорабиниҳоро гузаронем”.

Нуктаҳои интиқодӣ то чӣ андоза нигориш доранд ва ин ҳамаро Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Ба ин монанд таҳқиқҳо бисёранд. Аз перомуни мақолаи интиқодии “Дар боби анъана ва русуми нав” («Комсомоли Тоҷикистон», 7 июни соли 1967) низ садои эътироз аз нуқсу норасоии ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба гӯш мерасад. Дар он аз анъанаи тӯйи арӯсӣ, тӯйи сурх (комсомолӣ), хатнатӯйӣ ва маросими дафн сухан рафтааст. Ин гузориш дар замоне, ки ба таъбири муаллиф “халқи тоҷик маданияти бузурги худро боз ҳам некномтар кард, дар қатори дигар халқҳои Иттиҳоди бузурги Шӯравӣ соҳиби иқтисодиёт ва санъату маданияти шукуфон гардид”, аҳамияти бештари ғоявӣ пайдо кардааст. Муаллиф бар ин андеша аст, ки “ҳам аз тӯйи сурх, ҳам аз тӯйи миллӣ унсурҳои зебо ва хушрамзро интихоб карда, ба ҳам омехта як тӯйи пуршукӯҳе бояд офарид!”.

Дар ин мақола омадааст, ки ба кору вазифа бемасъулият набошанд, зеро бетафовутӣ дар ҷомеа зуҳуроти номатлуб ба бор меоварад: “Аз ҳамаи расму таомули анъанавии миллӣ унсурҳои бемаъниро дур карда, бо сифатҳои наве, ки имрӯз худи зиндагӣ пешниҳод кардааст, оро додан лозим аст. Лекин ҳамаи ин корҳо бояд ба мафкура, рӯҳия ва кайфияти халқ, ба хештаншиносӣ ва шахсияти умумии ӯ асос ёбанд. Халқро омӯхтан, донистан ва шинохтан лозим. Ибтидои ҳама чиз аз ӯст ва бар ӯст”.

Шояд ҳамон қонуни танзиме, ки баъдан дар соли 2007 қабул гардид, инро устод ҳамон сол дарк ва зикр намуда бошанд…

— Дақиқан. Ҳамчунин дар «Ҷамоли Суғдиён», ки мақолаи ҳаммуалифӣ бо рӯзноманигори шинохта Отахон Латифӣ буда, аввалан дар рӯзномаи «Комсомольская правда» (4 январи соли 1969), сипас ба забони тоҷикӣ дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон (10 январи соли 1969) ба нашр расидааст, масъалаи меросбарӣ мавриди андеша қарор гирифтааст.

Пас, гуфта метавонем, ки дарду доғ ва проблемаҳои барҷастаи ҷомеаро дар замони душвори худ инъикос намудаанд?

— Сад дар сад аз натиҷаи таҳқиқ чунин пиндошт бармехезад. Устод ба проблеммаҳое даст задаанд, ки бар ҳуввияти миллӣ ва таъриху тамаддуни тоҷикон тавъам буда ва гуфтори ин суханон дар ин давр кори саҳле набуд. Метавонем боз чандин мисол оварем: устод Лоиқ аз боби вазъи хароби ёдгориҳои таърихии водии Зарафшон, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ҳисор ва дигар минтақаҳои таърихӣ масъала ба миён гузоштаанд.

Нерӯи публитсистии мақолот аз он ҷиҳат пурқувват аст, ки дар он муносибати ҳукуматҳои маҳаллӣ мавриди интиқоди сахту шадид қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, тасмими нодурусти ҳукуматдорони маҳаллии Панҷакент дар робита ба муносибаташон ба ёдгориҳои таърихӣ яке аз нуктаҳои танқидии мақолаи дар боби Панҷакент мебошад. Дар он ҷо сухан аз хароб шудани долоне рафтааст, ки бо кӯшиши бостоншинос А. Исҳоқӣ аз зери хок ёфт шуда, деворҳояш минуранг буд. Бино ба андешаи дардолуди муаллифон «олимон ҳанӯз шоҳнишини қасрро саропо тоза накардаанд, аммо роҳбарони шаҳри Панҷакент дар он ҷо манҷаниқи обкашӣ сохтаанд. Ҳол он ки манҷаниқро аз қаср дуртар сохтан мумкин буд ва барои он 20 метр дуртар ҷойи мувофиқе ҳам ҳаст!».

Бо ин ҳама хулоса карда метавон, ки устод Лоиқ дар баробари шоир будан, ҳамчун рӯзноманигор ва бурунтар аз ин ҳамчун як инсони хештаншинос ва миллатпарвар инъикоси ҳаводиси барҷастаи айёмро пеш гирифта, таъсири хешро дар ҷанбаҳои гуногуни ҷомеа гузоштаанд ва бар роҳ ба сӯи ҳуввияти миллӣ, хештаншиносӣ ва ҳифзи боқии таъриху тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикон саҳми хешро ошкору аён ва барҷаставу ҳувайдо гузоштаанд.

Мусоҳиб:

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here