— Дарк ва қудрати шеъргӯӣ синну солро намешиносад, балки бар ивази ватандӯстӣ ва отифаи фикрӣ офарида мешавад. Пас, чаро дар мусоҳибаҳои аввалиятон барои шеъргӯӣ солро баҳона қарор додед?

— Имрӯз низ баҳона меорам. Бояд гӯям, ки синну сол дар ҷараёни дарк кардан шояд камтар аҳамият дорад, аммо дар шеъргӯӣ ва ба дурустӣ тадбиқ кардани санъати волои сухан хеле муҳим аст. Зеро шеър ҳам мисли гӯяндааш бояд аз таҷрибаҳо, тасаввуру таассурот ва донишу ҳикматҳои ҳастӣ баҳравар шавад, одаму оламро аз даричаи таҷриба ба таври зинда бубинад, он гоҳ болиғ мешавад. Ва барои ин албатта, гузаштани як марҳилаи муайян ҳатмист.

— Шеър гуфтан аз эҳсоси фардӣ ва дарки дурусти иҷтимоъ ба миён меояд. Эҳсос эҳсос аст, набояд онро беарзиш донист. Чаро дар суҳбати панҷ сол қаблиатон онро хом пиндоштед?

— Эҳсос масъалаи хеле нозук аст, шаклу таъму вижагии махсус надорад, ҳар замон мувоҷеҳ ба дигаргуниву тағйир аст. Бавижа, дар айёми ҷавонӣ рангу бӯйи дигар ва шиддату афзоиши бемайлона дорад. Дар чунин ҳол намешавад эҳсосро «лаҷом зад» ва донишу хирадро садрнишин кард. Ба ин хотир, дар таркиби шеърҳо ё умуман, офаридаҳои ҳунарӣ дар овони ҷавонӣ ҷанбаи ҳиссӣ пурқувват ва мояи ҳикмату фалсафа камранг хоҳад буд. Шояд ин тарафи масъаларо дар назар дошта бошам.

— Робита бо алоқамандони ашъоратон, ки сиришта аз эҳсос мебошад, дар кадом сатҳ аст?

— Дар муқоиса бо дигар эҷодкорон, бавижа ҳамсолону ҳамнаслонам бо мухлисону шунавандагони шеър робитаи танготанг дорам. Аз шумори он мардумам, ки бе мардум наметавонам. Ин аст, ки садоямро гоҳ аз ину он радио мешунаведу гоҳ чеҳраамро дар оинаи нилгун мебинед. Ба зуд расонидани паёмам одат кардаам, ки бисёриҳо накуҳиш мекунанд ва маслиҳат медиҳанд, ки навиштаҳоят каме намак хӯранд, беҳтар буд. Ангезандаи ҳамаи чакидаҳои гоҳ хому гоҳ пухтаи банда халқ асту бас, ба ин хотир шояд зуд ба онҳо расонидан мехоҳам.

— Шеъри «Ишқи аввал» эҳсоси худатон буд ё аз зиндагии дигарон?

— «Ишқи аввал» аввалин таронагунаи ман аст. Онро ду овозхон ба оҳанг дароварда, сурудаанд. Бале, мағзу муҳтавои он аз худам аст, ба қавле дар рагу пӯстам таҷриба кардаам.

— Ишқе, ки дар он бо Худо розу ниёз кардед, кадом ишқ аст? (Шеъри «Аз азал то ба адам ишқ будаст» дар назар аст).

— Ғазале, ки ишора мекунед, ирфониву илоҳиву махсус нест. Баръакс, шеъри замону ҳоли худам аст:

Аз азал то ба адам ишқ будаст,

Аз Араб то ба Аҷам ишқ будаст.

Ҳикмату фалсафаро гуфтам илм,

Ҳикмату фалсафа ҳам ишқ будаст…

Доноёну орифони гузаштаи мо ишқи байни инсону инсон, инсону табиат ва инсону Офаридгорро аз ҳамдигар ҷудо накардаанд. Дар ин шеър низ ҳамин кӯшиш мушоҳида мешавад. Бубинед, устод Фарзона чӣ зебо мефармоянд:

Яке гӯяд, ки ишқи ман заминист,

Дигар гӯяд, ки ишқи ман баринист.

Маро ин ҳар ду як ишқ аст, як ишқ,

Ки оғози накӯиофаринист.

Унвони китобатон «Баҳор овардан осон нест» баргирифта аз як шеъри шумост. Ин шеър аз кадом эҳсоси даруниатон қисса мекунад: таҳаввулоти фикрӣ ё таҳаввулоти хонаводагӣ?

— Шеъри шумо дар назардошта як дубайтии одист:

Дили ман арсаи сӯзу гудоз аст,

Раҳи мақсуди ман шебу фароз аст.

Баҳор овардани ман нест осон,

Ба мисли турнаҳо роҳам дароз аст.

Дар ин мисраъҳо ҳадаф ҳама равшан аст. Пас аз «Ҳамболи турнаҳо» (номи аввалин китобчаи ман аст) сафари маънавӣ кардан, бароямон равшан гашт, ки баҳори маърифат овардан басо мушкил аст. Ҳадафам ин аст, ки ба худу дигарон аз дарозии роҳи мурод ва дурии водии камол паём расонам. Як робитаи зебои унвони китоб ба номи духтари дувумам — Баҳор рост меояд, ки солаш аз соли дубайтии боло чор ё панҷ сол хурд аст. Зимнан, Фирдавсии ҷовидном ҳам ба ин мазмун байте дорад:

Бикӯшеду хубӣ ба кор оваред,

Чу дидед сармо, баҳор оваред!

Шоир кай метавонад даъво кунад, ки соҳибсабк аст? Шеъри замони мо аз шеъри замони шӯравӣ чӣ тафовутҳо дорад?

— Шоирони бузург, ки нубуғашон нодир аст, ба сабку тарзи сухани хеш нозидаанд ва ба ҷавҳари худу шеъри худ даъвои зебандаи шоирона ҳам кардаанд, ки “тарзу услуби маро такрор нест”. Аммо шоири имрӯз ин даъворо кунад, ангушти ҳайрат мегазам. Зеро фарқи классикони мо аз шоирони муосир он буд, ки онҳо пеш аз он ки шоир бошанд, олимону файласуфони барҷаста буданд. Хоҷа Ҳофиз Қуръони каримро ба 14 ривоят қироат мекард, барои ҳазрати Хайём навиштани рубоӣ афшондани ғубори дилу хотир пас аз корҳои тӯлонии илмӣ дар ситорашиносиву табиатшиносӣ буд. Бештари шоирони имрӯз шоиранд, вассалом. Мушаххас кардани сабкашон барои имрӯзу фардо масъалаи гиреҳнок боқӣ мемонад. Соҳибсабк гуфтан, шоири шеъри безавол гуфтан аст.

Шеъри замони мо шеъри ҳоли мост. Бо вуҷуди он ки муқоисаи шеъри замони Истиқлол бо шеъри замони шӯравӣ мунсифона нест (аз ҳама ҷиҳат), аммо дар сатҳу сифат шеъри имрӯз пешрафтатар аст ва бояд чунин мешуд.

— Бо кадом шоирони имрӯз иртибот доред?

— Аз ҳама эҷодкорон кам ё зиёд чизе омӯхтааму меомӯзам. Бо устодон Латофат Кенҷаева, Назри Яздонӣ, Рустам Ваҳҳобзода, Фарзона, Хайрандеш ва Алишери Муҳаммадӣ (ёдаш гиромӣ бодо!) иртиботи ҳамешагӣ доштаму дорам. Чароғи ихлосу сипоси ман барояшон доимо равшан аст.

— Аввалин шеъратон кадом буд?

— Ёд надорам, аммо ба таври дақиқ медонам, ки мавзӯи он модар буд.

— Сармоя ва пул дар шоирӣ чӣ таъсире дорад?

— Сармоя барои ҳама касб муҳим аст, ба шарте, ки фориғболии сармоядорӣ кушандаи эҷод набошад. Бисёр касонро медонам, ки меъдаи пур, вале мағзи холӣ доранд. Ва ҳам кам нестанд ҳунарварону санъаткороне, ки аз мастии пулу ҷоҳ кайҳо аз ҷомеа дур шудаанду дарду доғҳоро ташхис намедиҳанд, чархаи мағзи худро намечархонанд ва ҳамин минвол осори беруҳу беҷон меофаринанд.

— Аз калимаи тоҷик чӣ бардоште доред?

— Ба ҷуз тоҷи сараш маънии дигар

Муҳаббат мешавад мазмуни ТОҶИК!

Ин як байте аз шеъри мост. Бардошти ман аз номвожаи тоҷик он қадар доманадор аст, ки дар посухи як пурсиш намегунҷад. Тоҷик қавмест, ки душманаш ҳамеша аз дӯсташ бисёр аст, ранҷдида аст. Ба ҷои хулоса як чиз мегӯям: «Тоҷик будан дар ин саро душвор аст!».

— Шеъру мақолаҳо ва мусоҳибаҳоятон саршор аз ғуруру ифтихори миллист. Бо кадом шеваҳо ғурури миллӣ ва ватандӯстиро зинда нигаҳ дорем?

— Падар агар хонандаи «Шоҳнома» бошад ё модар аз Томарис шинохте дошта бошад, бас аст. Писару духтари ӯ ҳатман Гурдофариду Сиёвуш мешаванд. Ташаккули ғурури миллӣ дар руҳи фарзанд зотӣ мешавад, падару модар ё яке аз онҳо боҳувияту бофарҳанг бошанд, дер ё зуд дар вуҷуди кӯдак он рӯ мезанад. Вагарна боз ҳамон аҳмади порина боқӣ мемонад:

Ниҳоле, ки талх аст ӯро сиришт,

Гараш барнишонӣ ба боғи биҳишт,

Саранҷом гавҳар ба кор оварад,

Ҳамон меваи талх бор оварад!

— Дар суҳбате гуфтед: надидам ё кам дидам ҷавононеро, ки талошҳои пешиниёнро дар мавриди мақоми давлатӣ гирифтани забонамон дарк кунанд. Ин аз ноогоҳии таърих аст ё ба чизи дигар иртибот дорад?

— Чӣ расад ба донистани таърихчаи пуртаззоди мақоми давлатӣ гирифтани забони давлатӣ, балки фалсафаи ҳастии забонро чун падидаи ҷудогонаи миллатсоз намедонанд. Намедонанд, ки забон барои ин миллат нақши шиноснома ва бештар аз онро дорад. Ҳамин забон ва осори бад-он офаридашуда буд, ки имрӯз садо баланд мекунем ва бонги ифтихор мезанем. Сабаби худро тоҷик донистанамон низ забон аст. Бубинед, душманон маҳз номи забони моро (гоҳо тоҷикӣ, гоҳо порсӣ ва гоҳо дарӣ) дастак намуда, мехоҳанд байни форсизабонон оташи ғавғоро дардиҳанд, моро, ки парешонтарин қавми ҷаҳонем, боз ҳам парешонтар созанд (Парешонам, парешон офариданд,- Боботоҳири Урён). Душман аз ҳар шева кор мегирад, аммо мо ғофилони таҳи деворем. Девор соя дорад, дорад, паси девор чӣ меравад, парво надорем. Гап бисёр, аммо:

Дарди ман бисёр, аммо ку забон?

Доғи ман бисёр, аммо ку тавон?

Метавон оё дигар хомӯш буд —

Дар ҳуҷуми теғу шамшеру камон?!

Боре гуфтед аксари омӯзгорон мафҳуми Ватан ва Тоҷикистонро дар мағзи хонандаҳо дуруст ҷо намекунанд. Ватан аз дидгоҳи хоси шумо чист ва чӣ тавр муҳаббат ба Ватанро дар дили ҷавонон ҷо кунем?

— Ватан хуни дар ҳар ваҷаби ҳамин замини камзамин рехтаи гузаштагон аст (Зинҳор қадам ба хок оҳиста ниҳӣ, К-он мардумаки чашми нигоре будааст), Ватан хуни пуштвонаи Айнист вақти дарразанӣ, руҳи пуринқилоби устод Лоҳутист, ки “Ватан” гуфтаву ҷон дод, оташи чашмони шуълабори устод Мирзо Турсунзода аст, ки “агарчи аз Ватан дур буд, бо ёдаш масрур буд”, хуни ноҳақрехтаи Шириншоҳ Шоҳтемуру Нусратуллоҳи Махсуму Нисор Муҳаммад ва… дар хоки Москва аст, ки ҷасадашон дар “гӯри умумӣ” аст. То замоне ки қурбониҳову қурбониёни ин хоку обро пеши чашми дили насли ҷавон зинда нагардонем, ишқи Меҳан хомӯш хоҳад шуд! Дар ин раванд кори пайвастаи бунёду марказҳои фарҳангӣ, кори устоду омӯзгор чун обу ҳаво зарур аст. Аммо кори онҳоро дар амал мебинем, ки чист, дастмузди онҳоро медонем, ки чанд аст, афсӯс…

— Аз муносибати устодонаву шогирдонаи шумо бо Латофат Кенҷаева огоҳем. Латофатбону низ дар суҳбатҳояшон шуморо шогирди бовафо мегӯянд. Магар духтаратонро ба хотири Манижа — духтари Латофат Кенҷаева Манижа ном ниҳодаед?

— Бале, ба поси эҳтиром ва хадамоти бедареғе, ки муаллимаи азизам Латофат Кенҷаева барои камоли ман кардаанд, номи Манижаро тавъам ба номи духтари эшон гузоштам. Ба ҷуз ин, китобе навиштаам бо номи “Латофати борон” (2020). Дар он ҳамаи ин батафсил омадааст.

— Шеъре, ки ба қирғизҳо бахшидед, бисёр тунду тез аст…

— Шумо шеъри “Аз кӣ омӯхта Қуръон, қирғиз?”-ро дар назар доред, ки чунин мисраъҳо дорад:

Тоҷиконро буда чӯпон қирғиз,

Аз назарҳо буда пинҳон, қирғиз.

Хурда аз суфраи мо нону мавиз,

Карда пас туф ба намакдон, қирғиз…

Ҳақ аст, ки тунд аст. Ҳақиқат ҳаргиз ширину нарм набудаст. Дар дарозои таърих миллати мо омӯзгори маънавии ақвоми турк буд, аммо имрӯз дастпарваронаш дасти таҷовуз бардоштаанд. Яку ду не, дар садҳо маъхаз ин ҳарфи ман муҳри тасдиқ дорад, тамаддуну фарҳангро аз мо омӯхтаву боз имрӯз мавқеи моро дар минтақа танг карданианд. Дар чунин ҳол хомӯш будан, айни гуноҳ аст.

Шеърҳои шумо кадом мавзуҳоро дар бар мегиранд?

— Ватан ва Модар. Ҳама офаридаҳои нимарасу расидаи ман дар меҳвари ҳамин ду мафҳуми муқаддас мечарханд. Хеле кӯшидаам ва ҷон ҳам кандаам, ки бо қудрати сухан ба қаъри замин раваму ақсои кайҳонро бубинам, аммо зуд пай бурдам, ки бо маърифати мафҳумҳои зикршуда низ замину осмонро кашф кардан метавон.

Аз шумо ба сифати шоир, рӯзноманигор ва тарҷумон ном мебаранд. Аз шоириву рӯзноманигориятон огоҳам, аммо тарҷумаҳоятонро нахондаам…

— Аввалин тарҷумаи ман аз матни русӣ сурат гирифта буд. Ҳанӯз донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода будам, ки як шеъраки хурди ба наврасон бахшидашударо тарҷума кардам ва онро дар ҷаридаи “Паёми донишҷӯ” интишор доданд. Пас он як муддат аз ин кор дур шудам. Соли 2018 бо ташвиқи дӯстам Одили Нозир ба тарҷумаи як силсила ашъори Пушкин пардохтам. Шеърҳо ба Ислом, сифоти Паёмбари он (с) ва занони ӯ бахшида шуда буданд. Ба зудӣ хабар шудам, ки ин силсиларо Шоири халқии Тоҷикистон устодам Фарзона тарҷума кардаанд. Аз сабаби такрор нашудан ва ҳам мушкилии забону баёни Пушкин аз тарҷума даст кашидам.

Минбаъд бо хости дил шеъри “Письмо матери” (“Нома ба модар”)-и Есенинро бори дигар тарҷума кардам. Он пештар аз тарафи шоирон Бозор Собир ва Ҳабибулло Файзулло тарҷума шудааст.

Бештар аз даҳ шеъри шоираи ҷавонмарги рус Ника Турбинаро бори нахуст ба тоҷикӣ гардондам. Устоду раҳнамои Ника, ки Евгений Евтушенко буд, се шеъри ӯро низ тарҷума карда, дар китоби “Баҳор овардан осон нест…” ҷой додам. Ҳамин минвол, дар ин пеша низ худозмоӣ кардем, вале худро тарҷумон гуфта наметавонам. Банда ба русӣ бо ранҷ суҳбат кунам ҳам, забони шоирони ин забони зеборо мефаҳмам.

— Аз нашри «Ҳамболи турнаҳо» 5 сол гузашт, он замон гуфта будед, ки дар чопи китоб саросема намешавам. То имрӯз чанд китобатон ба дасти чоп расид?

— Дуруст мушоҳида кардед. Баъди интишори китоби нахустин азм кардам, ки пас аз 4-5 сол китоби дигарро чоп мекунам. Ҳамин тавр ҳам шуду соли 2019 китоби дигарӣ рӯи чопро дид. Минбаъд ҷони одаткарда балои ҷон гуфтему китобҳои «Латофати борон» (хотираҳо) маҷмӯаи шеърии «Соғари садо»-ро (ҳар ду ҳам дар соли 2020) нашр кардем.

Шумо дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» кор мекунед, дар Ютюб-канал саҳифа доред, дар Академияи миллии илмҳо пайи пажуҳиш ҳастед, шеъру мақола менависед, тарҷумонӣ низ мекунед ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз фаъолонед. Ба ҳамаи ин чӣ гуна вақт пайдо мекунед?

— Каме муболиға мекунед. Аслан вақтро дуруст тақсим карда наметавонам ва аз ин сабаб, ҳамеша ранҷи руҳӣ мекашам. Мардона иқрор бояд шавам, ки яке аз қотилони ҷаррори вақт манам…

— Худро шоир медонед ё рӯзноманигор?

— Ҳоло на ину на он. Нахуст он ки инро мардум бояд қазоват кунанд, дигар ин ки дар ин ё он пеша пешоҳанг будан ҳамеша нисбист. Касоне ҳастанд, ки нубуғи эҷодишаон аз мо садҳо бор зиёд аст, аммо хомӯшанд. Мабодо ба сухан оянд, шояд моро дар нимараҳ вогузоранд. Аз ин хотир, дар ягон пеша даъво надоштаму надорам. Аммо сидқу сафоро дар вуҷуди корҳои хурдам сириштаам ва агар аз навиштаҳои шогирдонаам норозиям, аз сидқу сафои таркиби онҳо, аз якрӯву якроҳа буданам розиям.

Ва суоли охир: Истиқлол ба як шоир ва рӯзноманигори ҷавон чӣ дод?

— Истиқлол, ки бо ифодаҳои худсолорӣ ва озодӣ якмаъност, барои як қаламкаш пеш аз ҳама садо дод, садое, ки аз ҷону дилаш метаровад ва супоришиву фармоишӣ нест. Садои худро доштан, бузургтарин неъмат аст, вагарна забон ба ҷои ҷон намебуд: “Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!”. Ва аҷиб он аст, ки агар истиқлоли ин Меҳани аз таърих ҷабрҳои гӯшношунид дида бақо ёбад, садои мо низ дар фазояш пар мекушояду раҳ меёбад, вагарна бо Ватан садои мо ҳам ба гӯристон хоҳад рафт. Мо бо Ватан ҷон ба ҷону тан ба танем, гӯшту нохунем! Ё ҳамдигарро пур мекунем ё ба дасти боди фано месупорем…

Мусоҳиб: Раҳима АЪЗАМ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here