Бақо Содиқов, коргардони варзидаи синамои тоҷик 13-уми июл 80-умин баҳори умри худро ҷашн мегирад. Ӯ 13-уми июл дар Бухоро чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1967 факултаи режиссёрии Донишкадаи театриву-мусаввириро дар Тошкант ва курсҳои олии сенаристон ва коргардони синамоиро дар Маскав хатм мекунад. Аз соли 1967 то 1993 дар «Тоҷикфилм» ба ҳайси коргардони синамо кор кардааст. Филми “Адонис ХIV”-ро ӯ, ки соли 1977 дар ҳимояи дипломии худ ба навор гирифтааст, танҳо дар даврони бозсозӣсоли 1986 дар экаранҳо намоён гашта, дар ҷашнвораҳои Маскав ва Мангаям ҷоизаҳо ба даст овардаст. Филми тамсилӣ дар бораи бузҷосуси махсус мебошад, ки дар комбинати гӯштӣ тамоми рамаро ба куштор мебарад. Яке аз беҳтарин филмҳои коргардонтамсилаи образноки назмии “Бухорои шариф” мебошад. Ҳамчунин, филмҳои таҳиянамудаи Бақо Содиқов ба мисли “Гирдбод”, “Ҷосус”, “Ҷазира”, “Парандаҳои гилӣ, “Аввалин будан мушкил аст” (филми ҳуҷҷатӣ) ва даҳҳои дигар дорандаи дипломи кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкои Лотинӣ, Тошкент (ИҶШС, 1976) ва соҳиби ҷоизаҳои умумиитифоқӣ ва байналмилалӣ гардидаанд.

Бо мавсуф, ки ҳоло дар шаҳри қадимаи тоҷикон — Бухоро умр ба сар мебарад, сӯҳбати телефоние доштем, ки оҳанги гуфтории он ҳифз шудааст.

Устод, дар ин рӯзе, ки 80-сола мешавед, ба чӣ корҳо машғулед?

— Ҳоло мо кор мекунем. Дар 80-солагӣ мо филми таърихие аз рӯзгори тақрибан 7 нафар фарзандони фарзонаи Бухоро, ки барои бақои ин шаҳр ҷоннисориҳо кардаанд, бардошта истодаем, ки дар 30-юми июл, насиб, манзури бинандагон мегардад. Ин 7 чеҳраи таърихии Бухоро на танҳо назири Инъомҷон Кароматов аз Бухоро, ҳамзамон Қосим Пирсиён аз Эрон, Юренов аз Русия, яке аз фарзандони барӯманди миллати ӯзбек, ҳамчунин як нафар қазон ва монандашон миллатҳои гунонгунанд, ки барои намоиши филм, гумон меравад, халқи бисёр аз миллатҳои гуногун ҷамъ меоянд. Ин аввалин таҷриба дар филмофарии Бухорост. Коргардонии филм ба ӯҳдаи банда асту писарам Улуғбек сенариянависи он ва мо бо маблағи худ филмро рӯи навор меоварем. Умеди калоне дорем аз он.

Аммо филми мустанаде аз рӯзгорамон мебоист бардошта шавад, ки бо сабабҳои аёну ноаён то тирамоҳ ба мавқуф гузошта шуд.

Инсон аз минбари баланди 80-солагӣ, хусусан ҳунарманде мисле Шумо, ба зиндагии гузашта чӣ нигоҳе дорад?

— Зиндагии гузаштаи мо бисёр аҷиб буд ва бисёр бурду бохт ва шодиву ҳузнро бо худ дошт. Аммо он чиро ки дар тавонамон буд, бо тамоми қувва кӯшидем, ки ба анҷом расонем.

Он чиро, ки мехостед, ба халқ, ба бинандаи худ дода тавонистед?

— Он чи ки мо мехостем, хеле ва хеле зиёд буд, вале моро пешпойӣ мемонданд ва қадамзанӣ барои мо хеле мушкил гардида буд. Фарзи мисол, баъд аз филмбардории “Адонис ХIV” таърибан 9 сол моро ба ҷабр аз саҳнаи синамо дур карданд, “Гирдбод”-и моро ба душворӣ қабул намуданд, “Бухорои шариф”-ро баъди даводавҳо ба озмунҳои байналмилалӣ бароварданд ва ҳамин гуна шуд, ки қисмати зиндагиямон сӯи хоки аҷдодӣ кашид. Медонед, ба бухориён як масалест, ки “оби дари хона тира”- мегӯянд…

Дарвоқеъ, омили асосии домони зиндагиро ба Тошканду Самарқанд ва имрӯз ба Бухоро кашидани Шумо чӣ буд?

— Ман соли 1995 бо дили реш ва оҳи сӯзон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардам. Ҳеч гоҳ намехостам, ки Тоҷикистонро тарк кунам ва ин дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд. Аслан, медонед, ман барои зиёрати марқади аҷдодони худ ба Тоҷикистон рафта будам, аммо ин хоки бостон маро дар худ печонд, ҷазб кард ва дигар натавонистам аз он дил биканам. Тоҷикистонро ман ба ибораву ҷумлаҳо гуфта, тавсиф карда наметавонам, он дар рӯҳу равони ман, бар қалби шикастаи ман ҷой гирифтааст ва дил кандан аз ин Ватан баробари ҷон кандан аст, ҷон кандан.

Вале гуруҳе нохалафон маро бо фарзандонам таҳдид намудаву ба дасти онон силоҳ доданд ва водорам сохтанд, ки бо ашкҳои сӯзон тарки Тоҷикистон кунам. Ва ман аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардам, аз Душанбе ба Бухорову Самарқанд рахти сафар бастам.

Шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз Тоҷикистон берун шудед, вале баъди оромиҳо аз ниҳоде: “Тоҷикфилм” ва ё Ҳукумат таклифи баргашт нашуд?

— Боре шуд ва сарварии ниҳодеро ҳам пешниҳод карданд, аммо дигар дер шуда буд ва ман намехостам, ки бо ину он хариду фурӯшам кунанд.

Се сол пеш Шумо шаҳодатномаи шаҳрвандии Ӯзбекистонро бо фармони президент Шавкат Мирзиёев гирифтед. Аз ин шодед ва ё хайр?

— Бале, бо он вуҷуд, ки ман зодаи Бухорои шариф ҳастаму ин ҷо бузург шудам, бо фармони Президент соли 2018 шаҳрвандии Ӯзбекистонро соҳиб шуда, шаҳодатнома гирифтам. Хуб аст, ҳоло шаҳрвандӣ дорам, вале бо он ба дигар кишвар, алалхусус ба Тоҷикистон бе “виза” сафар карда наметавонам.

Аз фазои филмофарии Тоҷикистон чӣ андоза воқиф ҳастед?

— Каму беш огоҳ ҳастам, вале филме, ки ман мехоҳам, дар он фазо то кунун надидаам.

Андешаест, ки Бақо Содиқов ба “Гирдбод”-е, ки бақо ёфт, содиқ намонд ва ба филмбардории шахсиятҳои таърихӣ (“Имом Бухорӣ, “Амир Темур”, “Фидоиён” (дар бораи ҷадидҳо) ва филмномаи “Камоли Хуҷандӣ) рӯй овард

— Филмбардории таърихӣ мушкилтарин навъи филмбардорист. Ва ман пайванду фарзанди ҷадидҳо ҳастам ва намедонам, хуни ҷадидӣ дар шараёни танам ҳамеша ангеза медиҳад. Ҳоло кам кас медонад, ки Фитрат наздиктарин хешовандам аст. Бисёри чизро ки мебинам, ба назарам асл наметобад, қонеъам намекунад ва мехоҳам, онро такмил диҳам, онро созам, на сафсатаву афсонаро, балки филмро, таърихро, тамаддунро, худро ва ҳамаро.

Бубинед, ҷаҳониён аз таъриху тамаддуни ориёӣ-форсӣ ва шахсиятҳои фаромиллии ин ҷомеа дар ҳайрат мондаанд: Куруш, Анӯшервон, Ардашер, Исмоил, Имоми Аъзам, Имом Бухорӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Берунӣ, Закариёи Розӣ, пури Сино, Мавлоно Болхӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил… Аммо ин ҳама канӣ? Дар куҷоянд?! Ва инҳо барӯмандҳоянд, таърихи мо назирашон ҳазорони дигар дорад.

Моро зарур буд, ки ба ин сабт оем ва фикр мекунам, ман то ҳол кореро ба сомон нарасонидаам. Баъд аз ба Ӯзбекистон омадан ҳудуди 20-сол банда бекор будам ва кори аз дастам меомадаро анҷом дода наметавонистам. Таърих ҳамеша ҷаббор буд, ҷабр мекунад…

Шумо дунболи филмҳое рафтед, ки рамзу маҷозу кинояву истиораро бо худ дорад, аммо он рӯзу имрӯз мепиндоред, ки мардуми мо ин андешаро аз филмҳои Шумо хонда метавонист, даркаш мекард?

— Бале, ҳадафатонро фаҳмидам. Аммо ҳар филм бинандаи хоси худро дорад, махсус барои фалон қишр омода мегардад. Ин ҳадафи аввалини коргардон аст, ки бинандаи филми ояндаи худ пешопеш маълум месозад. Дар ҳамаи филм тамошобини тасодуфӣ дар дақиқаҳои аввал маълум мегардад ва онон як-як дар лаб сигор ва ё ду-ду дастобадаст баромада мераванд. Баъд бинандаи воқеӣ дар зал менишинад. Дар ёд дорам, соатҳо зали кинотеатри “Борбад”-у “Ҷомӣ” ва “Ватан” дар Душанбе пуропур мешуданд. Ҳатто боре бо мушкилоти техникӣ 2 соат филм ба таъхир афтод, аммо бинанда залро тарк намекард. Пас фикр мекунам, ки онон чизеро дар филм медиданд, дарк мекарданд.

Устод, бо ин ҳама донишу маҳорату малака ва зеҳнияти наву ҷадидгароӣ барои омӯзонидани он ба ҷавонон кореро анҷом надодед?

— Шогирдонамон ҳастан, ҳам дар Тоҷикистон, ҳам дар Ӯзбекистон.

Оё бо ҳамсонони тоҷикистонӣ иртиботе доред?

— На он қадар…

Огоҳ ҳастед, ки тартибу нақшаи филмбардори “Исмоили Сомонӣ дар арафаи банаворгирист?

— Бале аз ин чиз воқифам ва замоне ки ин хабарро шунидам, хеле шод гаштам. Ман барои басифат ва миллӣ баромадани ин филм омодаи ҳама гуна ёриву роҳнамоӣ ҳастам, вале қувваи комили коргардониву таҳияашро дигар надорам.

Дар ин фазои куруноӣ чӣ ҳолу ҳавое доред?

— Ҳазорон сипос Худойро, ки то ин дам дар байни халқамон будам ва орӣ аз балову газофҳои олам.

80-умин зинаи умрро чӣ гуна таҷлил мекунед?

— Дар ҳалқаи дӯстону пайвандону шогирдон ҳастем ва ҳарон чи ки лутфи Худо бошад, ҳамон мешавад.

Меҳрофарин НАҶИБӢ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here