Шабакаҳои иҷтимоӣ бо вуҷуди камбудии зиёд, рисолати аҷиберо анҷом медиҳанд: сатҳи саводу маърифати истифобарандагонашонро чун ойина нишон медиҳанд, яъне “ҳарчӣ дар дег ҳаст, ба кафлес мебарояд”.

Шояд таҷрибаи корӣ бошад ё маълумоти зиёд, ки соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ, махсусан “Фейсбук”, қариб маводеро то охир намехонам. Нигоҳи сарсарӣ ба сарлавҳаи нигоштаҳо ва донистани муаллифи хабар, мақола, шарҳ, шеър ё таҳлил кифоя аст. Медонам дар бораи чӣ менависад, аз кадом мавқеъ менависад, барои чӣ менависад, барои кӣ менависад. Аз кадом дард месӯзад, аз кадом дард гуфтан мехоҳад, ба кӣ хушомад дорад ва барои чӣ мекунад. Пушти ин навиштаҳо чӣ меистад: дарди маҳал ё дарди ишқ, дарди нотавонбинӣ ё беақлӣ, дарди худманишӣ ё худдӯстдорӣ, косалесӣ ё кӯшиши ёфтани ҳақиқат ва ғайраҳою ҳоказо.

Дигаронро намедонам, вале барои ман “Фейсбук” ойинаи ростнамоест, ки симои воқеии ҳар истифобарандаашро нишон медиҳад. Гоҳо бо таассуф дармеёбам, ки касеро то ин дам нашинохтаам, ба афсонаҳояш бовар кардаам. Вале гоҳи дигар аз он ки дигар барои навиштаи нафаре “лайк” намегузорам, шарҳ наменависам, дилгир нестам. Бо таассуф ба худ мегӯям, ки “садқаи он қадар лайкҳои солиёни пеш шавад”.

Барои мисол, нафаре аз дӯстон, ки то ба ин дам як шахсияти миллӣ мешуморидам, дар саҳифааш ба ҷуз аз ситоиши қишлоқакаш чизи дигаре нест. Аксҳои ҳаммаҳаллаҳои худро ба ҳадде тарғиб мекунад, ки гумон мекунӣ ҷиянҳои Ато Муҳаммади Нур — волии Балх ҳастанду нагурехтаанд, балки бар душманон пирӯз шудаанд.

Бонуеро барои шеърҳои хубаш “лайк” мемондаму баъдтар дидаму барои хеш исбот кардам, ки бо чӣ роҳҳое шуҳрати хасакӣ ба даст овардаву шеърҳояшро кадом шоирбачаи дигаре барои як шаби ошиқӣ навиштааст.

Мардеро “фидоии миллат” мешуморидаму ба гуфтаҳояш каф мекӯфтам. Дирӯз мебинам, ки ситоиши толибони хунхори панҷобӣ дораду ба сари тоҷикон кафки даҳон парронида, насиҳат мекунад.

Барои ҳамин, як пешниҳод дорам вобаста ба масъалаҳои кадрӣ:

Нафарони даъвогари мансабро дар дилхоҳ соҳа водор кунед, то саҳифаи худро дар “Фейсбук” кушоянду онро пур кунанд. Бовар кунед, оғоз аз интихоби сураташон дар саҳифа то ба “лайк”-гузориашон, аз интихоби гуруҳу сайтҳои маъқул то ба шарҳнависӣ дар поварақи ину он мавод сатҳи тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва ботинашонро фош месозад.

Хулоса, барои шинохтани инсонҳое, ки намешиноседу ба онҳо баҳо додан мехоҳед, сатҳи саводи эшонро донистан мехоҳед, ба қавли дӯсти ман Абдуқодири Абдуқаҳҳор, нагӯед “китоб хонед”, балки “Фейсбук” хонед!

Дуруст гуфтам?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here