Соле, ки гузашт, барои журналистикаи тоҷик аз берангтарин солҳо буд:

Ситорае дар ин осмон надурахшид…

– Матбуоти навине аз хеш дарак надод…

– Расонаи иттилоотии ҷиддие рӯйи кор наомад…

Фақат пахши хабари маргу мири ин ё он журналисти соҳибном дар кишвар, таҳдид ба ину он рӯзноманигор, “тренд”-ҳои наве мисли фактчекинг бо иваз кардани ном аз забони русӣ ба англисӣ, пайдо шудани бузургтарҷумонҳое дар ин ё он фазои журналистони минтақа, ки хешро намояндаи ВАО хонданд, мавзуи шабакаҳои иҷтимоӣ буд.

Фаромӯш нашавад, ки чанд маркази матбуотӣ журналистони соҳибномеро дар вилояте, ноҳияе ба кор ҷалб намудаву аз эшон барои хеш сипар сохтанду бас! Барои раисон “шукрона”, ки чанд нафарро соҳибнон карданд, мусибат барои мо, ки чанд журналистро ба курсии чиновникӣ гуселонидем.

Матбуоти чопии мустақилро бо эҷоди рақобати носолим бо матбуоти чопии давлатӣ (бо ҷудо кардани маблағ ба эшон аз буҷа ва обунаи маҷбурӣ) бештар ба марг тела карданд ва мекунанд, расонаҳои интернетии мустақилро бо “тир”-ҳои Бег Сабур якояк маҳкам карда истодаанд.

Дар тамоми шаҳр чароғе нест ва умед ба фардои рушан якояк мемирад…

Соли бадтаре аз он ки доштем, моро дар пеш аст!

Дар соли нав барои журналистикаи тоҷик изҳори ҳамдардӣ мекунам!

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Бас ки бад мегузарад зиндагии мардуми шаҳр, Ҳар сари сол ба поён чу расад ид кунанд…..

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь