Ҷомеаи имрӯза бештар аз ҳама ба кӯмаки равонӣ эҳтиёҷ дорад. Бадбахтона натанҳо қишри бемаошу қашшоқу оҷизу нотавон…

Таваҷҷӯҳ кардаед, ки дар Тоҷикистон ҳама ба куҷое шитоб доранд?

Пай бурдаед, ки ҳама сӯи ҳал кардани ин ё он мушкил, осемасар медаванд?

Дарк кардаед, ки ҳама норизою боғазабу шитобзадаанд?

Дар одитарин мушкил аввал шиносе барои анҷом додани кор мекобанд, то зудтару пештар аз дигарон онро ҳал кунанд. Агар шинос пайдо нашуд, бо истифода аз ҳуҷҷати ин ё он даргоҳ мехоҳанд ба сари масъул сиёсат кунанду аз зӯрӣ кор гиранд. Агар бо шиносу бо зӯрӣ нашуд, бо вуҷуди сирф қонунӣ будани ҳуҷҷатҳояшон, бо додани маблағи муайян, ин корро ҳал мекунанд.

Яъне, ба ҳар роҳе набошад, бояд мушкили пешомадааашонро ҳал кунанд!

Агар таваҷҷӯҳ кунед, ин ба ном “мушкил”-ро онҳо метавонанд бо сарфи чанд соати интизорӣ, бо одобу маданияти муносибат бо масъулин, бе гардан каҷ кардан, бе маблағи зиёдатӣ ҳам ҳал кунанд, вале ҳамин чанд соати интизорӣ онҳоро гуиё “мекушад, ҷонашонро мебарорад.

Аҳамият диҳед, ки субҳ ё шом, чӣ гуна баъди аз кор баромадан, ронандаҳо аҷала мекунанд, то ақалан як қадам аз шумо пеш гузаранд, зудтар ба манзил расанд. Бисёр мешавад, ки ин аҷала ҳамагӣ чанд қадам аст, вале ронанда барои он ҳам ҷони худашро ба хатар мегузорад ва ҳам ҷони дигаронро. Аҷиб ин аст, ки аз ин пешгомӣ лаззат мебарад, ором мешавад.

Касе то ҳол шарҳ надодааст, ки ин ҳама бесабриро сабаб чист: То ҳол, ҳанӯз тайёра нанишаста, фақат мардуми мо аз ҷой боло шудаву сумкаашон сари китф омодаи фаромадан мешаванд, дар кассаю навбати ҳалли ин ё он кор, хариди ин ё он чиз ҳамдигарро тела медиҳанд, дар роҳу дар ағба мехоҳанд ҳатман аз якдигар пеш гузаранд?

Чаро чунин аст? Шитоб ба куҷо? Восита кофтану сад нафари дигарро бо мушкили андаке безобита кардан, барои чист?

Агар ҷиддӣ ба ин вазъият нигарем, касе бовар надорад, ки кораш ҳатман ҳал мешавад.

Боварӣ надоранд ба ҳамон ҳуҷҷате, ки дар даст доранд.

Бовар надоранд, ки аз тайёра мефароянд.

Бовар надоранд, ки ба манзил мерасанд.

Бовар надоранд, ки бе шиносу бе пул ҳатто одитарин мушкил рафъ мешавад.

Хулоса, касе бовар ба оянда надорад.

Ҷомеае, ки ба оянда бовар надорад, ба худ бовар надорад, магар ба рӯҳшинос ниёз надорад?

Ё шояд ин ҳама таъсири ҷанги шаҳрвандист?

Яъне бо таъсири ҷанг дигар боварӣ ба имрӯзу фардо намондааст?

Ман посухи ин саволро солҳо боз меҷӯям, ки чаро дар кассаю бозор, дар гирифтани шиносномаю дар навбати духтур, дар ҳавопаймову дар қатор, дар назди дари заминсоз мо барои навбат гиребони ҳам медарем? Ҳол он ки чанд дақиқа, чанд соат пас метавонем мушкиламонро ҳал кунем.

Касе мегӯяд, сабаб ин аст, ки  ҷомеа тарбия нагирифтааст. Агар чунин бошад, пас шитобзадагиро аз кӣ омӯхтааст?

Ман посухи ин суолро намедонаму надонистам, шояд шумо медонед?

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь