Баҳси обуна, ки мисли “облава” фасли муайян дорад, дубора дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ мешавад.

Ин маротиба баҳс аз як гузориши хабарнигори маъруф Сӯҳроби Зиё оғоз гардид. Мавсуф андешаҳои ду нафареро оварда буд, ки яке аз обунаи маҷбурӣ шиква кардаву дигаре нақл кардааст, ки бастаҳои нашрияҳоро ба чӣ қимате мехаранду аз куҷо мехаранд ва барои чӣ истифода мебаранд.  Мавқеъгириҳо дар шарҳи ин гузориш гуногун буданд:

Яке нашрияҳоро ба он айбдор мекард, ки хонанда надоранду ба обунаи маҷбурӣ рӯй меоранд, дигаре перомуни он ҳарф мезад, ки бастаи нашрияҳои обунашударо дар куҷо дидааст, саввумӣ аз рӯзномахон набудани мардум шиква мекард, чорумӣ бошад, таманно мекард, ки аққалан мардуми ангурфурӯш ба ин баҳона нашрия мехонанд.

Аслан, обунаи маҷбурӣ мерос аз замони Шӯравӣ аст. Дар он замон ҳамагӣ ду нашрияи тоҷикии ҷумҳуриявӣ фаъол буданд: Яке “Тоҷикистони советӣ”,  дигаре “Комсомоли Тоҷикистон”. Ба ман, ки замоне таърихномаи нашрияи дуввумро навишта будам, масъули обуна дар он солҳо нақли аҷибе кард:

“ Соле теъдоди обунаи “Комсомоли Тоҷикистон” басуръат аз “Тоҷикистони советӣ” боло рафт. Супориш шуд, ки дигар ба “Комсомоли Тоҷикистон” обуна қабул накунем, зеро мумкин нест, теъдоди нашри рӯзномаи комсомолӣ аз нашрияи аввалини Ҳукумат боло равад. Мо маҷбур шудем, ки бо ҳар баҳона хоҳишмандони обунаро ба “Комсомоли Тоҷикистон” водор созем, то ба “Тоҷикистони советӣ” обуна шаванд”.

Ин масъала дар замони Истиқлолият ба як дарди ҷомеа бадал гардид. Нашрияҳоро аз рӯйи талаби “боло” обуна мекунанд ва дар он рӯйихат ба нашрияҳои мустақил аксар вақт ҷой нест. Албатта, ҳастанд баъзе нашрияҳои мустақил, ки бо шиносбозӣ худро ба ин рӯйихат ҷой кардаанд, вале нашрияҳои ҷиддии мустақил тақрибан нестанд. Обуна маҷбурӣ аст ва агар ба нашрияи Кумитаи андоз обуна нашудӣ, ҳисоботи туро қабул намекунанд, агар ба нашрияи Вазорати тандурустӣ обуна нашудӣ, мушкил ба корат пайдо мешавад, агар ба нашрияҳои ҳизбӣ ё ҳукуматӣ обуна нашудӣ, вой ба ҳолат, – рӯйи мансабро намебинӣ.Ба ту танҳо рақамро медиҳанд, ки ҷамоати ту, ноҳияи ту бояд ба ҳамин миқдор обуна бояд шавад.

Ман аз ҳамин дастандаркорони идеологӣ пурсиданиам, ки дар ҳоле барои нашрияи Шумо солона аз буҷаи Ҳукумат, аз андози месупоридаи ману мо пулҳои ҳангуфт ҷудо мешавад, ба кадом рӯй аз ҷайби омӯзгору табиб зада, обунаи маҷбуриро ба роҳ мондаед? “ Мард бошед, рақобати носолим бо матбуоти мустақил эҷод накунед, бигзор, озодона бе обунаи маҷбурӣ, бе маблағгузории Ҳукумат нашрияҳои Шумо ба майдон бароянд.

Рақобати носолим ҳеҷ вақт омили пешрафт набуд!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь