Гумон дорам, ки бояд миёни нотариусҳо ҳам сари чанд вақт як поккорӣ гузаронида шавад, зеро то ҳанӯз ҳам баъзе ҳуҷҷате, ки баъзеи онҳо қонунӣ мекунанд, боис ба суду судбозию давутози зиёди шаҳрвандон мешаванд.

Ёд дорам, замоне дар мавзӯе, ки матраҳ карданиам, солҳои пешин баъди як сафари хотирмон ба Бишкек навишта будам. Ростӣ, дар он сафар мо бештар аз ҳар вақти дигар пиёдагардӣ кардем ва бароям тааҷҷубовар буд, ки чаро ин шаҳр сауна ва нотариуси зиёд дорад. Бо гузашти вақт дар пойтахти мо ҳам миқдори саунаҳо зиёд шуданд, вале намедонам аз чӣ бошад, барои нотариуси ғайридавлатӣ ҳанӯз ҳам иҷоза нест. Шояд ин таъсири ҷанги шаҳрвандӣ бошад, ки дар он айём ва баъди он қонуншиканиҳои қонунӣ, аниқтараш ҳуҷҷатгузориҳои ғайриқонунӣ хеле зиёд шудаву аксар тағодору пуштибондор моликияти мардумро ба зӯрию ба ҷабру дар рӯйи коғаз соҳибӣ карда буданд. Ҷабри ин гуна ҳуҷҷат омода карданро то ҳанӯз ҳам шаҳрвандони бечора суд ба суд давида, мекашанд. Гумон дорам, ки бояд миёни нотариусҳо ҳам сари чанд вақт як поккорӣ гузаронида шавад, зеро то ҳанӯз ҳам баъзе ҳуҷҷате, ки баъзеи онҳо қонунӣ мекунанд, боис ба суду судбозию давутози зиёди шаҳрвандон мешаванд.

Саволи дигари матраҳ ин аст, ки чаро баъзе аз ин нотариусҳо, ки чун як ходими давлатӣ ҳуқуқ ба тиҷорат надоранд, шоҳона мезиянду инро ба маърази тамошои дигарон ҳам мегузоранд? Фикр мекунам мақомоти дахлдор ба ин масъала ҳам бояд таваҷҷуҳ кунанд, ки бо маоши ночиз ин ҳамаро аз куҷо ёфтаанд? Баъзе аз онҳо бо гузашти солҳо ба кормандони мақомоти гуногун ошно ҳам шудаанду баъзе аз мизоҷонро бо номи ину он метарсонанд, аз хешовандони бонуфузашон, ҳамсабақони сари қудрат будаашон ёдовар мешаванд. Акнун аз даҳони бефаровезу одоби баъзе аз онҳо метавонӣ ҳарфе назанӣ: Боре дар як нотариус шоҳиди он будам, ки ду нотариуси давлатӣ сари як мизоҷи кисағафс ҷанҷолу хархаша доштанду дар байни шаҳрвандони зиёд ба якдигар ҳарфҳои баланду паст, авлоду аҷдоди якдигарро носазо мегуфтанд. Ин нафарони нолоиқ ба номи як ходими давлатӣ аз куҷо пайдо мешаванд?

Анҷом додани як тадқиқоти журналистӣ кифоя аст, ки муайян намоӣ кадоме аз онҳо бо кадоме аз “боло” робита доранду хешованди кӣ ҳастанду ҳамсабақи кӣ. Агар ба мақомоте гузаронидани ин гуна тадқиқот лозим бошад, мо метавонем ба онҳо кумак намоем ва бо ному насабу риштаи робитаашон бо касони лозимӣ ин маълумотро дарҷ намоем.

Намедонам, ин одати вайрон аз куҷо пайдо шудааст, ки ҳар як ходими давлатии сари вазифа бо шаҳрвандони одӣ чун бо як ҷинояткор муносибат менамояд. Дар чашми нозири андоз ту як нафаре, ки андози давлатро намесупорӣ, дар чашми милиса ту як ҷинояткор, дар чашми нотариус ту як вайронкунандаи қонун, дар чашми намояндаи кумитаи амвол ту як нафари аз пардохти пули иҷора саркашӣ мекарда ва ҳатто дар чашми нозири барқ ту як нафари барқдуздӣ.

Суханро ба дарозо накашем. Магар вақти он нарасидааст, то дар Тоҷикистон ҳам чун як давлати демократӣ ба фаъолияти нотариуси давлатӣ иҷозаи фаъолият дода шавад, то навбатпойию нози нотариуси давлатиро бардоштани шаҳрвандон камтар гардад? Бовар дорам, ки иҷоза додани фаъолияти детективи хусусӣ, нотариуси ғайридавлатӣ метавонад рақобатро ба миён оварда, барои пешбурди ҳарду соҳа мусоидат намояд. Дар аксар кишварҳои ҳатто пасошӯравӣ фаъолияти ин ду иҷоза дода шудааст.

Пас, мо аз чӣ метарсем муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ? Назари шуморо интизорам ва кош шахсе аз миёни шумо пайдо мешуду ба ман исбот мекард, ки иҷозаи ин ду ба манфиати кор нест.

Вассалом!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь