Баҳси кӯчонидан ва ё накӯчонидани қадамҷойи бобои миллати тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ бори дигар сатҳи саводи сиёсӣ ва эҳсоси миллии моро ба намоиш гузошт.

Ҳама аз он шурӯъ шуд, ки пулдоре, дастдарозе, нафари ноогоҳ аз таърихи миллат, хост осорхонаи Айниро, ки умри боқимондаи Устод дар он сипарӣ гардидаасту имрӯз ба осорхонаи Устод бадал шудааст, чаппа кунад. Намедонам, мақсад аз барангехтани ин иғво чӣ буд. Шояд воқеан ба назари касе намуд, ки бинои назарногири осорхона миёни биноҳои сар ба фалак кашида бенамуд аст ё воқеан мехостанд бо тахриби он ҷойи наверо обод созанд ё фақат пулмастоне буданду барояшон на Айнию на гузаштаи миллати тоҷик қади пашизе қадр надошт. Намедонам ростӣ. Аммо пахши ин хабар эътирози сахте дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Нависандагони бедордили тоҷик Майрамбонуи Фарғонӣ ва Абдуқодири Рустам, ки аз пешсафони ин баҳс буданд, бо муроҷиат ба ҷомеа, фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, Ҳукумати шаҳру ҷумҳурӣ воқеан аберагони бобои миллати тоҷик будани хешро собит сохтанд.

Дар ҳамин баробар раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ҳам дар як мусоҳиба ҷонибдор набуданашро аз ин амал изҳор дошт. Аммо, мавқеъгирии президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ воқеан ҷойи нигаронӣ аст. Мавсуф расман изҳор кард, ки  “  “Академия мувофиқи мақсад медонад, ки аввал Осорхонаи нави Садриддин Айнӣ ба таври замонавӣ сохта шуда, сипас, нигораҳои осорхонаи мавҷуда ба он ҷо кӯчонда шавад.”

Аслан, ин ҷонибдорӣ аз тахриби осорхонаи ҳозира аст. Раҳимӣ физики пуркор аст, бо забондонию фаросат аз дигар мансабдорон болост, вале шояд аз таъриху мантиқ дуртар бошад, ки чунин хулоса кардааст. Дигарон, махсусан ҳамсояҳои толибию қирғизӣ  барои сохтани як тимсоли таърихии хеш аз ягон харҷе рӯй наметобанд, вале мо ба таърихи зиндагиномаи  бобои миллати хеш бетараҳҳум ҳастем.

Гулрухсор, – шоираи номвари тоҷик мегӯяд:

Бинои шуҳрати мо нест комил,

Бидуни хишт аз осори Айнӣ.

Рустами Ваҳҳоб, шоири дигари тоҷик меафзояд:

Зодрӯзи Тоҷикистон зодрӯзи Айнӣ аст,

Роҳи мо равшан зи шамъи дилфурӯзи Айнӣ аст.

Чун ҳамеша Лоиқи нотарор гӯиё ин ду андешаро ҷамъбаст менамояду бо хитоб ба Устод Айнӣ мегӯяд:

Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,

Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,

Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,

Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён

Ту моро кофтӣ, устод,

Ту моро ёфтӣ, устод!

Донандагони ҳол қисса мекунанд, ки “президенти собиқи Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки бо бастани мактабҳои тоҷикию сарҳад бо Тоҷикистон маъруф буд,  вақте огоҳ шуд, муовини сарвазир ба вайрон кардани ҳавлӣ-музейи устод Айнӣ дар Самарқанд фармон додааст, ҳамон соат ӯро аз вазифа барканор кард ва монеи вайрон кардани ҳавлӣ-музейи устод Айнӣ шуд. Мавсуф дар суханрониаш ба Айнӣ баҳои баланд додааст ва ҳатто сазовори Ордени “Барои хидматҳои бузург” донистааст.

Дар анҷоми ин қазияи дардолуд, бархилофи ҷонибдорони тахриби осорхонаи Айнӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо таваҷҷӯҳ ба ҷиддӣ будани масъала чунин дастур дод: “… Хона-музей бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад. Гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда гардад”.

Беҳуда нагуфтаанд:

Худованде, ки болою паст офарид,

Забардасти ҳар даст, даст офарид.

Шукр!…

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь