Олимон ва профессорони афғони муқими кишварҳои хориҷ, қасд доранд донишгоҳи интернетӣ таъсис диҳанд. Барои кор дар ин лоиҳа конфронс рӯзҳои 10 ва 11 декабр дар Франкфурти Майн дар назар гирифта шудааст.

Комбиз Ғавомӣ, масъули Хадамоти ҷаҳонии Донишгоҳ дар гузориши хабаргузории Deutsche Welle гуфта, мақсади ин ниҳод таъсиси “донишгоҳи интернетӣ барои афғонҳои муҳоҷир” аст.

Пас аз дубора ба қудрат расидани Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар моҳи августи соли ҷорӣ, садҳо донишманд ва устодони донишгоҳҳо аз хориҷи Афғонистон хостори кумак барои хуруҷ аз ин кишвар шуданд. Бисёриҳо то ҳол дар Афғонистон дармондаанд.

Ба гуфтаи Ғавамӣ, ғояи асосии таъсиси ин донишгоҳи онлайнӣ фароҳам овардани замина барои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои мавҷуда ва мақомоти таҳсилоти олӣ бо мақсади дарёфти иҷозатнома ва имкони гирифтани унвони дуҷониба аст.

Гуфта мешавад, устодони афғон дар донишгоҳ аз фанҳое, ки Толибон лағв кардаанд, яъне улуми гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дарс медиҳанд. Илова бар ин, дар донишгоҳ дарсҳое чун фанновариҳои иттилоотӣ ва менеҷмент дар назар аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь