Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон анҷумани 10-уми пешазинтихоботии худро баргузор кард. Ин ҳизб дар Ӯзбекистон ба ҳайси ҷунбиши соҳибкорон ва корчалонҳо муаррифӣ шудааст.  Дар анҷуман Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

Раиси кумитаи иҷроияи Шӯрои сиёсии Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон Актам Ҳаитов зимни суханронӣ дар бораи номзад ба мақоми президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳарф зад.

Ба гуфтаи Актам Ҳаитов президенти вақти кишвараш Шавкат Мирзиёев солҳои 2003-2016 дар мақоми нахуствазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон кор карда, дар интихоботи президентии моҳи декабри соли 2016 ширкат намуда,  баъди пирӯзӣ аз ҳамон вақт ба ин сӯ дар ин мақом бо садоқат вазифаашро анҷом медиҳад.

-Баъди ба сари қудрат омадан Шавкат Мирзиёев иродаи қатъӣ нишон дод ва дар соҳаҳои гуногун дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Мушкилоти зиёди мардум бартараф гардид. Дар панҷ соли охир ҳаёти мардуми кишвар рӯ ба фаровонӣ овард, мамлакат ба озодии асъор ноил шуд, – гуфт Актам Хаитов.

Номзад ба мақоми президентӣ Шавкат Мирзиёев зимни суханронӣ барои эътироф ва боварӣ ба ҲЛДӮ ва вакилони анҷуман ибрози минатдорӣ кард. Вай гуфт, ки чунин эътимоди онҳоро қадр мекунад ва барои бароварда сохтани орзуву ормонҳои онҳо тамоми донишу маҳорат ва нерӯи худро сарф хоҳад кард.

– Панҷ сол муқаддам ба ин мақом интихоб шудам. Дар ин муддат тавонистем, ки дар соҳаҳои гуногун ислоҳоти амиқ пиёда кунем ва ба пешрафтҳои муҳим ноил шавем. Дар панҷ соли оянда 120 миллиард доллар сармоя ҷалб хоҳад шуд ва 70 миллиард доллари онро сармояҳои хориҷӣ ташкил хоҳанд кард, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Вай таъкид кард, ки аз соли 2023 меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 15 фоиз ба 12 фоиз коҳиш дода мешавад. Дар соли 2022 меъёри андози амволи корпоративӣ низ аз 2 то якуним фоиз коҳиш дода мешавад.

Номзад ба мақоми президентӣ дар робита ба авзоъиАфғонистон хеле кӯтоҳ таваққуф кард.

– Мо мехоҳем, ки дар сарзамини Афғонистони ҳамҷавор сулҳу субот барқарор гардад. Барои мардуми азиятдидаи ин кишвар ҳар кори аз дастамон меомадаро дареғ нахоҳем дошт, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Як гурӯҳ вакилони анҷуман паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти Шавкат Мирзиёевро ба ҳайси президенти кишвари худ тавзеҳу ташреҳ карданд ва ҳамтоёни худро даъват карданд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентӣ ба тарафдории Шавкат Мирзиёев овоз диҳанд.

Ба ин тартиб, анҷумани 10-уми ҲЛДӮ дар бораи ба ҳайси номзад пешбарӣ намудани Шавкат Мирзиёев дар интихоботи президентии 24 октябри соли равон бо як овоз қарор қабул кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь