15-уми сентябр дар шаҳри Хива, воқеъ дар вилояти Хоразми ӯзбекистон, таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ” форуми байналмилалии фарҳангӣ ба кори худ оғоз кард. Ин форум идомаи чорабиниҳое мебошад, ки 12-13 сентябр дар шаҳри Тошканд таҳти унвони “Ҳафтаи мероси фарҳангии Ӯзбекистон” ба вуқуъ пайваст.

Маросимро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Озодбек Назарбеков бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ кард. Вай гуфт, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Иҷлосияи 75-уми Ассамблеяи Генералии СММ перомуни дар шаҳри Хива таъсис додани ин форуми байналмилалии фарҳангӣ ташаббус зоҳир кардааст.

Дар айни ҳол форуми мазкур дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО роҳандозӣ шудааст ва дар баргузор намудани он СҲШ, ICOMOS (Шӯрои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳо ва ҷойҳои таърихӣ), ICCROM (Маркази пажуҳишӣ оид ба ҳифз ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ) ва амсоли он саҳим мебошанд.

Дар форум аз 50 кишвари олам олимону коршиносон даъват шудаанд, инчунин намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ дар он мушорикат доранд.

Дар оғози форум Паёми табрикии Президент Шавкат Мирзиёев ба иштирокчиёни он ироа гардид. Баъдан ноиби Директори генералии  ЮНЕСКО оид ба фанҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ Габриэла Рамос дар бораи аҳамияти ин форум ҳарф зад.

— Таҳқиқу омӯзиш, ҳифз ва оммавигардонии мероси фарҳангии Ӯзбекистон барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст. Бар асоси ҳамкориҳои миёни Ӯзбекистон  ва ЮНЕСКО дар мавриди омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ намудани мероси фарҳангӣ олимону корршиносон талошҳои зиёд ба харҷ медиҳанд. Қарор аст, ки дар чаҳорчӯби ҳафтаи мероси фарҳангии Конгресси панҷуми ҷомеаи ҷаҳонӣ баъзе чорабиниҳои муҳим баргузор намоем. Яке аз ин чорабиниҳо “Мероси фарҳангии Ӯзбекистон-асоси Ренессанси ҷадид” унвон гирифтааст,-гуфт Габриэла Рамос.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода зимни суханронӣ изҳор кард, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар бораи ҳифзи мероси фарҳангӣ таъкид меварзад.

— Мероси фарҳангӣ як ҷузъи сарнавишти мардуми Тоҷикистон мебошад. Барои ҳамин дар мавриди ҳифзу нигаҳдорӣ ва оммавӣ гардонидани он таҳти роҳбарии  Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон низ чорабиниҳои мушаххас пиёда мешаванд. Гузашта аз ин, мо аз ташаббуси ҷаноби Шавкат Мирзиёев-Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин маврид куллан ҷонибдорӣ мекунем, — иброз намуд Манучеҳр Шарифзода.

Форуми Хива таҳти унвони “Осиёи Марказӣ дар чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ” идома дорад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд-Хива

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here