Вилояти Навоӣ яке аз вилоятҳои ҷавони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Шаҳри Навоӣ маркази маъмурии он аст, ки соли 1958 бунёд ёфтааст. Вазорати туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон мусоидат намудааст, ки як гурӯҳ журналистони маҳалливу хориҷӣ дар ин вилоят сафари эҷодӣ анҷом диҳанд. Мухбири “Фараж” низ шомили ин гурӯҳ буд. Ҳоло таассуроти ин сафар барои муштариён тақдим мегардад.

Дар вилояти Навоӣ ёдгориҳои таърихиву меъморӣ хеле зиёданд. Мақбараи Мирсаид Баҳром (асрҳои Х-ХI), маҷмаъҳои Мавлоно Орифи Деггаронӣ (асри ХI), ёдгории меъмории Қосим Шайх (асри XVI), мақбараи Хоҷа Хисрав ( асри XIV), корвонсаройи Работи Малик ва маҷмааи таърихии Сардоба (ҳарду асрҳои X-XI), маҷмаъҳои “Чиҳилсутун” ва “Панҷвақта”-и Нурато (асри XVI) аз зумраи ҳамин ёдгориҳои таърихӣ мебошанд.

Гуфта мешавад, сайёҳони зиёди дохиливу хориҷӣ зимни ташриф ба вилояти Навоӣ маҳз аз ҳамин ёдгориҳои таърихӣ боздид ба амал меоранд.

Маҷмаъи Мавлоно Орифи Деггаронӣ  аз калонтарин ёдгории таърихӣ дар ин вилоят маҳсуб меёбад. Дар шафати ин маҷмаъ деҳаҳои Ҳазора ва Деггарон воқеъ гаштаанд. Ин ёдгории таърихиву фарҳангӣ солҳои 2006-2007 аз нав эҳё гардидааст. Он аз мақбараи Мавлоно Ориф, чиллахона, масҷид, чоҳи об ва осорхона иборат аст. Маҷмаъ баъди тармиму бозсозӣ ба яке аз ҷойҳои ободу зебои  ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ табдил ёфтааст.

Бар асоси маълумоти таърихнигорон Мавлоно Ориф Деггаронӣ таърихи таваллуди ӯ ба соли 1313 ва вақти вафоташ ба соли 1375 нисбат дода мешавад. Мавлоно Орифи Деггаронӣ ба ҳайси яке аз валиҳои бузурги замони худ муаррифӣ шудааст. Вай дар деҳаи Деггарон, воқеъ дар масофаи 10 километрӣ аз маркази маъмурии вилояти Навоӣ  ба дунё омадааст.

Гуфта мешавад, падараш Хоҷа Аҳмади Мисгар ном дошта, писарашро ба Саид Амир Кулол, ки яке аз намояндагони бузурги шариату тариқати он замон будааст, ба шогирдӣ додааст. Ҳамроҳи Мавлоно Ориф Деггаронӣ дар назди устоди ӯ Баҳоваддини Нақшбанд низ таълиму тарбия дидааст.

Ҳарду аз шогирдони вафодори Саид Амир Кулол буда, устодашон васият кардааст, ки баъди ҷон ба ҷонофарин супурдан шустану кафанпеч ва ба қабр мондани ӯро ба каси дигар бовар накунанд. Шогирдон Мавлоно Ориф ва Баҳоваддини Нақшбанд ин васияти устодашонро ба ҷо овардаанд.

Дар бораи Мавлоно Ориф Деггаронӣ ривоятҳо хеле зиёданд. Мувофиқи яке аз ин ривоятҳо ҳангоми боришоти шадид мавҷи сел ба деҳаи Деггарон таҳдид кардааст. Вай худро ба мавҷи об андозад, маҷрои сел фавран ба тарафи безарар равон шудааст ва деҳаву мардуми он аз фалокати нобудшавӣ эмин мондааст.

Масҷиди Деггарон, ки як узви маҷмаъ мебошад, дар биное маскан гузидааст, ки бар асоси маълумотҳои бостоншиносон ин бино дар замони зардуштиҳо сохта шудааст. Бо вуҷуди пушти сар кардани асрҳои зиёд ва ҳодисаву воқеаҳои гуногуни таърихиву табиӣ то замони мо хеле устувор боқӣ мондааст.

Ин бино  дорои сутунҳои доирашакли бузург мебошад, ки бо усули хос бунёд ёфтааст.  Сақфи он низ аз хишти пухта хишткорӣ шудааст ва маълум нест, ки чи гуна тӯли асрҳои зиёд ин сақф фурӯ нарафтааст.

Соли 2016 ба масҷид пешайвони дароз сохтаанд ва ин пешайвон ба шукӯҳи масҷиди Мавлоно Ориф Деггаронӣ шукӯҳи тоза бахшидааст.

Ногуфта намонад, ки тайи солҳои ахир теъдоди зиёди сайёҳони маҳалливу хориҷӣ аз ин маҷмаъ боздид намудаанд ва мавҷи сайёҳон баъди ба эътидол омадани вазъияти эпидемиологӣ дар Ӯзбекистон дубора афзоиш ёфтааст.

Мувофиқи номи деҳа, ки сирф тоҷикист, деггарониҳо бояд забони тоҷикиро донанд ё ҳадди ақал ба ин забон ҳарф зада тавонанд. Аммо аз суҳбат бо як идда сокинони деҳаи Деггарони ноҳияи Кармана маълум шуд, ки онҳо кайҳо забони тоҷикиро фаромӯш кардаанд ва ба ҳайси муошират, таҳсил ва тадрис забони ӯзбекиро пазируфтаанд.

Дар ҷараёни ташриф ба вилояти Навоӣ аз дараи мӯъҷизаҳои Сармишсой (Сармич)и ноҳияи Навбаҳор низ боздид намудем. Маълум шуд, ки ин дара ба номи “Галереяи суратҳо” низ маъруф гаштааст. Дар сангҳои оинасимои кӯҳ, ки маълум нест чи гуна арзи вуҷуд кардааст, сурати ҳайвонҳои гуногун кашида шудаву то ба давраи мо боқӣ мондааст.

Ин суратҳо таърихи дурудароз дошта, ба давраи солшумории томелодӣ нисбат дода мешаванд. Маълум шуд, ки таърихнигорону бостоншиносони зиёд ин сангҳои суратдорро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додаанд ва аз натиҷаҳои он мардумро огоҳ хоҳанд кард.

Боздид аз ноҳияи Нуратои ин вилоят низ дар мо таассуроти хеле хубу гуворо ҳосил намуд. Маълум шуд, ки дар нӯҳ деҳаи ноҳияи Нурато мардуми тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд. Фарзандони онҳо ба забони модарӣ барои таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Маҷмаъи “Чашмаи рӯшноӣ” аз ҷойҳои хеле серодами маркази ноҳияи Нурато ба шумор мерафтааст. Ин гӯшаи зебову қашанг таваҷҷӯҳи моро низ ба худ кашид. Баробари ворид шудан аз дарвозаи маҷмаъ як гурӯҳ овозхонҳову раққосон моро бо суруду таронаҳои тоҷикиву ӯзбекӣ истиқбол гирифтанд.

Таронаҳои тоҷикии онҳо, ки бештар аз эҷодиёти даҳонакии халқ ташкил ёфта буд, шавқу завқи ҳамаи журналистонро бедор намуд ва рақсу суруд баҳам омехт. Овозхонҳои дастаи ҳунарии фолклории ноҳияи Нурато ин таронаҳоро бо маҳорат ва ҷаззобияти том иҷро карданд ва табъи мову атрофиёнро болида сохтанд.

Дар пеш моро боздид аз ёдгориҳои таърихӣ ва чашмае интизор буд, ки онро “Чашмаи Нур” унвон кардаанд. Гуфта мешавад, академик Яҳё Ғуломов таърихи пайдоиши Чашмаи Нурро чанд ҳазор сол муқаддам арзёбӣ кардааст.

Оби чашма ва шинокунии моҳиҳо дар оби мусаффои он таҷаҷҷӯҳи мардуми зиёдро ба худ ҷалб карда буд. Касе норезаеро ба ҳавз партояд, тӯдаи моҳиҳо худро ба он мезад ва боз ба ҳар тараф пароканда мешуд. Маҳз табиати гуворо ва хосиятҳои шифобахши чашма мӯъҷиби чунин таваҷҷӯҳ гардидаанд. Аз дохил оби чашма медурахшид.

Маълум шуд, ки оби дорои моддаи фосфор аз чашмаи Нурато тавассути ҳазорҳо километр гузаргоҳҳои зеризаминӣ бо суръати 290 литр дар як сония ҷорӣ мешавад. Оби чашма дар зимистон ва тобистон 19,5 дараҷа будааст ва ҳаргиз тағйир намеёфтааст.

Дар тӯли ҳазорсолаҳо яхбандии чашмаи равонро ҳеҷ гоҳ мушоҳида накардааст ва он оби нӯшокии минерализатсияшуда мебошад. Дар ин об тилло мавҷуд буда, барои давои бемориҳои меъдаву рӯда мусоидат мекардааст. Ҳаштод дарсади оби ин чашма аз замин ва 20 дарсади боқимонда аз гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва чоҳҳо меояд. Чашма рекорди баландтарини 460 литр дар як сонияро доро будааст.

Мутахассисон мегӯянд, моҳии чашмаи Нурато дар дарёҳои кӯҳӣ вомехӯрад ва ба забони илм онҳоро ширхӯрон мегӯянд. Ин моҳӣ ба ҳисоби миёна 17 сол умр мебинанд ва дар давоми умри худ чашмаҳоро аз қум тоза намуда, ҷараёни мӯътадили обро таъмин ва ҳатто филтр мекунанд.

Ҷолиб он аст, ки моҳӣ бидуни ғизои беруна зиндагӣ мекунанд ва аз микроорганизмҳо ва минералҳои дар об ғизо мегиранд. Ин аст, ки дар гузашта баъзеҳо онҳоро “моҳиҳои авлиё” ё “моҳиҳои муқаддас” меномиданд.

Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ, истеъмоли ин моҳӣ сабаби марги сарбозони рус дар аввали қарни бист будааст. Бо вуҷуди огоҳӣ, онҳо “моҳии муқаддас” -ро шикор ва хӯрданд ва фавран мурданд.Дарвоқеъ, ин моҳиро хӯрдан мумкин нест, зеро дарунашон пардаи сиёҳ дорад ва тухмашон заҳролуд буда, дар пӯсти шахсе, ки онҳоро тоза накарда мехӯрад, доғҳо пайдо мешаванд ва ҳатто боиси марги вай мешавад.

Ин макони илоҳӣ имрӯз хеле ободу зебо шудааст. Дар шафати он хиёбон, фаввораҳо, дарахтони сербар ва гулзорҳо бунёд кардаанд. Чашмаи Нураторо, ки гуфта мешавад, пурасрор аст, ҷои дӯстдоштаи сайёҳони маҳаллӣ ва хориҷӣ мебошад.

Ин ҷо масҷиди Чилсутун мавҷуд аст ва дар асри IX сохта шудааст ва бо мурури замон фартут гардидааст. Баъд  дар асри XVI онро аз нав сохтаанд. Масҷид дар наздикии чашмаи муқаддас сохта шудааст. Он дорои соати офтобии гунбаздор буда, тирезаҳои силиндрӣ ва дар миёнаи масҷид ҷойгир шудааст.

Дар сохтмони масҷид аз кандакории чӯб ва дигар ороишоти миллии Осиёи Марказӣ моҳирона истифода шудааст. Дар паҳлӯи масҷиди Чилсутун масҷиди Панҷвақта (дар он ҷо панҷ вақт намоз хонда мешавад) ҷойгир аст. Ин масҷид дар солҳои 1570-1582 сохта шудааст.

Маълум аст, ки сохтмони масҷид бо фармони амири Бухоро Абдуллои II оғоз шудааст. Имрӯз бинои масҷид аз як гунбази калон бо айвонҳои дуҷониба иборат аст. Даруни гунбаз бо намунаҳои аҷоиб ва беназири санъат хеле оро дода шудааст. Аммо танҳо шаклҳои геометрии онҳо боқӣ мондаанд.

Масҷидҳои Нурато дар ташаккули хислатҳои инсонӣ ба монанди тозагии ахлоқ, имон ва меҳнати муфид дар байни мардум нақши муҳим доштаанд. Дар ибтидои асри гузашта ин шаҳр дорои 32 масҷид будааст. Ҳар як 4 гузари Нурато 7-8 масҷид дошта, тақрибан ҳамаи ин масҷидҳо дар ибтидои асри гузашта сохта шудаанд.

Қалъаи Нур яке аз ёдгориҳои дигари таърихӣ ва қадимист, ки дар наздикии “Чашма” -и муқаддас ҷойгир аст. Мегӯянд, ки номи кӯҳнаи қалъа маънои “Нури Бухоро” -ро дорад.  Ба гуфтаи таърихшиносон бунёди он  ба солҳои 329-327 пеш аз милод рост меояд. Он давраест, ки Искандари Мақдунӣ ба Осиёи Миёна ҳамла кардааст.

Дар ҷараёни сафари эҷодӣ юртаҳои мардуми қазоқтабори вилояти Навоиро дар умқи дашти бекарони Қизилқум тамошо кардем. Дар ин бртаҳо сайёҳони олмониву маҳаллӣ истиқомад мекарданд ва аз шири шутур нӯши ҷон менамуданд, ки барои саломатӣ хеле фоида дорад.

Инчунин аз минтақаи “Ҳайдаркӯл” боздид намудем. Ин кӯл масоҳати чоруним ҳазор километри мураббаъро ишғол намудааст.  Ҳайдаркӯл яке аз обанборҳои калони Ӯзбекистон мебошад, ки баъди Баҳри Орол дар ҷои дуюм қарор дорад.

Мирасрор АҲРОРОВ,

мухбири “Фараж”.

Тошканд-Навоӣ-Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь