Дар Ӯзбекистон 24 октябри соли равон интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Барои ишғоли курсии президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз панҷ ҳизби сиёсии ин кишвар панҷ нафар номзад пешбарӣ шудаанд.

Дар ин рӯзҳо аллакай номзадҳо ба мақоми президентӣ дар соири шаҳру вилоятҳои ин кишвар ба тарғиби барномаҳои пешазинтихотии худ оғоз кардаанд.

Номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократии “Эҳёи миллӣ” Алишер Қодиров  вохӯрии нахустини худро аз вилояти Самарқанд шурӯъ кард. Зимни вохӯрӣ шахси боэътимоди вай аз интихобкунандагон даъват кард, ки дар интихобот ба тарафдории Алишер Қодиров овоз диҳанд.

Президенти вақти кишвар Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон рафт. Вай аз Ҳизби либерал-демократи Ӯзбекистон номзад пешбарӣ шудааст. Шавкат Мирзиёев ба сифати номзад ба мақоми президентӣ аввалин вохӯриаш бо интихобкунандагонро аз ҳамин ҷумҳурӣ оғоз кард ва ба онҳо барномаи пешазинтихоботии худро ироа намуд.

Дар интихоботи гузаштаи президентии соли 2016 Шавкат Мирзиёев бо ба даст овардани 88,61 дарсади овозҳои интихобкунандагон курсии президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ишғол кардааст.

Инчунин фаъолони Ҳизби сотсиал-демократи “Адолат” низ ба тарғиби барномаи пешазинтихоботии номзади худ Баҳром Абдуҳалимов оғоз кардаанд.

Дар ҳамин ҳол перомуни шуруи тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии номзад ба мақоми президенти Ӯзбекистон аз Ҳизби халқӣ-демократии Ӯзбекистон Мақсуда Ворисова ва номзад аз Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломуродов, инчунин ташкили вохӯрии онҳо бо интихобкунандагон дар воситаҳои ахбори умуми Ӯзбекистон ягон матлаб дарҷ нагардидааст.

Интизор меравад, ки онҳо низ ба тарғиби барномаҳои пешазинтихоботии худ шурӯъ хоҳанд кард. Дар воситаҳои ахбори расмии Ӯзбекистон гуфта шудааст, ки ин ду нафар низ барномаҳои пешазинтихоботии худро эълон кардаанд.

Ногуфта намонад, ки раванди маъракаҳои пешазинтихоботӣ ва ҷараёни овоздиҳии интихоботи президентии Ӯзбекистонро нозирони хориҷӣ ба намояндагӣ аз як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва журналистони расонаҳои гуногуни хориҷӣ низ назорат хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь