Тавре қаблан хабар дода будем, дар шаҳри Тошканд рӯзҳои 2-4 сентябр конфаронси 46-уми гурӯҳи Бонки исломии рушд баргузор мегардад. То баргузории чорабинии асосӣ раиси бонк Муҳаммад Сулаймон ал-Ҷассир дар доираи он якчанд дидору мулоқотҳо анҷом дод. Аз ҷумла, вай бо ҳамкорони худ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ чунин мулоқот баргузор кард.

Дар ин мулоқот директори иҷроияи Корпоратсияи тиҷорату савдои байналмилалии исломӣ Хане Салом Сунбул, ноиби Сарвазир-вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов, роҳбарони бонкҳои ҳамкори тиҷоратии ИДМ иштирок карданд.

Масъалаи асосие, ки дар ин мулоқот матраҳ гардид, таъсири пахши куруно ва оқибатҳои ногувори он, инчунин ҷиҳати дастгирии ташкилотҳои аъзо нақши гурӯҳи Бонки Исломии Рушд мебошад.

-БИР барои татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи таълим, сиҳати омма, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ ба ҳакорони худ дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои муштаракулманофеъ 6,4 миллиард доллари амрикоӣ ихтисос дод. Дар минтақаи мазкур Корпоратсияи тиҷорату савдои байналмилалии исломӣ (ITFC) ҷои аввалро ишғол мекунад. Ҳаҷми умумии маблағе, ки барои татбиқи лоиҳаҳо ҷудо намудааст, 1,2 миллиард доллар мебошад. Ин маблағҳо барои бахши хусусӣ, корхонаҳои хурду бузург ва кишоварзӣ, инчунин бехатарии хӯрокворӣ масрафт шудаанд,-гуфт Муҳаммад Сулоймон ал-Ҷассир.

Дар ин мулоқот боз таъкид гардид, ки ҳанӯз имкониятҳои тавсеа бахшидани ҳамкориҳо бо ИДМ мавҷуданд ва аз ин имкониятҳо бояд фаровон истифода бурд. Гуфта шуд, ки ITFC барои давлатҳои минтақа, ки ба он аъзоянд, дар барқарории иқтисодиёт ва ривоҷ ёфтани он кумакҳои молии худро дареғ намедорад.

2 сентябр маросими асосии конфаронси 46-уми гурӯҳи Бонки Исломии Рушд баргузор мегардад. Интизор меравад, ки дар он президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок ва суханронӣ мекунад.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь