Дар ин дақиқаҳо Шавкат Мирзиёев ба парлумони кишвараш паёми худро ироа мекунад. Ин паём бо ташаббуси сарвари давлат дар таърихи соҳибистиқлолии Ӯзбекистон бори дуюм ба вуқӯъ мепайвандад.

Шавкат Мирзиёев дар оғози суханронӣ изҳор кард, ки Ӯзбекистон мисли соири кишварҳои олам давраи мураккаби хуруҷи коронавирусро аз сар мегузаронад.

Вай эълон кард, ки соли 2021 “Соли пуштибонӣ аз ҷавонон ва мустаҳкам кардани саломатии аҳолӣ” номида мешавад.

Ба гуфтаи сарвари давлати Ӯзбекистон ҷавонони кишвараш бояд аз ҳар нигоҳ дастгирӣ карда шаванд. Агар онҳо ба шаҳру ноҳияҳои дигар рафта кор кунанд, барояшон як маоши иловагӣ пардохта мешавад.

Вай афзуд, ки дар ҷавоб ба муроҷиатҳои зиёди падару модарони оилаҳои эҳтиёҷманд, шумори грантҳои давлатиро дар донишгоҳҳо барои ҷавонондухтарон то ба 2 ҳазор афзоиш медиҳад. Барои духтарони аълохон стипендияҳои маъсус таъсис медиҳад.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь