16 ноябр дар тамоми ҷаҳон ҳамчун рӯзи таҳаммулпазирӣ таҷлил карда мешавад. Гуфта мешавад, соли 1997 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи рӯзи таҳаммулпазирӣ қарор содир намудааст.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз соли 2019 ин рӯз ба ҳафтаи таҳаммулпазирӣ табдил дода шудааст ва тӯли як ҳафта бо ширкати мардуми зиёд ва меҳмонон қайд карда мешавад. Имсол ҳафтаи таҳаммулпазирӣ таҳти шиори «Маърифат ва таҳаммулпазирии байни миллатҳо» ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон вакилони беш аз 130 қавму миллат дар фазои ваҳдату ҳамгироӣ ба сар мебаранд. Ба гуфтаи президент Шавкат Мирзиёев сарвати бузургтарин барои аҳолии Ӯзбекистони соҳибистиқлол маҳз зиндагии орому осудаи мардум, эҳтиром нисбати якдигар, ҳамчун аъзои як оила дар фазои дӯстиву рафоқат ва ваҳдат зиндагӣ кардани намояндагони қавму миллатҳои гуногун мебошад.

-Бо ин сарвати бебаҳо ифтихор менамоем ва тамоми нерӯ ва имкониятҳои давлату ҷомеаро ба мустаҳкам намудани ҳамин фазои дӯстиву рафоқат сафарбар мекунем. Ба сифати президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамин нуктаро таъкид менамоям, ки дар сиёсати давлатии мо минбаъд низ ба рушди худшиносӣ, ҳифзи забону фарҳанг, дин, урфу одат ва анъанаҳои ҳамаи миллату қавмҳо таваҷҷӯҳи хос дода мешавад,-изҳор намудааст Шавкат Мирзиёев.

Рӯзи аввали ҳафтаи таҳаммулпазирӣ дар шаҳри Тошканд аз маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи оилаи Шоаҳмад Шомаҳмудовҳо оғоз гардид, ки ҳамчун рамзи меҳру мурувват ва шафқат дар Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Вай дар рӯзҳои сахту вазнин фарзандони понздаҳ миллати гуногунро барои тарбия намудан ва хӯрондану пӯшонидани онҳо азм намудааст.

Дар ин маросим ходимони Вазорати туризм ва варзиш, Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва робита бо мамлакатҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, роҳбарону фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, ҷамъиятҳои дӯстӣ бо кишварҳои хориҷӣ, варзишгарон, ҷавонон ва намояндагони расонаҳои гуногун ширкат намуданд.

Дар доираи ҳафтаи таҳаммулпазирӣ баргузории чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ барномарезӣ шудаанд. Аз ҷумла, роҳандозии брифингҳо, суҳбатҳои «мизи мудаввар», конфронсҳо, намоишгоҳи суратҳои рассомон ва амсоли он дар пояи баланд баргузор карда хоҳанд шуд.

-Ҳамаи ин чорабиниҳо намунаҳои беҳтарини таҳаммулпазириро дар худ мунъакис хоҳанд кард. Ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф намудааст, ки таҷрибаи Ӯзбекистон дар ин самт барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва минтақаҳои дигари олам намунаи ибрат мебошад,-мегӯяд вазири Туризм ва варзиши Ҷумҳурии Ӯзбекистон Азиз Абдуҳакимов.

Яке аз ин чорабиниҳо, ки 16 ноябр баргузор гардид, сафирони Фавқулодда ва мухтори Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Федератсияи Русия дар Ӯзбекистонро низ фаро хонд.

-Таъмини сулҳу оромии байни миллатҳо, таҳаммулпазирии конфессияҳо барои мардуми Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи хеле муҳим маҳсуб меёбад. Шукр мекунем, ки мардуми ду кишвари ҳамҷавор дар фазои меҳру муҳаббат ва мурувват нисбати ҳамдигар ба сар мебаранд. Арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои мо муштарак мебошанд ва барои рушду ривоҷи он дар Тоҷикистону Ӯзбекистон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст,-мегӯяд сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Дар ин чорабинӣ қайд гардид, ки дар ҷаҳони имрӯза қувваҳои манфуре ҳастанд, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамгироии мардуми зиёдро халалдор мекунанд. Ба таъкиди иштирокчиёни чорабинӣ ҳифзи ҷавонон аз гаравидан ба падидаҳои ногувори миллатгароӣ, низоъҳои мазҳабиву динӣ ва минтақавӣ аз масъалаҳои басо муҳим боқӣ хоҳанд монд.

-Ҳадафи асосии «Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ», ки дар кишвари мо васеъ қайд карда мешавад, мусоидат ба иштироки ҷавонон дар рушди ҷомеа, дар рӯҳияи ҳифзи забон, фарҳанг, анъана ва расму оинҳои халқҳои муқими он тарбия намудани онҳо, боз ҳам вусъат бахшидани ҳисси ҳамбастагии байни миллатҳо ва таҳаммулпазирии байни конфессияҳо мебошад,-иброз намуд журналисти радиои маҳаллӣ Шарофиддин Тӯлаганов.

Ҳафтаи таҳаммулпазирӣ то 21 ноябр идома хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here