Пас аз эълони эмкунии ҳатмӣ аз коронавирус барои 60 дарсади кормандони бахши хадамот дар Маскав, бисёре аз ҳамватанони мо низ фаъолона ба воксинзанӣ шурӯъ карданд.

Ҳоло чанд нуқтаи воксинзанӣ ҳаст?

Дар марҳилаҳои аввали маъракаи эмгузаронӣ барои муҳоҷирон дар Маскав танҳо ду нуқта мавҷуд буд: дар маркази савдои Садовод ва маркази муҳоҷират дар Сахарово. Бо кушодани нуқтаҳои нави воксинзанӣ раванди эмгузаронӣ суръат пайдо кард.

Аз 7-уми июл дар Маскав як маркази бузурги эмгузаронӣ дар Лужникӣ ба кор шурӯъ кард. Инчунин, хориҷиён ба таври хусусӣ метавонанд воксинро дар шӯъбаҳои пулакии 25 поликлиникаи пойтахти ин кишвар гиранд.

Пули воксинро кӣ пардохт мекунад?

Ҳоло барои гирифтани воксин бояд яке аз ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шавад: иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (РВП), иҷозат барои истиқомат (ВНЖ), патент барои фаъолияти меҳнатӣ.

Воксин пулакӣ буда, 1300 рубл (199 сомонӣ) аст. Ба ин маблағ эмкунӣ, машварати духтур, шаҳодатномаи эмгузаронӣ дохил мешаванд.

Ширкатҳое ҳастанд, ки хароҷоти эмкунии муҳоҷирони меҳнатиро мустақилона бар дӯш мегиранд. Ба ин, аз ҷумла, ширкати Яндекс дохил мешавад, ки дар минтақаи Маскав барои ронандагони таксиҳо ва хаткашонҳо – шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар бахшҳои хизматрасониҳои Яндекс кор мекунанд, даҳҳо нуқтаи эмгузаронии ройгонро фаъол кардааст. Ин ширкат ҳамаи хароҷотро бар ӯҳда гирифтааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь