Субҳи имрӯз сафари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ дар ноҳияи Роштқалъа идома ёфт. Сафари президент дирӯз аз ноҳияи Дарвоз оғоз шуда буд.

Нахуст, роҳбари давлат маркази адлияро дар ноҳияи Роштқалъа мавриди истифода қарор дод. Сипас, бинои маъмурии Нозироти андоз ва Раёсати молия низ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

Дар идома майдони Парчами давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа ба истифода дода шуд. Баъд, як маркази хизматрасонӣ ба муштариён дари худро боз кард. Маркази нави хизматрасонӣ аз ду ошёна иборат буда, барои хизматрасонӣ дар бахши энергетика ба аҳолии ноҳияи Роштқалъа пешбинӣ гардидааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияи ВМКБ идома дорад.

Дар акс Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ҳангоми ба фаъолият оғоз кардани  ҶДММ «Таҷ-эт»
Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь