Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон Фатҳулло Ҳурматзода, зимини нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, ки нисбати кормандонаш аз ҷониби баъзе аз ниҳодҳо  фишори сахт ҳаст, аммо ҳамачиро ошкоро гуфта намешавад, зеро ҳаққиқат талх аст. Аммо ин шахси масъул шарҳ надод, ки нисбати зердастонаш чи гуна фишорҳо раво дида мешаванд.

Дар идома қайд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ кормандони идораҳои замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 2 ҳазору 555 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин дар майдони беш аз 2009,04 гектарро ошкор кардаанд.

Иттиллоъ дода шуд, ки  барои дар маҳал бартарф намудани ҳолатҳои мазкур 2555 дастур, 2 ҳазору 214 протоколу қарор дар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуии маъмурии Ҷумҳури Тоҷикистон тартиб дода шуда, нисбати қонунвайронкунандагон ба маблағи  бештар аз 1  миллиону  23 ҳазору  584 сомонӣ тадбиқ карда шудаст, ки аз он 82 дарсади маблағҳо руёнида шуд.

Ҳамчунин, ӯ афзуд, ки барои чораҷӯӣ ва таҳқиқи ҳуқуқӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба мақомоти прокуратура 185 маводи маъмурӣ пешниҳод карда шуд. Барои маҷбуран ситонидани ҷаримаҳо 141 маводи маъмурӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо пешниҳод карда шудаанд.

Гуфта шуд, ки дар ин дарва 15 адад қарори ғайриқонунии раисони шаҳру ноҳияҳо ошкор гардида, бо пешниҳодҳои кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳои вилоят 3 қарор дар майдони 33,14 гектар бекор карда шуданд.

– Дар ин мудат бештар ба кумитаҳои идораҳои замини шаҳру ноҳияҳои Кӯшониён-32, Ҷайҳун, Қубодиён, Ёвон-14, А.Ҷомӣ-10, Шаҳритус, Хуросон-6, Дӯстӣ,  Балхӣ-7 Левакант-9, Вахш-20, Норак ва Балҷувон низ арзу шикояти сокинон ворид шудаст, ки ин боиси нигаронист, – илова кард Ф. Ҳурматзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь