Дар як конфронси байналмилалӣ, ки бо ибтикори пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии » Маҳалла ва оила»-и назди Вазорати пуштибонӣ аз маҳалла ва оилаи Ӯзбекистон роҳандозӣ шудааст, олимон,  мутахассисон ва коршиносони зиёд аз намояндагиҳои барномаҳои мухталифи СММ, Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва мамолики аврупоӣ ширкат мекунанд.

Ин конфронс дар шаш иҷлосия ду рӯз давом хоҳад кард. Гуфта шуд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ яке аз равандҳои хеле муҳим мебошад

— Дар Ӯзбекистон ба ин масъала хеле бархурди ҷиддӣ сурат мегирад. Бори аввал дар замони касби истиқлол 1-25 ноябри соли 2023 маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ гузаронида мешавад. Аммо 1-25 ноябри соли равон ба сифати таҷриба кори барӯйхатгирии аҳолиро мо дар се ноҳияи се вилоят ва ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд мегузаронм, — гуфт Нодира Эгамбердиева, директори пажуҳишгоҳи «Маҳалла ва оила».

Вай афзуд, ки баргузор кардани ин кор банақшадарории инфрасохторҳои иҷтимоӣ, беҳбуди хизматрасонӣ ба аҳолӣ, рафъи эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ ва амсоли онро хеле осон мегардонад.

Сардори садорати омори иҷтимоӣ-демографии Кумитаи омори ИДМ Ирина Збарская изҳор намуд, ки дар бобати  барӯйхатгирии аҳолӣ дар фазои ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле пешқадам мебошад

— Ба вазъияти мураккаби ковидӣ нигоҳ накарда Тоҷикистон тавонистааст, ки ин маъракаи муҳимро дар амал татбиқ намояд, аммо Ҷумҳурии Қирғизистон ин корро беш аз пеш ба таъвиқ мегузорад, — гуфт Ирина Збарская.

Дар ин конфронс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар ширкат доранд. Онҳо аз идораҳои давлатӣ ва байналмилалие мебошанд, ки бевосита ба масъалаи мавриди баррасии конфронси Тошканд робита доранд. Инҳо Шодмон Шокирзода, ноиби аввали директори Агентии омори назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ворис Муродов, сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолии Агентии омор ва Ҳувайдо Шоинбеков, менеҷери лоиҳаи Хазинаи СММ оид ба аҳолишиносии Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошанд. Интизор меравад, ки онҳо дар бораи корҳои ба анҷомрасонидаи худ ҷиҳати барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон барои иштирокчиени конфронс маълумоти кофӣ ироа хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here