15 июл дар шаҳри Тошканд дар доираи конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ: робитаҳои минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” мулоқоти формати муколамаи “С5+1” баргузор гардид. Дар он вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ, муовини раиси Девони Вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниёзалиев ва мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рендалл иштирок карданд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориро дар формати С5+1 баррасӣ карданд. Инчунин иштирокчиёни мулоқот оид ба масъалаҳои сиёсати байналмилалӣ ва амнияти минтақавӣ  табодули назар намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов ҳамтоёни худ ва меҳмонони ин конфронсро ба Ӯзбекистон хайрамақдам гуфт. Вай ибрози умедворӣ намуд, ки ин конфронс дар ҳалли масъалаҳои мубрам ва муҳим нақши созандаи худро хоҳад бозид.

Мушовири Президенти ИМА оид ба амнияти дохилӣ Элизабет Шервуд-Рендалл иброз намуд, ки кишвараш аз Афғонистон нерӯҳои худро берун мекунад ва дар ин маврид ихтилофи назар вуҷуд надорад. Хонуми амрикоӣ афзуд, ки бо вуҷуди ин ИМА омода аст ҷиҳати барқарории иқтисодиёти Афғонистон ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардуми он ҳар гуна кумакҳои лозимии худро идома хоҳад дод.

Элизабет Шервуд-Рендалл дар кори баргузории ин конфронси байналмилалӣ ва ба натиҷаҳо расидани он муваффақият хост.

Баъд аз ин мулоқоти вазирони корҳои хориҷӣ бидуни журналистон мулоқоти худро идома доданд.

Бо анҷоми мулоқоти мазкур мухбири “Фараж” бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сироҷиддин Мӯҳриддин як суҳбати кӯтоҳи  ихтисосӣ анҷом дод ва пурсид, ки боз дар мулоқот кадом масъалаҳо баррасӣ гардиданд.

-Наздик ба ду сол аст, ки мо дар формати С5+1 мулоқот баргузор накарда будем. Имрӯз баъди пахши пандемия бори аввал аст, ки дар чунин формат гирдиҳам омадем. Дар мулоқот мо масъалаҳои басо муҳимро мавриди баррасӣ қарор додем. Зимнан хеле хушҳол ҳастам, ки дар мулоқоти имрӯзаи мо ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ ширкат менамояд. Ин гурӯҳро мушовири раисҷумҳури ИМА хонум Рендалл сарварӣ мекунад,-гуфт Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова намуд, ки дар мулоқот дар мавриди муборизаи муштарак бо коронавирус табодули назар сурат гирифт. Ҷаноби Мӯҳриддин таъкид варзид, ки масъалаи дар айни замон мубраму муҳим -доир ба вазъ дар сарҳади Афғонистон низ гуфтугӯ карданд ва вай аз ҷониби нерӯҳои ҷунбиши толибон ишғол кардани минтақаҳои сарҳадиро дар меҳвари гуфтугӯи худ қарор дод.

-Мо пешниҳод намудем, ки дар ин самт чорабиниҳои ҷиддитар гирифта шаванд. Зеро танҳо бо баргузор намудани семинару конфронсҳо ин масъалаи муҳим ҳаллу фасл нахоҳад шуд. Масъалаи амнияти марзӣ танҳо ба як Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут нест, балки он ба ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки бо Афғонистон марзҳои муштарак доранд, низ хеле вобаста мебошад. Ин фикрҳои маро ҷониби ИМА низ хеле хуб пазироӣ намуд,-изҳор кард Сироҷиддин Мӯҳриддин.

Вай боз тазаккур дод, ки дар ҷараёни мулоқоти формати С5+1 масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, тағйири глобалии иқлим ва масъалаҳои дигар низ баррасӣ гардиданд. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин дар поёни суҳбати ихтисосӣ бо “Фараж” иброз дошт, ки мулоқот бо қабули як ҳуҷҷати муҳим хотима ёфт.

Ногуфта намонад, ки як рӯз қабл дар шаҳри Тошканд ва дар доираи ин конфронс мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони идораҳои корҳои дохилии кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дар он ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба омодагӣ ба мулоқоти навбатии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро дар Туркманистон, аз ҷумла лоиҳаҳои санадҳои ҳамкориҳои муштаракро таҳти муҳокима қарор доданд, ки ин санадҳо барои баррасии сарони давлатҳо пешниҳод шудаанд.

Интизор меравад, ки 16 июл дар шаҳри Тошканд чорабиниҳои асосии конфронси байналмилалии “Осиёи Марказӣ: робитаҳои минтақавӣ. Мушкилот ва имкониятҳо” баргузор мегарданд. Дар чаҳорчӯби ин конфронс марсими ифтитоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошканд низ ба вуқӯъ хоҳад пайваст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь