30-юми сентябр дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” бо ташаббуси муассисаи мазкур ва Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон 100- олагии зодрӯзи коргардони маъруфи синамои тоҷик Борис Алексеевич Кимягаров таҷлил  гардид.

Дар оғоз, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ва намояндагони  Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон дар марқади Борис Алексеевич Кимягаров маросими гулгузорӣ ва поси хотири ин абармарди санъати синаморо анҷом доданд.

Сипас, бо иштироки олимону коршиносони соҳаи синамо “Мизи мудаввар” баргузор шуд. Дар ибтидои кори ин ҳамоиш директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён баромад карда, аз фаъолияти филмофарии Барис Кимягаров, ҳамчун намунаи насли нав дар синамои миллӣ суханронӣ кард.

Маҳмадсаид Шоҳиён зикр кард, ки нақши Борис Кимягаров дар рушду инкишофи синамои тоҷик муассир буд.

– Кимягаров дар шароите ба “Тоҷикфилм” пайваст, ки синамои тоҷик базаи хуби техникӣ надошт, – гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён. – Новобаста ба шароити мушкили корӣ Кимягаров тавонист, бо банаворгирии филмҳои таърихӣ, ба пайдоиши филми ҳуҷҷатӣ дар синамои тоҷик асос гузорад.

Дар идомаи “Мизи мудаввар” киношиносон Тилло Некқадам, Саъдулло Раҳимов ва Маҳмадалӣ Сангов, ҳунармандони синамо Марям Иссоева  ва Малоҳат Абдуллоева дар бораи вижагиҳои ҳунари коргардонии Борис Кимягаров суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш китоби тозанашри доктори илмҳои фалсафа, фарҳангшинос Саъдулло Раҳимов зери унвони “Очерки истории и теории таджикского кино: этапы  инденфикации” муаррифӣ гардид.

Дар хотима филми мустанади “Поси хотира”-и коргардон Елизавета Кимягарова, ки ба тозагӣ бо забони тоҷикӣ дубляж шудааст, ба намоиш гузошта шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ Маҳмадсаид Шоҳиён таъкид кард, ки то ҷашни 101-солагии Борис Кимягаров дар Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, “Хонаи кино”-и ба номи Борис Кимягаров кушода хоҳад шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь