Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки аз кишвари Туркманистон газу бензин харидорӣ намояд. Бо иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистон Тоҷикистон ин имкониятро метавонад ба даст орад.  Дар ин бора  саҳифаи интернетии “Туркманистон: асри тиллоӣ” хабар додааст.

Ҳангоми баргузории ҳаштумин ҷаласаи Комисияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию бозоргонӣ ва илмию техникӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар Душанбе, соҳибкорони кишвар хоҳишманди харидории маҳсулоти нефту гази туркман шудаанд.

Ҷониби Тоҷикистон мақсад дорад, ки қисман бензин, маводи сӯзишвории дизелӣ, маводи сӯзишворӣ барои чархболу ҳавопаймо, равған барои муҳарикҳои техникӣ, гази моеъ ва полипропиленро ба воситаи иштирок дар савдои биржаи молу ашёи хоми давлатии Туркманистонро ба даст орад.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ тарафҳо масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои бозаргонӣ, саноатӣ, нақлиёт, қувваи барқ, экология, маориф, фарҳанг, варзиш ва иқтисодиёт баррасӣ карданд.

Ҳамчунон, Туркманистон низ хостааст, ки аз Тоҷикистон ноқилҳои алюмениро харидорӣ намояд. 

Дар хотимаи ҷаласа тарафҳо санадҳои лозимаро ба имзо расониданд ва дар назар аст, ки соли оянда ин ҷаласа дар Туркманистон баргузор мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь