Вақте ман барои эҷоди мавод аз боби рӯзгор ва зиндагиномаи журналисти маъруфи тоҷик Неъматулло Мирсаидов қалам ба даст гирифтам, ҷисму руҳам ногаҳон гирифтори ҳассосият гардид, зеро рӯзгору фаъолияти эҷодиаш ҳамеша аз вуруди навпардозӣ ва ислоҳотталабӣ ба журналистикаи тоҷик шурӯъ шудааст.

Ҳанӯз хуб дар хотир дорам, ки солҳои 70-80-уми қарни гузашта теъдоди журналистони русзабони тоҷик ангуштшумор буда, устоди зиндаёд Отахон Латифӣ ҳамчун мухбири махсуси рӯзномаи «Правда» парчамбардори ин гурӯҳи қаламкашон буданд. Баъдан устодон Нур Табаров, Насрулло Асадуллоев ва бародарони ҳамқалами мо Ҳулкар Юсупов, Умед Бобохонов ба ин давра пайваста, дар мавриди инъикоси ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон аз тариқи расонаҳои марказии собиқ шуравӣ нақши муассир гузошанд.

Неъматулло Мирсаидов замоне дар телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард, ки воқеан ин дастгоҳи бузурги таблиғоти давлатӣ ба шореҳони русзабон ниёз дошт. Ӯ қадамҳои аввалини худро дар ин ҷода аз барномаҳои варзишӣ шурӯъ карда, дар таблиғи комёбиҳои беназири тими футболи «Помир»-и Душанбе саҳми бориз гузошт. Яъне, ӯ аз ҷумлаи аввалин шореҳони варзише буд, ки дар як вақт бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аз ҷараёни бозии футболи лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар он тими Тоҷикистон бо машҳуртарин тимҳои собиқ кишварҳои шӯравӣ қувваозмоӣ мекард, ба таври мустақим гузориш медод. Аз истеъдоду маҳорати ҳирфаии Неъматулло Мирсаидов шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ роҳат истифода карда, барои шарҳу гузориши ҷолиб ба ӯ изҳори сипос мекарданд, ки ин воқеан ифтихори тоҷикистониён буд. Баъдан бо пешниҳоди Раёсати Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон ӯ ҳамчун шореҳи сиёсии телевизион ба мавзуҳои мубрами сиёсиву иқтисодӣ даст зада, минбаъд дар шарҳи воқеаҳои байналмилалӣ, ба вижа, дар мавриди инъикоси камбуду пешравии ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои ҷаҳон муваффақу комёб гардид. Дар ин ҷо ба хотир овардани танҳо як гузориши мустақими телевизионии Неъматулло Мирсаидов ва мусоҳибаҳои ӯ бо журналистони шабакаҳои телевизионии мамлакатҳои хориҷӣ дар бораи фоҷеаи бузурги заминларзаи «Шарора» кофист. Баъди баргузории пули телевизионӣ халқияту миллатҳои мухталифи дунё аз фоҷеаи дар Тоҷикистон рухдода бохабар гардида, барои рафъи оқибатҳои ҳузнангези ин заминларза оҷилан кӯмакҳои моддӣ расониданд. Гузашта аз ин, сарони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба мардуми шарифи Тоҷикистон аз тариқи барқияҳо тасаллияти хкдро иброз доштанд. Ин аст нақши журналист ва расонаҳои хабарӣ дар ҳаёти воқеии инсоният, ки, мутаассифона, аз фалокат эмин нест.

Фузун бар ин, сӯҳбату мусоҳибаҳои ӯ бо раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар солҳи мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ барои таъмини сулҳу салоҳ ва баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Афғонистон нақши калидӣ дошт. Ба ҳамин монанд боз даҳҳо барномаву филмҳои мустанади Неъматулло Мирсаидовро ёдовар шудан мумкин аст, ки барои пешрафти ҳаёти сисёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳанги кишвар таккони бузург бахшидааст.  Албатта, дар чаҳорчӯбаи як очерки мустанад омӯзиш, таҳлил ва пажӯҳиши паҳлӯҳои мухталифи фаъолияти эҷодии ин журналисти соҳибназар аз имкон берун аст. Ва фикр мекунам, ки ба ин кори муфид дар оянда муҳаққиқону журналистони ҷавон машғул шуда, дар риштаи омӯзиши таърихи журналистикаи тоҷик ва самтҳои мухталифи эҷодиёти рӯзноманигори ҳирфаӣ Неъматулло Мирсаидов қадамҳои устувор хоҳанд гузошт…

Ҳоло ман ҳаминро илова карда метавонам, ки Неъматулло Мирсаидов марди  якраву якрӯ ва ҳамчун эҷодкор воқеан рӯзноманигори ҳирфаӣ аст. Ӯ ҳамеша барои инъикоси мавзуҳои мубрами рӯз талош карда, хабару мақола, гузоришу мусоҳиба ва маводи чопии таҳлиливу тадқиқотиаш дар расонаҳои хабарии маъруфи ҷаҳон интишор мегарданд.

Шояд саволе ба миён ояд, ки чаро Неъматулло Мирсаидовро банда чунин таърифу тавсиф кардааст? Бояд ёдовар шавам, ки ин рӯзноманигори соҳибноми тоҷикро ман дар лаҳзаҳои ҳассостарини зиндагӣ, ба вижа, дар замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон озмоиш кардам. Ҳарчанд мо мутаваллиди деҳаи Чоркуҳи ноҳияи Исфара ҳастем ва дар солҳои тӯлонӣ феълу атвори ҳамдигарро хуб дарк кардаем, вале ҷасорату садоқате, ки ӯ дар он солҳои барои миллати тоҷик ба хотири таъмини сулҳу салоҳ нишон дод, маро воқеан ба ҳайрат гузошт. Неъматулло Мирсаидов ҳамчун директори барномаҳои телевизион новобаста аз таҳдиду фишори гурӯҳҳои мухталифи ҷангӣ ва қумондонҳои ҷабҳаҳои ба ҳам мухолиф дар таблиғи сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти олии кишвар саҳми муносиб гузошт. Дар он солҳои мудҳиш ба ӯ ва ҳамкоронаш, ки дар зери садои тир ва таҳдиди ҷон ба омодасозии барномаҳои телевизион машғул буданд, муяссар гардид, ки ормонҳои олии давлат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро пиёда сохта, дар қаламрави кишвар сохти конститутсиониро дар якҷоягӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ таъмин созанд.

Фузун бар ин, Неъматулло Мирсаидов аввалин директори ширкати радио ва телевизиони байнидавлатии «Мир» дар Тоҷикистон буда, минбаъд фаъолияти эҷодии худро дар оҷонсии иттилоотию таҳлилии «Вароруд» ба сифати сармуҳаррир идома додааст. Маҳз дар ҳамин солҳо ӯро аз тариқи шабакаҳои интернетӣ шумули ҳарчӣ бештари хонандагон ва рӯзноманигорони ҳирфаии кишварҳои мухталиф эътироф карда, гузоришу мақолаҳои таҳлилиашро бе таҳриру дигаргунсозӣ оҷилона интишор карданд. Ва ин ҳамкориро ӯ бо ҳамтоёни хориҷии худ то ба имрӯз идома медиҳад, ки ин воқеан боиси қаноатмандии ҷомеа ва бахусус рӯзноманигорони тоҷик аст.

Мисоли равшани ин гуфтаҳо фаъолияти эҷодии Неъматулло Мирсаидов дар рӯзҳои мудҳиши  муноқишаҳои наздисарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон аст. Ӯ аз ҷумлаи фаъолтарин журналистоне мебошад, ки дар набарди иттилоотӣ пирӯз гардида, бо гузоришу мусоҳиба ва филмномаи мустанад бо забони русӣ воқеияти таърихӣ ва сарчашмаҳои асосии муноқишаҳои чандинсолаи баҳсҳои наздимарзиро ба таври возеҳ инъикос кард.

Ҳоло бошад ӯ чун ҳарвақта сабуриву хоксорӣ, шикастанафсиву некномиро пешаи худ карда, ба гурӯҳи калони рӯзноманигорони вилояти Суғд асрори касби журналистиро ҳаддалимкон омӯхта, ҳамеша андармони кори эҷодӣ аст. Сулҳу салоҳ ва шукуфоии мамлакат барояш беҳтарин мукофоти амал аст.

Лозим ба ёдоварист, ки бо вуҷуди ин ҳама дастовардҳои бузурги эҷодӣ дар риштаи журналистикаи байналмилалӣ ва ҷонфидоӣ ба хотири таъмини сулҳу салоҳ Неъматулло Мирсаидов то имрӯз, яъне муддати 40 сол аст, ки иҷоранишин аст. Ба қавле, на дар Душанбе ва на дар Хуҷанд хона надорад. Хушбахтона, имрӯз назари роҳбари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода нисбати қаламкашони ҳирфаие, ки манфиатҳои давлату мардуми Тоҷикистонро дифоъ мекунанд, ба куллӣ тағйир ёфтааст. Аз ин лиҳоз мо боварии комил дорем, ки дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо кумак ва дастгирии роҳбарияти олии кишвар Неъматулло Мирсаидов соҳиби манзили истиқоматӣ мегардад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь