Аз 22 то 27-уми январи соли 2019 дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони муассисаҳои ислоҳӣ тренинг баргузор гардид.
Тибқи барнома 20 нафар корманди ҷавони муассисаҳои ислоҳӣ оид ба се барномаи таълимӣ – «Омодасозии равонии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Корҳои иҷтимоӣ бо маҳкумшудагон пеш аз озодшавӣ» ва «Ташкили кор бо нафароне, ки бо ҷурми содиркунии ҷиноятҳои табиати террористӣ ва ифротигароидошта маҳкум шудаанд», ки дар асоси базаи методологии Донишкада бо ёрии коршиносони Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои ҷиноии Ҷумҳурии Қирғизистон таҳия шудаанд, омӯзонида шуданд.
Барномаҳои мазкур татбиқи пилотии модулҳои таълимӣ буда, бо мақсади баланд бардоштани дониш ва маҳорати кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ҳангоми кор бо маҳкумшудагон таҳия шудаанд. Муддати 6 рӯзи таълимӣ ба иштирокчиён оид ба мафҳум, меъёр ва мазмуни психологии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ, сафарбаркунии равонии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ ҳангоми адои вазифа, хусусиятҳои равонии маҳкумшудагони ноболиғ, мардон (ҷавонон, одамони синну соли болиғ ва калонсол) ва занон, инчунин хусусиятҳои равонии маҳкумшудагон барои терроризм ва экстремизм омӯзонида шуд.
Ба андешаи Муҳаммад Ҳомидов, корманди муассисаи ислоҳии 9/7, воқеъ дар шаҳри Бохтар, маълумоти гирифтаи онҳо дар тренингҳои мазкур кори ҳаррӯзаи онҳоро бо маҳбусон нисбатан беҳтар хоҳад кард.
– Ман муддати 4 сол мешавад, ки ҳамчун сардори даста дар муссисаи ислоҳии 9/7 кор мекунам. Таври маълум, дар муассисаи ислоҳӣ нафарони синну сол ва психологияи гуногун нигоҳдорӣ мешаванд ва маълумоте, ки дар муддати ин 6 рӯзи тренинг мо гирифтем, бароямон хело саривақтӣ аст,- гуфт Ҳомидов.
Яке аз Ҳадафҳои рушди устувор, ки Тоҷикистон ҳамчун узви Созмони Миллали Муттаҳид дар қатори 16 ҲРУ-и дигар онро бояд иҷро намояд, мусоидат ба бунёди ҷомеаҳои осоишта ва озод аз монеаҳои иҷтимоӣ ба манфиати рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба адолати судӣ барои ҳама ва таъсиси муассисаҳои масъули самаранок аст. Бинобар ин, дар доираи тренингҳои мазкур ба иштирокчиён оид ба меъёрҳои байналмилалии кори иҷтимоӣ бо маҳкумшудагон, инъикоси стандартҳои байналмилалии кори иҷтимоӣ бо маҳкумшудагон дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳум ва моҳияти ҳамроҳии иҷтимоии маҳкумшудагоне, ки барои озод шудан омода мешаванд, нақши созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди мутобиқшавии иҷтимоии маҳкумшудагоне, ки барои озод шудан аз муассисаҳои ислоҳӣ омода мешаванд ва мушкилоти аз нав иҷтимоикунӣ ва мутобиқшавии маҳкумшудагоне, ки аз муассисаҳои ислоҳӣ озод мешаванд, фаҳмонида шуд.
Дар баробари ин, ҳангоми таълим оид ба ташкили кор бо маҳбусони бо ҷурми терроризм ва ифротгароӣ маҳкумшуда, оид ба таърихи дини Ислом, радикализм, стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҳангоми кор бо маҳбусони бо ҷурми ҷиноятҳои табиати террористӣ ва ифротигароидошта маҳкумшуда маълумот дода шуд.
Ба қавли Наврӯз Расулов, корманди муассисаи ислоҳии 1-3/6-и ноҳияи Ёвон, кор ва назорати маҳбусони бо ин ҷурм маҳкумшуда нисбатан мушкил аст. «Нафароне, ки бо айби терроризм ва эктремизм маҳкум карда мешаванд, на ҳамеша бесаводу аз қишри поёнӣ ҳастанд. Кор бо онҳо хеле мушкил аст, чун на ҳама вақт муяссар мегардад, ки ба онҳо воқеиятро фаҳмонд. Ин донишҳое, ки имрӯз мо дар ин тренингҳо гирифтем, бахусус оид ба ҷиҳатҳои равонии маҳбусон, умедворам, ки бароямон дар оянда ҳангоми кор бо чунин нафарон кӯмак мекунад»,- гуфт Расулов.
Тибқи иттилои ташкилкунандагон, чунин барномаҳои таълимӣ дар баланд бардоштани донишу малакаи кормандони муассисаҳои ислоҳӣ хеле муҳим буда, дар навбати худ самаранокии истифодаи усулҳои нави кор бо маҳбусонро таъмин мекунанд.
– Ҳангоми курсҳо мушкилоти муосир, аз қабили экстремизм ва террорризм баррасӣ шудаанд, чун кормандони муассисаҳои ислоҳӣ бояд барои кор бо ашхоси бо ин ҷурм маҳкумшуда омода бошанд. Дар баробари ин, аҳамияти психологии кор дар муассисаҳои ислоҳӣ низ муҳим аст, пеш аз ҳама бояд ба омодагии руҳиву равонии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ диққати махсус дод ва барои такмили ихтисоси онҳо аз имконоти мавҷуда истифода кард,- иброз намуд Шаҳло Абдунабизода, директори иҷроияи ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон”.
Маврид ба ёдоварист, ки омӯзиши мазкур дар доираи лоиҳаи “Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкориҳои иқтисодӣ маблағгузорӣ шуда, аз ҷониби DVV International дар ҳамдастӣ бо ду ташкилоти ҷамъиятии маҳаллӣ – “Ҷаҳон” ва “Идораи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун” амалӣ карда мешавад, гузаронида шуд.
М. НОЗИМӢ
Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи «Ҳимояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ва шахсони аз маҳбас озодшуда дар Тоҷикистон», ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии Олмон оид ба рушд ва ҳамкории иқтисодӣ маблағгузорӣ мешавад, омода ва нашр шудааст. Мундариҷаи маводи мазкур мояи масъулияти муаллиф буда, ифодагари нуқтаи назари маблағгузорон намебошад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь