Ҳамасола дар саросари кишвари азизамон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.

24-ноябри соли 2021 дар Қасри фарҳанги ба номи Рӯдакии ноҳия ба муносибати Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода, намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, омӯзгорон, хонандагон, гирандагони стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия чорабинии тантанавӣ  доир гардид.

Чорабинӣ бо даровардани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толор ва садо додани  Суруди миллӣ  оғоз гардид.

Нахуст, раиси ноҳияи Деваштич муҳтарам Ашуралӣ Ҷалилзода баромад намуда, кулли ҳамватанонамонро бо Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.

Баъди суханронии раиси ноҳия намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода паёми табрикии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи сокинони ноҳия расонд.

Зимни баромади худ намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода қайд намуд, ки воқеан ҳам, парчами давлатӣ нишони соҳибдавлатию соҳибихтиёрӣ, ифодакунандаи таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпарвари кишварро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷгузор бошад.

Инчунин, дар чорабинӣ ба чандин афсарону сарбозон сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Сипас, аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳияи Деваштич барномаи ҷолиби консертӣ намоиш дода шуд.

Маратҷон Ҷабборов,

ноҳияи Деваштич

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь