Як ҳайати густардаи синамогарон ва ҳунармандони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён барои ширкат дар Фестивали сенздаҳуми байналмилалии синамои Тошканд омадаанд, 1 сентябр озими шаҳри Андиҷон шуданд.

Дар вокзали роҳи оҳани ин шаҳр онҳоро хеле гарму ҷӯшон истиқбол гирифтанд. Меҳмонони тоҷикистонӣ аз нону намаки мардуми ин шаҳр насиба карданд ва баъди хӯроки чошт ба тамошои шаҳр баромаданд. Аввалин ҷое, ки онҳо боздид намуданд, майдони “Регистон”-и шаҳри кӯҳнаи Андиҷон мебошад.

— Хеле аз пазироии гарми мизбонон хушҳол ҳастем. Мардуми водии Фарғона хеле меҳмондӯст ва меҳмоннавоз мебошанд. Фикр мекунам, ки ин дидору мулоқоти мо бо мардуми шаҳри Андиҷон ва тамошои ҷойҳои таърихии он дар аъзои ҳайати мо таассуроти хеле хуб боқӣ мегузоранд, — мегӯяд ба мухбири “Фараж” Маҳмадсаид Шоҳиён.

Сафари ҳайати меҳмонони тоҷикистонӣ дар шаҳри Андиҷон идома дорад. Интизор меравад, ки шомгоҳон онҳо сафари худро ба шаҳри Фарғона давом хоҳанд дод.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори хоси “Фараж”.

Тошканд-Андиҷон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here