Дасти “Шериф” аз кишвари Молдова дар Лигаи чемпионҳои футболи Аврупо навдаста аст, аммо бо азимдастаҳои ин мусобиқа коре мекунад, ки ногуфтанӣ. Ҳангомаи навбатӣ дар иҷрои ин даста шоми дирӯз буд, ки мухлисони футболро ҳайратзада кард.

“Шериф” дастаи чемпиони футболи Молдова ин мавсим тавонист, ки ба даври гуруҳии Лигаи чемпионҳо роҳ ёбад. Ин даста дар қуръакашии гуруҳӣ дар як гуруҳ бо азимдастаҳои “Реал Мадрид” (Испания), “Интер” (Италия) ва “Шахтёр” (Украина) номнавис шуд. Касе шояд то оғози бозиҳо ба будани ин даста дар ин гуруҳ аҳамият надода бошад, аммо баъд аз бозии “молдавиҳо” бо “Шахтёр”, ки бо натиҷаи 2:0 пирӯз шуданд, бисёриҳо дар бораи ин даста гап мезаданд.

Дишаб ин даста ҳангомаи навбатиро кард ва “Реал”-ро дар майдони худаш шикаст дод. Ҳисоби ин бозӣ бо натиҷаи 2:1 бар нафъи “Шериф” шуд. Голи якуми “Шериф”-ро футболбози ӯзбекистони Ҷасур Яхшибоев ва голи дуюмашро люксембургӣ Себастян Тилл заданд. Зимнан, дар ҳайати “Шериф” дар ин бозӣ ҳам ягон бозигари маҳаллӣ аз Молдова набуд, ҳама легионерҳо буданд.

Ҳоло “Шериф” бо 6 имтиёз дар гуруҳи D пешсаф аст. Дар бозии дигар “Шахтёр” дар майдони худ бо “Интер” мусовии бидуни гол кард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь