Маротибаи дуюм аст, ки танҳо дар моҳи сентябр, Созмони байналмилалии муҳоҷират – Оҷонси муҳоҷирати Созмони Милал (СБМ) дар ҳамкории наздик бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бозгашти наздик ба 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат карданд.

Гурӯҳи нави муҳоҷирони тоҷик, ки дар гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дармонда буданд, 17-уми сентябр, баргаштанд. Ин ибтикорро Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд. Ин амалиёти интиқол бо ёрии молии Подшоҳии Норвегия сурат гирифт.

Аз оғози маҳдудиятҳои марбут ба бемории фарогир, Созмони байналмилалии муҳоҷират ба бозгашти наздик ба 2500 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон тавассути Узбекистон ба ватан мусоидат кардааст. Дар ин миён, занону кӯдакон, муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯён низ ҳастанд, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон ҷамъ омада буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь