Яке аз соҳибқаламони тоҷики самарқандӣ Муайяна Хоҷаева ба синни мубораки 80 расидааст. Ба ин муносибат вайро раиси Иттиҳодияи эҷодии журналистони Ӯзбекистон Олимҷон Ӯсаров, раиси бахши вилояти он Фармон Тошев, ҳамчунин як гурӯҳ шоирону нависандагон ва журналистон муборакбод намуданд.

Маълум шуд, ки ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов як рӯз пеш ба ҳузури Муайяна Хоҷаева омадааст. Вай дар даст “Ифтихорнома” доштааст ва бо худ савғотиҳои зиёд низ оварда будааст.

– Ман аз ин ташрифи Эркинҷон Турдимов хеле хурсанду хушҳол ҳастам. Гап сари савғотиҳо намеравад. Ҳокими вилоят бароям таманниёти беҳтаринро ироа карданд. Дар даҳсолаи охир бори нахуст рӯзи 6 июл, ки рӯзи ба дунё омадани ман мебошад, ба рӯзи хотирмону гуворо табдил ёфт, – мегӯяд бо эҳсос ва ҳаяҷони зиёд Муайяна Хоҷаева.

Вай 6 июли соли 1941 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаб дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил кардааст. Чанд сол дар рӯзномаи “Овози тоҷик”, ки солҳои пеш ба номҳои “Ӯзбекистони сурх” ва “Ҳақиқати Ӯзбекистон” низ нашр мешуд, дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст.

– Аввал ба ҳайси тарҷумон ба кор пазируфта шудам. Баъд ходими адабию мудири шӯъба шуда кор кардам. Дар бахши тоҷикии радиои ҷумҳурӣ ба сифати наттоқ ифои вазифа намудам. Вақте ки ба Самарқанд баргаштам, дар шӯъбаи тоҷикии шабакаи СТВ маро муҳаррир тайин карданд, – ёдовар мешавад Муайяна Хоҷаева.

Ҳаёт баъзан бо ташвишҳои ногаҳонии худ касро дилхун месозад, дилашро аз ин дунё сард мекунад. Апаи Муайяна аввал писари 31-солаашро аз даст дод. Баъд духтари 42-солааш фавтид. Дар пайи он шавҳараш дар синни 60 ин дунёро падруд гуфт. Бо вуҷуди ин, вай то тавонист худро ба даст гирифт ва устуворона ба ҳаёташ идома дод.

Соли гузашта бемории куруно ба вай сахт таҳдид карда буд. Ин бемории хатарзо мехост ӯро аз по афтонад, аммо дар давоми ду моҳи пурра вай бо ин беморӣ дар набард шуд ва саломаташро барқарор кард. Маҳз иродаи қавӣ вайро пирӯз кард ва нагузошт, ки тӯъмаи ин беморӣ шавад. Пизишкон мегуфтанд, ки қисми зиёди шушаш аз байн рафтааст. Аммо тақдир ӯро умри дубора бахшиду аз бемористон ба хона баргашт.

Муайяна Хоҷаева-ин қаламкаши моҳири самарқандӣ муаллифи китобҳои “Биҳишт бошад Ватанам”, “Армуғони Васлӣ”, “Тоҷи шараф” ва “Матонат” мебошад.

– Соли 1992 бароям соли аз ҳама фаромӯшнопазир мебошад. Вақте ки фармони Раисиҷумҳур дар бораи ба унвонҳо сазовор шудани як гурӯҳ аҳли қалам содир гардид, дар миёни сарфарозшудагон номи худро дида боварам наомад. Ҳамон сол тибқи ин фармон соҳиби унвони “Журналисти шойистаи Ӯзбекистон” шудам,-мегӯяд бо ифтихор Муайяна Хоҷаева.

– Ҳар сол маҳз дар ҳамин шабу рӯз ба апаи Муайяна Хоҷаева сим мезанам ва он касро бо зодрӯзашон табрик мегӯям. Апаи Муайяна ба як гурӯҳ журналистони тоҷик, ки ҳоло дар “Овози оҷик” ва радиову телевизиони ҷумҳурӣ кор мекунанд, ҳақи устодӣ доранд. Замони ба кор омаданам Муайяна Хоҷаева аллакай яке аз журналистони ботаҷрибаву кордидаи рӯзномаамон муаррифӣ мешуданд. Он кас ба ман барин ҷавонони рӯзнома дарси маҳорату малака мегузаштанд, – мегӯяд сардабири рӯзномаи “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Кормандони МТЖТ, ҳафтавори “Фараж” ва вебсайти интернетии он Муайяна Хоҷаеваи  самарқандиро бо 80-умин солгарди таваллудашон самимона шодбош мегӯянд ва ба он кас аз даргоҳи Худованди бузургу мутаъол тандурустӣ ва умри дароз таманно мекунанд. Зодрӯз муборак бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь