(мулоҳазаҳо фақат аз ду банди нахусти «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ»)

Чунин оғоз мешавад ин санад:

«Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

  1. АЛИФБО, ТАРТИБ ВА НОМИ ҲАРФҲО»

Дар ин унвон вожаи АЛИФБО нохудогоҳона забт шудааст ё ки мусаннифон фарқе миёни Алифбову Алфавитро нодида гирифтаанд. Зеро бо ирояи ҳуруф, ки ҳамагӣ сирилликанд, ба ҷуз ном, нишоне аз Алифбо ва Алифу Бои он нест. Ин на «Алифбо», балки Алфавит аст, дар силки сириллик, ки аз урусӣ таҳмили мо шуда. Ба ҷойи Алифу Бо-и форсӣ ба мо аз А ва Б-и сириллик ривоят шудааст.

Дар идома ин ҷумла:

«1. Алифбои забони тоҷикӣ 35 ҳарф дорад:».

Чун ин санад пеш аз ҳама илмӣ аст, бояд ҳуққаи илм бо мантиқи қавию басти илмии муҳкам риоят гардад, чунонки вожаи АЛИФБО гӯиё бар мабнои илм зикр шудааст, вале як фиреби назар аз сӯи нигорандагон ба назар мерасад. Зеро куҷост Алиф дар ин алифбо? Посух ҳам мисле сода аст, ин дабири сириллик аст. Аммо агар сириллик аст, пас чиро ба ҷойи Алифбо, Алфавит оварда нашуда? Алифбо, ки А надорад, ҳарфи Алиф дорад, ки қомусҳои муътабар то бистучанд банд ба шарҳу тавзеҳи паҳлуҳои Алиф пардохтаанд.

Ва мехонем:

«… Йй Кк Ққ Лл Мм Нн

йот ка қе ле ме не»

Дида мешавад, дар зери ҳарфи Й номи он ЙОТ омадааст, ки дар сириллики русӣ И-и кӯтоҳ (и кра́ткое, и неслоговое). Дар дабираи форсии аҷдодӣ Й ва Ё-и сириллик бо ин ҳарфанд: ی. Ҳоло ин Й чиро ЙОТ бошад ва ЙОТ худ чист?

Дар маънидоди ҳуруфи К, Қ, Л. М, Н агар малеҳ гӯем, лойандова шудааст, ин тавр: «ка қе ле ме не». Аз кай навишти мо КА дошт? Ё ки « қе ле ме не»? Магар ба суннати ҳазорсола гуфтани КОФ ҚОФ ЛОМ МИМ НУН мояи шарм аст? Ё ки ҳазар мекунем, ё фармуш кардаем ва ё ки бехабарем аз номи ин ҳуруфи аслии хеш?

Бояд фишурда гӯям, ки тафсилоти ин санад достони Ҳазору як шаб аст.

Таваҷҷуҳро ба як ҳарфи дигари нестандарҷаҳон маътуф медорам, ки раҳнамоҳои имло ба мо пешкаш кардаанд, ин гуна: «Ъ ъ – сакта(?!)» Суол: аз кай боз САКТА ҷузве аз ҳуруфи мо гаштааст? Бо кадом мантиқу бо кадом дониш САКТА?? Магар ин ҳарфи ЪАЙН нест?

Фарҳангҳои муътабаре чун “Ғиёсу-л-луғот, “Луғатномаи Деҳхудо, “Фарҳанги форсӣ”-и Муҳаммади Муъинро намегӯем, фақат нигаред, имлосозон, ба “Фарҳанги забони тоҷикӣ” (1969): «САКТА سکته: 1. тиббӣ – фалаҷи ногаҳонӣ дар натиҷаи резиши хун ба мағз ва ё баста шудани раги мағз. Мисоли шоҳид оварда шудааст.

  1. адабётшиносӣ. Зиёдатӣ ва ё камии ҳарфе дар мисраъ, ки боиси аз вазн баромадани шеър мегардад (бо мисоли шоҳид)».

Мураттибони ин санад аз номи ин ҳарф – АЙН (ЪАЙН), парҳезу иҷтиноб мекунанд. Саромади адаби навини тоҷикон Садруддини Айнии Бухороӣ бо иҳтиром ба муқаддасоти ъайн АЙНӢ (ЪАЙНӢ) тахаллус кард.

Медонему худро ба нодонӣ мезанем…

Дар банди дувум мехонем –

«2. ИМЛОИ САДОНОКҲО

  1. Ҳарфҳои а, о дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара, об, овоз, бол, бод, доро, тавоно ва ғайра.»

Аҷаб, ин чӣ кашфиёту чӣ нишондод аст? Ҳарфи А ё О дар оғозу мобайну анҷоми калом навишта шавад, боз куҷо монд, ки навишта нашавад, дар зеру дар болояш? Чӣ мехоҳед гуфтан, имлосозон? Мубҳам аст ин ҷумлаатон, балки ноқис. Дигар ҳуруф чӣ – дар оғозу анҷом навишта намешаванд??

Ва ин ҷумла ҳам пояи илмӣ надорад: «- агар калима бо садоноки а (ё йотбарсари я) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -гӣ (-вӣ) навишта мешавад: хонагӣ, бачагӣ, оворагӣ, бечорагӣ, нокорагӣ…»

Хуб, калимаи ПИСТА бо садоноки А тамом шуд, онро ПИСТАГӢ гӯему нависем? Ё ки КАНА, ТАНА, ГУЛДАСТА ва ё ПУШТА ва ё ки КАЛЛА…

Имлосозони рӯзи кишвар навиштаанд: «- агар калима бо садоноки о (ё йотбарсари ё) анҷом ёбад, ҳангоми калимасозӣ пасванди -ӣ навишта мешавад: доноӣ, дороӣ, ошноӣ, тавоноӣ…» Ҳоло, ин алфоз ҳам, ба таъбири имлосозон, бо садоноки О анҷом ёфтанд: ОШКОРО, ДАРОЗО, РОСТО, МУРОСО, ҲУВАЙДО,ЧАЛИПО, КАЛЛАПО,… – чӣ гуна калима созему пасванд -ӣ ро барчаспашон кунем?

Идомаи ҷумлаҳои имлои нав:

«3. Ҳарфҳои у ва ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

1) ҳарфи у дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

– барои ифодаи овози у-и ноустувор: булбул, буз, бузург, шутур, сурх…».

Нуктаи ҷолиб он аст, ки дар алифбои ин таҳрири имло ҳуруф ба ду бахшанд, яке исм доранд, ба монанди йот, ка, қе ле ме… Ва дигаре бе исм, ки ин ду ҳарфи У аз ин беномҳостанд. Ба хотири канда нашудан аз пайванди илмии алифбои ҳазорсолаамон, дар муаррифии ин ду ҳарф мебояст, ба таври фишурда аз вов, вови маъруфу вови маҷҳулу вови маъдула ва замма ёдовар мешуданд ва зимнан, ин ёдоварӣ кори таснифашонро бешакк осонтару зеботар ҳам мекард. Вале имлосозон сабки худро афзал шумурдаанд, ки ба ҳич ваҷҳ ёд наовардан аз алифбои ҳазорсолаву такя кардан ба дабираи бегонаи таҳмилӣ. Ва ин таъбирро меоранд: «- барои ифодаи овози у-и ноустувор(?): булбул, буз, бузург, шутур, сурх…».

У-и ноустувору устувор(?) чӣ бошад, хабаре нест.

Ин мулоҳазаронӣ низ (идомаи ҳамин бахш) илмӣ нест: «- дар ҳиҷои аввали калимаҳои тоҷикӣ пеш аз ҳарфи ҳ: Суҳроб, нуҳ, куҳна…». яъне, манзур бояд таъкиди ин нукта бошад, ки дар ҳар ҳиҷои кӯтоҳ, ки У дорад! Инро дар алифбои собити ҳазорсола бо эъроби ЗАММА ضمه ишора мекарданд.

Инҷо бояд боз ҳамон нуктаи муҳимм ёдоварӣ шавад: то он дам ки сириллики таҳмилии бегона дар донишу адаби мо сояи наҳс дорад ва то даме ки дубора ба алифбои аҷдодии илмпарвари хеш барнагардем, ин дарҳамбарҳамию сардаргумӣ нест нахоҳад шуд! Алифбои форсии аҷдодӣ қолиби гаҳварини забони модарии мост, собиту илмию мантиқию устувор! Ва Алфавити сириллики аҷнабӣ алафи бегонаест дар бӯстони хираду донишу адаби миллии мо!

Аз чӣ бошад, мусаннифони ин санад вонамуд кардаанд, ки аз алифбою сарфу наҳви классикии мо, ки ба арабӣ пайванд мехӯрад, ё огоҳӣ надоранд, ё ки дониста мухотабонро ба мағлата меандозанд. Ҷумлаи онҳо:

«- дар калимаҳои иқтибосии арабӣ: таваҷҷуҳ, таҷаммуъ, таматтуъ, тарашшуҳ, тазарруъ, таваққуъ, табарруъ, муҳтарам, муҳлат, шуъба, шуъла, муъмин, суҳбат, уҳда ва ғайра» (У навишта мешавад).

Дар ин намунаҳо замма ва вови маъруф омехта (مومن شعله) шудааст. Ва ин У-е, ки онҳо дар боби алфози тоҷикӣ овардаанд, ба ин У-и алфози арабӣ тафовут дорад. У-и аввала бо ҳиҷои кӯтоҳ аст (замма, ки дар ҳарду забон – порсию арабӣ корбурд дорад), ин У (дар ҳиҷои дароз) дар мавриди арабӣ, вови маъруф аст. Тамоми калимаи арабии бо ҳиҷои дароз бо ҳамин У ҳаст – вови маъруф (мавзуъ, маъруф, Мусо, Нуҳ, суфӣ, муъмин). Ва дар арабӣ вови маҷҳул – Ӯ, вуҷуд надорад. Вови маҷҳул хосси забони форсӣ аст, ки акнун дар гӯйиши бархе аз варорӯдиён боқӣ мондааст. Ин нукта агар ёдоварӣ мешуд, чунин ҷумлаи омиёна намеомад:

«2) ҳарфи ӯ дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

– барои ифодаи овози ӯ-и устувори дароз: кӯҳ, рӯз, гӯш, рӯд, дӯст, пӯст ва ғайра;

– дар ҳиҷои дуюми калимаҳои навъи фурӯғ, дурӯғ, гурӯҳ, шукӯҳ, афрӯз ва ғайра…».

Ин ҳам муште аз харвор аз ин санади расмӣ…

Обид Шакурзода

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

  1. Таҳлили хубу баҷост, ки Обид Шакурзода анҷом додааст. Аммо агар ин қоидаи имло ба дасти мо-тоҷикони Ӯзбекистон расад, намедонем чи вокунише дар муқобили он нишон диҳем. Магар ин масхараи илм ё соҳибони ин забон нест, ки “олимони забоншинос” офаридаанд? Олимони соҳаи забоншиносии тоҷик куҷоянд ва чаро худро дар канор мегузоранд. Онҳо бояд вориди баҳс шаванду қилро аз хамир ҷудо кунанд. Вагарна, мо раҳгум хоҳем зад ва писханди дигарон қарор хоҳем гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь