Шӯъбаи робита бо ҷомеаи Департаменти давлатии ИМА дар сафорати Амрико дар Душанбе, бо камоли хушнудӣ аз имконияти пешниҳоди грантҳо ба сафорат ҷиҳати таҷлили 30-умин солгарди равобити Амрико ва Тоҷикистон, аз тариқи чорабиниҳои видеоӣ ва рушди маҳорати рӯзноманигорони ҷавон, хабар медиҳад. Барномаи мазкур барои ҳимоят аз тавсеаи расонаҳо ва имкониятҳои журналистикаи рақамӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.

Имконияти маблағгузории кунунӣ ба иҷрои вазифаҳои зерин равона шудааст: 1. Ташкили сафарҳои ҳисоботӣ барои рӯзноманигорон, рӯзноманигорони худфаъолият ва блоггерҳо ба сайтҳои барномаҳои кӯмаки Ҳукумати ИМА берун аз Душанбе, 2. Омӯзиши рӯзноманигорони худфаъолият дар таҳрири видео, аксбардорӣ ва бастабандии мундариҷаи рақамӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ, 3. Сабт ва таҳрири силсилаи видеоҳо, ки муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистонро дар 30 соли охир инъикос мекунад, 4. Истеҳсоли филми мустанад дар мавзӯи муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон.

Маблағи грант аз 20 ҳазор то 40 ҳазор доллар буда, барои лоиҳаҳои аз 6 то 8 моҳа пешниҳод карда мешавад. Ҳамаи дархостҳо бояд то 13 июни соли 2021 ба суроғаи: GrantProposalsDushanbe@state.gov ирсол шаванд.  Пешниҳод набояд аз 12 (дувоздаҳ) саҳифа бештар бошад.  Дархосткунандагон ҳангоми таҳияи дархости худ бояд ба ҳадафҳои Шӯъбаи равобит бо ҷомеа, самтҳои афзалиятноки барнома ва мухотабони мақсаднок диққати бештар диҳанд.

Аз соли 1992 то кунун Ҳукумати ИМА барои рушд ва таъмини амнияти Тоҷикистон, 1,8 млрд доллар кумак ҷудо кардааст. Дар баробари ин сафорати ИМА дар Душанбе ҳазорҳо чорабинӣ ва барнома барои наздик кардани мардуми ду кишвар баргузор кардааст. Ҳадафи лоиҳа муаррифии баъзе аз ин достонҳои мусбат ва рушди маҳорати рӯзноманигорони ҷавон дар ин раванд аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here