Баъди чандин муддатҳо ин субҳ дар осмони Панҷакент садои ҳавопаймое баланд ва баъдан худаш намудор шуд. Кудакони муддате чанд парвози ҳавопайморо надида, давон ба кучаҳо баромада, онро бо завқ тамошо кардаву аз дидани ҳавопаймо хурсанд мешуданд.

Ҳавопаймо баъди як маротиба осмони шаҳри Панҷакентро давр задан ба майдони ҳавоии он фуруд омад. Бо ҳамин ҳавопаймо сафири сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ба шаҳри Панҷакент омад.

Ҳадаф аз ташрифи сафир оғоз бахшидан ба Лоиҳаи барқарору азнавсозии Панҷакети қадим ва дидани лоиҳаҳои дигари дар шаҳри Панҷакент амалкунанда, ки аз ҷониби сафорат сарпарастӣ мешавад ,низ буд.

Ҷаноби сафирро дар фурудгоҳи шаҳри Панҷакент муоваини  раиси  шаҳр Хисрав Дустбойзода пешвоз гирифта, эшонро бо ҳамроҳонаш ба Саразми куҳанбунёди  5500-сола роҳбаладӣ кард. Дар Саразми бостон сафирро раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ Санавбар  ҳамроҳӣ намуд.

Пас аз шиносоӣ бо шаҳраки қадимаи Саразм ва мадракҳои он раиси шаҳри Панҷакент бо сафири Амрико дар маҷлисгоҳи Саразми бостон бо баргузории як маҷлиси корӣ масоили ҳамкориҳои минбаъда ва амалишударо баррасиву баҳогузорӣ карданд.

Пас аз анҷоми ҷаласа сафири Амрико тавассути дучарха аз Саразм то ба мавзеи Панҷакенти қадим, ки тақрибан 12 километр роҳро дар бар мегирад, раҳсипор шуд. Дар мавзеъи ҳафриёти Панҷакенти қадим сафир бо ҳамроҳон ва муттахассисон Лоиҳаеи барқароркунӣ ва ҳифзи ёдгориҳои ҳафриёти Панҷакенти қадимро муариффӣ карда, бо муовини раиси шаҳр ҳусни ифтитоҳ бахшиданд.

Лоиҳаи мазкур аз суи Барномаи Хазинаи Сафирони ИМА оид ба ҳифзи мероси фарҳангии сафорати Амрико сарпарастӣ ва маблағгузорӣ мешавад. Ҷаноби сафир қайд кард, ки ҳоло барои амалӣ шудани ин Лоиҳа ва ҳифзу барқарор намудани ҳафриёти Панҷакенти қадим 186 ҳазор доллари ИМА ҷудо ва кор оғоз шудааст.

Баъди ошноӣ бо ҳафриёти Панҷакенти қадим Ҷон Марк Поммершайм аз осорхонаи Панҷакенти қадим дидан намуда, ба мадракҳои он баҳои баланд дод.

Дар идомаи сафар Помершайм ба рустои Панҷрӯд омада, аз мақбараи падари шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳ  Рӯдакӣ боздид ва дар ин макони аҳли шеъру адаб бо зиндагинома ва мероси адабии устод Рудакӣ шинос шуд. Баъдан, ҷаноби сафир аз осорхона ва  китобхонаи ин мавзеъи таърихӣ дидан намуда, китоберо ба ҳайси хотира ва эҳтиром аз ин макони муқаддас ҳадя кард.

Дар рӯзи дуввуми  сафари хеш ҷаноби Поммершайм  аз рафти иҷрои дигар лоиҳаҳо дар шаҳру деҳоти Панҷакент дида карда, пас аз баррасиҳо хулосабарорӣ ва баҳои хуб дод.

Дар охир ҷаноби сафир Ҷон Марк Поммершайм дар Маркази Амрикои шаҳри Панҷакент бо журналистон нишасти матбуотӣ баргузор карда, дар оғози нишаст дар бораи ҳадафи  нахустсафараш ба шаҳри бостонии Панҷакент, таассуроташро муфассал баён карда, нисбати забони англисиро хуб донистани муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ва макотиби оливу коллеҷу литсейҳо изҳорӣ қаноатмандӣ кард ва баҳои баланд дод.

Баъдан ба суолҳои журналистон посухҳои мушаххас  дода, умед бар он намуд, ки рӯзноманигорон дар таҳкими муносибату ҳамкориҳои Тоҷикистону Амрико ва амалишавии лоиҳаҳо нақши муносиб хоҳанд гузошт.

Шоҳин Облоқулзода,

махсус барои «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here