Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ) ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Исфара ба фаъолияти як нонпазхона ҳусни оғоз бахшиданд. Ин шашумин нонпазхонаест, ки БОҶ дар вилоят бо маблағгузории Федератсияи Русия таъмир ва бунёд кардааст.

Дар маросими ифтитоҳӣ намояндагони БОҶ, Консулгарии генералии Федератсияи Россия дар вилояти Суғд ҳамроҳ бо масъулини вилояти Суғд ва шаҳри Исфара ширкат доштанд. Ҳамчун як қисме аз Барномаи ғизои мактабӣ, нони гарм аз ин нонпазхонаҳо ба зиёда аз 90,000 хонандаи синфҳои ибтидоӣ дар 270 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки БОҶ дастгирӣ менамояд, расонида мешавад.

«Ба туфайли дастгирии молиявии Федератсияи Россия ва дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи ғизои соҳавии Россия мо тавонистем таъмир ва сохтмони нонпазхонаҳоро ба анҷом расонем. Технологияи пешрафта ва таҷҳизоти нав маънои онро дорад, ки нонро акнун метавон зудтар, арзонтар ва бо сифати беҳтар омода кард. Чунин сармоягузориҳо на танҳо ба саломатӣ ва инкишофи кӯдакон мусоидат мекунанд, балки барои мардуми маҳаллӣ ҷойҳои кории бештарро фароҳам меоранд, ки ба зиндагии онҳо мушкилоти мавҷудаи иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар таъсир мерасонанд,» иброз дошт иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуан Ҷи (Анҷи) ЛИ.

Дар саросари кишвар, БОҶ дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ҳамагӣ ҳашт нонпазхонаро таъмир ва бунёд намудааст, 114,000 хонандаи 340 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро бо нони гарм таъмин хоҳанд намуд. Нонпазхонаҳо дар ноҳияиҳои Ёвон ва Панҷи вилояти Хатлон, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, шаҳрҳои Истаравшан ва Исфараи вилояти Суғд, фаолият доранд.

Ғизодиҳии мактабӣ бузургтарин самти фаъолияти БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки 2,000 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дар 52 шаҳру навоҳии кишварро фаро мегирад. Барои бисёр оилаҳо ва ҷамоаҳои осебпазир ғизои солим ва серғизо дар мактаб аксар вақт ягона манбаи боэътимоди ғизонокӣ барои фарзандонашон мебошад. Далелҳо нишон медиҳанд, ки ғизои мактабӣ ба беҳтар шудани ғизонокӣ, беҳтар шудани саломатӣ ва инчунин дастрасии кӯдакон ба таҳсил мусоидат мекунад.

Аз соли 1999 инҷониб, Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил додани системаи миллии ғизои мактабӣ ҳамкорӣ менамояд. Ин ӯҳдадории устувори БОҶ оид ба тағйир ва беҳтар намудани зиндагии аҳолии кишварро инъикос менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here