Шоми дирӯз Узбекбӣ Асадуллоева – модари ҳамсари президенти Тоҷикистон Азизамоҳ Асадуллоева ва раиси раёсати «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода дар синни 88-солагӣ дар Душанбе аз дунё даргузашт.

Пештар расонаҳо навиштанд, ки Узбекбӣ Асадуллоева дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерология дар Душанбе бистарӣ аст.

Намози ҷанозаи ӯ субҳи имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор шуд.

Кормандони Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз марги модари Ҳасан Асадуллозода андуҳгин буда, ба ӯ ва дигар пайвандонаш ин талафотро таслият мегӯянд. Макони модар биҳишт бод!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь