Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон аз соли 2018 то шашмоҳаи соли ҷорӣ 284 бинову иншоот, корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфтаанд.

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов

Раиси ноҳияи Вахш Қурбон Юсупов дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳия 342 бинову иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд.

Ӯ афзуд аз ин иншоот 100 адад дар соли 2018 бо 267 ҷойи нави корӣ, дар соли 2019-ум 84 иншоот бо 150 ҷойи нави корӣ, дар соли 2020-ум 71 иншоот бо таъсиси 91 ҷойи нави корӣ ва дар шаш моҳи соли ҷорӣ 29 иншоот бо 38 ҷойи нави корӣ бунёд карда шудаанд.

– Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бо маром идома дорад, – афзуд раиси ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь