Имрӯз раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва раисони чанде аз шаҳру ноҳияҳои ин вилоят ба вилояти Сурхондарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар карданд.

Дар ин ҳайат, ки роҳбариашро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба уҳда дорад, раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ширкатҳо ва доираҳои соҳибкорӣ шомиланд.

Раиси вилояти Хатлон ва ҳамроҳонаш аз Минтақаи озоди иқтисодии «Термиз», минтақаи озоди тиҷоратии «Маркази байналмилалии тиҷоратии Термиз», маркази байналмилалии логистикии «Термиз Карго Сентр» дидан карданд.

Қарор аст, ки тайи ду рӯзи оянда раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ширкатҳои истеҳсолию тиҷоратии Хатлонзамин аз корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори дигари Сурхондарё боздид намуда, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ монанд.

Қобили зикр аст, ки миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Сурхондарёи Ӯзбекистон соли 2018 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Имрӯз ҳаҷми мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар муқоиса бо соли 2015-ум 30 маротиба афзуда, роҳбарони ду мамлакат вазифагузорӣ кардаанд, ки гардиши тиҷоратиро ба 500 миллион доллари амрикоӣ ва дар дурнамо то як миллиард доллар расонанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here