Раиси  раёсати БДА ҶТ “ Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ  зимни нишасти матбуотӣ сабаби навбатпоии шаҳрвандон дар назди банкоматҳои бонкро зиёд шудани нафақагирон ва ҳаҷми маош гуфт.

Ба гуфтаи мавсуф, айни замон 284 адад банкоматҳо фаъоланд.

— Мо тасмим гирифтем барои барҳам додани камбудӣ 100 банкомат харидорӣ кунем, то мардум бидуни мушкил маблағҳои худро саривақт дастрас кунанд. Дар рӯзҳои наздик сад адад банкомато дар ҷойҳои ба нақша гирифташуда насб карда хоҳанд шуд, — гуфт раиси бонк.

— Қайд кардан бамаврид аст, ки дар як шабонарӯз 400 мизоҷ аз хизматрасониҳои банкомат истифода мекунанд. Агар шаҳрвандон ҳамагӣ дар як рӯз аз банкоматҳо истифода накунанд, банкоматҳо ба кулли шаҳрвандон басанда аст.  Акнун савол ба миён меояд, ки кӣ маблағашро нагирифт? Аз рӯи санҷишҳо ба мо маълум гардид, ки бинобар сабаби он, ки ҳамаи шаҳрвандон дар як рӯз барои гирифтани маблағҳои худ меоянд, талабот зиёд мешавад  ва техникаҳо имконияти дар як рӯз таъмин кардани ҳамаи шаҳрвандонро надоранд. Чанд намуди хизматрасонии муосирро “Амонатбонк”  ба шаҳрвандон пешниҳод кардааст, ки шаҳрвандони мо метавонад, вақти худро сарфа намуда, маблағҳои худро дастрас намоянд, — афзуд ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here