Прокурори вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим кушотри беҳрамонаи чор узви  оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлонро зимни нишасти хабарии рӯзи 22 илюли соли ҷорӣ шарҳ дод.

Прокурори вилояти Хатлон Раҳимзода Абдураҳим

— Тафтишот муайян кард, ки шаби 11 ва 12-ум июни соли 2021 шахсони номаълум вориди манзили истиқоматии шаҳрванд Маҳмадов Аҳлиддин Рустамович, воқеъ дар ноҳияи Ҷайҳун, ҷамоати деҳоти Қумсангир, деҳаи Меҳнатобод гардида, ба завҷаи номбурда Латофат Азизова, фарзандони ӯ  Саломатхон, Саодат, Алиҷон Маҳмадоваҳо ва Маҳмадзода Ширифҷон бо истифода аз предмети тезу бурандаи ба табар монанд ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ расонида, бо истифода аз маводи сӯзишворӣ ду ҳуҷари хобро оташ задаанд, — гуфт А. Раҳимзода.

Гуфта шуд, ки бо сабаби пӯшида будани дари ҳуҷраҳо ва нарасидани ҳаво сухтор аланга нагирифта, хомӯш шудаст. Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷа Саломат, Саодат, Алиҷон Маҳмадоваҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд. Аҳлиддин Маҳмадов дар беморхонаи марказии ноҳияи Ҷайҳун ба ҳалокат мерасад.

Прокурор шаҳр дод, ки Азизова Латофат ва  Маҳмадзода Ширифҷон дар беморхонаи марказии ноҳия дар ҳолати вазнин бистарӣ карда мешаванд.

Дар асоси хабари воридшуда ба ҷойи ҳодиса муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гуруҳи кории Прокуратураи генералӣ, намояндагони Прокуратураи вилоят, кормандони прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун гуруҳи тафтишотии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун, ҳозир гардида, амалҳои аввалиндараҷаи санҷиширо гузарониданд.

Ба гуфти А.Раҳимзода бо парвандаи ҷиноятии мазкур гуруҳи оперативии тафтишотии аз ҳисоби кормандони прокуратура ва Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилояти Хатлон созмон дода шуда, фаъолияти он зери назорат қарор дорад. Айни замон тафтишот идома дошта, то ҳол аз тарафи кӣ содир шудани куштор пурра муайян карда нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here