Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ифтитоҳи чанд иншоот, шиносоӣ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ба водии Рашт рафтааст. Дар ин бора Хадамоти матбуотии президент хабар дод.

Гуфта мешавад, ки сафари кории президент аз ноҳияи Сангвор оғоз гардидааст, ки бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор додаанд.

Бинои аз ду ошёна иборат буда, дар масоҳати 540 метри мураббаъ сохта шуда, 29 ҳуҷраи корӣ дошта, 120 ҷойи нишаст доштааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо шароити муосири кору фаъолият дар бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, иншоотро туҳфа Ҳукумат дар рӯзҳои таҷлил аз 30-солагии Истиқлол давлатии барои тамоми кормандону сокинони ноҳия маънидод кардааст.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар водии Рашт идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь