Имрӯз раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино Абдухалил Холиқзода дар робита ба мавҷи сеюми вируси SARS COV-19 ва штами Делтаи он ибрози назар кард, ки онро пешкаши хонандагон мегардонем.

«Дӯстони гиромӣ, аз сабаби он ки суолҳои зиёде ба паёмрасонҳои мо ворид мешаванд ва дар фазои расонаӣ иттилоъ хеле маҳдуд аст, мо тасмим гирифтем, ки ба онҳо дар ин ёддошт ҷавоб гӯем. Ин ёддоштро ман, раиси ҳайати мудирони Бемористони Ибни Сино дар ҳамкорӣ бо пизишкони ин бемористон менависам. Бояд арз шавад, ки банда мутахассиси соҳа нестам. Иттилоъе ки арз мекунам аз чанд сарчашма об мехӯранд. Пеш аз ҳама мо бо ҳамкоронам дар ин бемористон иттилоъи вобаста ба вируси SARS COV-19 ва бемории Covid-19-ро пайваста дунбол мекунем. Бо бемористонҳои тахассусии табобати ин беморӣ дар тамос ҳастем, ва ҳамкорӣ мекунем. Ғайр аз ин устодони эронии риштаҳои тахассусии бемористон низ пайваста аз таҷриба ва навгониҳои табобати ин беморӣ моро мутталеъ месозанд. Дар ниҳоят шабакаи интернет имкон медиҳад ба сайтҳои тахассусӣ ба забони русӣ дастрасӣ дошта бошем. Иттилоъе, ки имрӯз арз мешавад, ҳосили фишурдаи заҳмати ҳамкорони гиромии ман ва мутолеъоти ҳамин сарчашмаҳост.

Вазъ

Инак, мо дар Тоҷикистон имрӯзҳо даргири мавҷи сеюми пандемӣ ҳастем. Бояд ёдовар шавам, ки мавҷи аввалро мо дар охири баҳор ва мавҷи дуввумро дар тирамоҳи соли гузашта гузаронда будем. Мавҷи сеюм ба тобистони имсол рост омад ва пеш аз ҳама тамоми фарзияҳои ба фаслҳои сол ва гармиву сардӣ рабт надоштани шуюъи вирусро бармало кард. Яъне ин вирус дар ҳар иқлим ва минтақаи дунё як хел паҳн мешавад, ба гармиву сардӣ ва намиву хушкӣ коре надорад.

Мутаассифона, ҳақиқат ин аст, ки касоне, ки дар ин мавҷ бемориро вазнин мегузаронанд ва ё ҳатто ҷони азизашонро аз даст медиҳанд, касонеанд, ки қаблан, дар мавҷҳои аввал ин бемориро нагузарондаанд ва воксан ҳам нагирифтаанд, дар ҳоле ки фурсати кофӣ барои воксанзанӣ шуданашон мавҷуд буд. Ба исрори коршиносони эпидемиолог танҳо роҳи пешгирӣ аз мубтало шудан ба ин беморӣ воксанзанист! Мо дар ин ёддошт мехоҳем ба исрор таъкид намоем, ки ҳар нафаре ки бемориро аз сар нагузарондааст, бояд талош кунад, ки дар аввалин фурсат ва имконият воксанзанӣ шавад.

Штами Делта

Мавҷи ҷорӣ хеле сахттар мегузарад. Сахтии ин мавҷро коршиносони соҳа ба штами нави он бо номи Делта, ки бори аввал дар Ҳинд ба қайд гирифта шуд марбут медонанд. Ба назари коршиносон ин штам гузарандагии зиёд дорад ва дар шахсони нисбатан ҷавон бемории вазнин ба бор меорад. Аломатҳои беморие, ки бар асари штами Делта зоҳир меёбанд, низ каме фарқ доранд. Агар дар мавҷҳои қаблӣ беморӣ бештар аз гум кардани бӯй, мазза ва сулфа оғоз мешуд, акнун бештар бо исҳол (шикамравӣ) ва дарди гулӯ оғоз мешавад ва хеле вазнин мегузарад. Аломатҳое, ки мутахассисон дар беморони кишварамон мушоҳида мекунанд, бозгӯи он аст, ки ҳамин штами Делта дар кишвари азизамон бедод мекунад. Шиносоии штамҳои вирус кори озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо микроскопҳои бузург ва мутахассисони варзида аст, шак дорам, ки мо дар кишвар чунин озмоишгоҳ дошта бошем, вале ба ҳар ҳол эҳтимоли он ки штами Делта сабаби сахт шудани ин мавҷ аст, болост.

Хабари хубе, ки дар бораи штами Делта ироа мешавад, ин аст, ки касоне ки бар асари штамҳои қаблӣ — Алфа, Бета, Гамма ва ғайра бемориро аз сар гузаронида масъуният ҳосил кардаанд, ба ин штамм низ муқовиманд. Вале коршиносон аз ҷаҳишҳои пайдарпайи ин вирус нигаронанд ва хавф доранд, ки шояд як ҷаҳиш вирусро ба ҳадде тағйир диҳад, ки масъунияти қаблӣ онро нашиносад. Рӯзи 14 июн дар Ҳинд штами Делта+ ошкор гардид, ки боз ҳам хатарноктар аст ва фарзияи имкони ҷаҳишҳои даҳшатноки ин вирусро таъйид мекунад. Дар ин ҳол инсоният боз ба марҳилаи аввали пандемӣ баргаштанаш аз имкон дур нест. Барои пешгирӣ аз ҷаҳишҳои мудҳиши ин вирус бояд ҳарчи зудтар шумори бештари одамон воксанзанӣ шаванд!

Бепарвоӣ

Чунон ки ба мушоҳида мерасад, аз сабаби он ки одамони бемориро аз сар гузаронида ба штамҳои мавҷуд муқовиманд, ин аксариятро бепарво кардааст. Ин бепарвоӣ ба ду сабаб ҷоиз нест ва хатарнок аст! Аввалан, одамони масъуниятдор ноқили ин вирус буда метавонанд ва бо ин бепарвоӣ метавонанд атрофиёнашонро олуда созанд. Дуввум, ҳамон тавр, ки қайд шуд ин вирус пайваста ҷаҳиш меёбад ва маълум нест, ки масъунияти бадани мо ба ҷаҳиши баъдӣ муқовим буда бошад. Бо ин бепарвоӣ мо метавонем ба ҷони худ ва атрофиён хатар бихарем. Аз ҳамин ду сабаб, коршиносон то тамом шудани пандемӣ риояи қоидаҳои беҳдоштиро аз қабили моск, фосилаи иҷтимоӣ ва шустани пайвастаи дастон бо оби гарму собун шадидан тавсия медиҳанд! Ва исрор меварзанд, ки ҳарчи зудтар шумори бештар воксанзанӣ шаванд!

Воксан

Нафарони зиёд суол медиҳанд, ки кадом воксан беҳтар аст. Мо дар ин мавзӯъ сӯҳбате бо доктор Ораш Алоӣ доштем ва навори онро дар хидмати дӯстон гузошта будем. Ҳар воксане, ки Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Вазорати Тандурустии кишвар таъйид кардаанд, қобили қабул аст. Дар асл ин воксанҳо тарзе сохта шудаанд, ки пораи вирусро бо номи “антижен” ба бадани инсон ворид мекунанд ва системи эмании шахс онро шиносоӣ карда, бар зидди он подтан тавлид мекунад ва муқовим мешавад. Ҳеч сирри хоси дигар надорад.

Одамон паи он мегарданд, ки воксанеро бигиранд, ки титри зиёди подтан тавлид намояд. То ҳол муайян нашудааст, ки марзи поёни титри подтан барои ҳифз аз ин беморӣ чанд аст. Яъне дар ҳоли ҳозир ҳисоб кардани титри подтан ва муддати таъсири воксанҳо корест беҳуда. Ҳар воксане, ки дар дастрас қарор гирифт, бояд онро қабул кард, албатта агар зиддияте барои гирифтани воксан ташхис дода нашуда бошад.

Чаро ду воя воксан мезананд?

Ҳамон тавре, ки тавлидкунандагони воксан эълон кардаанд, ин воксанҳо зарфияти сад дарсадӣ надоранд. Вояи дуюми воксан дарсади муқовимшудагонро боло мебарад ва бадани инсонро муқовимтар месозад. Яъне касоне, ки аз вояи аввал подтан ҳосил накардаанд, дар асари вояи дуюм ба эҳтимоли зиёд масъуният пайдо мекунанд, онҳое ки аз вояи аввал масъуният ҳосил карданд, бештар муқовим мешаванд. Ҷузъиёти зиёди дигар низ дар бораи сохти воксанҳо ва рабти он ба вояи дуюм вуҷуд дорад, ки мо онро барои гиҷ накардани сари хонанда ин ҷо намеорем. Агар ду воя воксанзаниро коршиносон ва тавлидкунандагони воксан тавсия медиҳанд, пас ин беҳикмат нест. Ҳама бояд саъй кунанд, ки дар аввалин фурсат ин ду воя воксанро бигиранд!

Теориҳои тавтеа

Одамон ҳамеша ба ахбори баҳсбарангез аз қабили шоеъоту ғайбат рағбати зиёд доранд. Ҳамин аст, ки ахбори бепоя дар бораи ин вирус ва воксанҳои зидди он хонанда ва тарафдор пайдо мекунад. Рӯйхати дарози ин теориҳоро мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ вомехӯрем. Менависанд, ки “ҳамаи воксаншудаҳо баъд аз ду сол мемиранд”, ё “воксанзанӣ одамонро безуриёт мекунад”, ё “бо ин воксан ба бадани одамон чип ворид мекунанд”.

Хонанда бояд бо як мантиқи содда “биринҷро аз курмак ҷудо созад”. Илми рӯз ҳеч назарияро бе исбот намепазирад. Агар ҷое исбот имкон надорад, ҳадди аққал қиёс мехоҳад. Магар ҳеч воксанзание дар таърих баъд аз муддате ҳама воксаншудаҳоро куштааст ё безурриёт кардааст? Ё чӣ зарурате бар чипзании инсонҳо вуҷуд дорад, вақте мо бе ин ҳам бо ин телефонҳои мобилӣ ва интернет қобили пайгирӣ ва назорат ҳастем?!

Бинобар назари коршиносон ин назарияҳои тавтеаомез ҳеч асоси илмӣ надоранд ва бепояанд! Ҳамон тур, ки зикр шуд, ягона роҳи пешгирӣ аз мубтало шудан ба ин беморӣ воксанзанист! Воксанзанӣ масъулияти ҳар нафар барои коҳиши пандемӣ ва аз пешгирӣ аз олуда шудани атрофиён аст!

Пандемӣ тамом шуданист? Оё ин вирус рӯзе гум мешавад?

Тамом шудани пандемӣ аз ҳар яки мо вобаста аст. Мо бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем, дар аввалин фурсат воксанзанӣ шавем ва саҳми худро дар хотима ёфтани пандемӣ гузорем! Ин вирус гум намешавад, ҳамеша дар камин хоҳад буд. Қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунем, назарияҳои тавтеаомезу бепояро канор гузорем ва аз воксан ҳарос надошта бошем!

Ба умеди саломатии аҳли башар!»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here